Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.04.200816:48

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гернот Эрлер

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Гернот Эрлерроба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби сохторҳои аврупоӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оѓози сўҳбат изҳор дошт: «Олмон, ки дар Аврупо ва ҷаҳон нақши намоён дорад, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамеша мақоми муҳимро доро аст».

Ҷонибҳо аз робитаҳои пайвастаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон, ки аз рўзҳои аввали истиқолияти давлатӣ касб намудани кишвари мо ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои кўмакҳои беѓаразонае, ки ба Тоҷикистон расонда шудааст ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки имрўз аз ҷониби доираҳои ѓайриҳукуматии Олмон амалӣ мешаванд, арзи сипос кард.

Гуфтугўйи судманд атрофи татбиқи босамари Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки ташаббускорони асосии он Ҷумҳурии Федеролии Олмон аст ва оид ба таҳияи консепсияи нави ҳамкориҳои техникӣ, сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки чор самти асосии ҳамкорӣ дар доираи стратегияи мазкур муайян шудааст. Инҳо самтҳои мусоидат ба таҳкими институтҳои давлати ҳуқуқбунёд, мубодилаи олимону донишҷўён, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ ва танзими муносибатҳои сарҳадию мубориза бо гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир аст, ки ҳама барои Тоҷикистон бисёр муҳиманд. Зикр гардид, ки барои татбиқи ин ҳадафҳо беш аз ҳама ба Тоҷикистон давлатҳои Олмон, Фаронса ва Италия дасти кўмак дароз мекунанд.

Ба гуфти Гернот Эрлер Ҷумҳурии Федеролии Олмон омода аст чанд лоиҳаи инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерўгоҳҳои хурди обӣ ва таҷдиди трансформаторҳои нерўгоҳи Норакро маблаѓгузорӣ кунад.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи таҳкими ҳамкории минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бартараф кардани хатари минаҳо дар сарҳади миёни Тоҷикистону Узбекистон ва оид ба равандҳои сиёсати байналмилаӣ табодули назар карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156286