Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.04.200815:48

Намояндаи ваколатдори Суди ноҳияи Сино бо пора дастгир гардид

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шаҳрванд «В» бо ариза муроҷиат намуд, кинамояндаи ваколатдори судии Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нурулло Қосимов бо мақсади ба манфиати ӯ ҳал намудани парвандаи шаҳрвандӣ аз ӯ маблағи 500 доллари амрикоиро ба сифати пораталабкардааст.

Аз сабаби он, ки шаҳраванд дар вақти таъйиншуда маблағи 500 долларро бо худ надошт, ба ивази он Нурулло Қосимов аз ӯ ангуштарӣ, гушвор ва занҷираи тиллоиро то овардани маблағ ба сифати гарав гирифтааст.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ намояндаи ваколатдори судии Суди ноҳияи Сино Нурулло Қосимов дар кӯчаи Маяковский, бинои 40 - солагӣ, дар дохили автомашинаи шахсӣ тамғаи «ToyotaCorolla», рақами давлатиаш ВО 05-55 01 РТ, ҳангомигирифтанимаблағи 500 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд «В» ба сифати пора аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Аз маркази матбуоти Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз тарафи шӯъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба ин кирдори намояндаи ваколатдори судии Судиноҳияи Сино тибқи моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0613:10Сотрудники аэропорта Душанбе сделали подарок жителям столицы
24.0613:04Учителя: опять "клянчим" деньги
24.0608:27МВД сообщило подробности ДТП, в котором погиб Камолиддин Нуралиев
23.0618:49Отец Манучехра: "Моего сына убили или довели до самоубийства"
23.0615:17Учителя стали штукатурами, торговцы – главными инвесторами. Как в Вахдате идет подготовка к празднику


Самое обсуждаемое

23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312536