Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.04.200814:48

Устод Садриддин Айнӣ сипари забони тоҷикӣ буд

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Чанде қабл дар факултети рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии ДДМТ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи«Шинохти осори устод Айнӣ аз нигоҳи имрӯз» баргузор гардид. Конфронси мазкур бо ибтикори кафедраҳои назария ва адабиёти навини форсӣ тоҷикӣ ва услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи мазкур бахшида ба 130- солагии бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ доир шуд.

Дар Конфронс ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Сайидаҳмад Одинаев, фарзанди устод Айнӣ - Камол Айнӣ, устодону шогирдони ДДМТ, омӯзгорону донишмандони дигар донишгоҳҳои олӣ, мухлисону пайравони устод ва наздикону пайвандон ширкат намуда, зимни суханрониҳои худ нақши устод Садриддин Айниро дар ҳифзи забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, гиромидошти фарҳангу осори қадима ва ифтихор аз забони нобу миллати соҳибтамаддун муҳим арзёбӣ карданд.

Тавре садри факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ Сангин Гулов пас аз баргузории конфронс зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт:Ҳадаф аз ташкил намудани конфронсҳои Айнишиносӣ баланд бардоштани савияи дониши шогирдони факулта ва Донишгоҳ, ҳамчунин таҳқиқу омӯзиши ҳаматарафаи бахшҳои алоҳидаи осори гаронқадри устод Садриддин Айнӣ ва тарғиби ҷавонон ба рӯ овардан ба эҷодиёти бою пурғановати ин абармарди миллат аст, зеро тавре мегӯянд, ҳар миллатеро дар миёни дигар қавму миллатҳо фарзандони бузургаш бообрӯтар месозанд.

Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ аз зумраи чунин фарзонафарзандони миллат аст, ки саҳми арзандаи хешро дар самти давлатдории тоҷикон, пешрафти тамоми соҳаҳои илм, адабиёт ва фарҳанги тоҷик хизматҳои бебаҳое кардааст».

           Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ зимни мулоқоти имсолаи худ бо намояндагони аҳли зиёи кишвар саҳми устод Айниро бо эҷоди асарҳои пурмазмунаш дар муаррифии илму адаби миллати тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Сарвари давлат аз ҷумла таъкид карда: «Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Ватан зиёиён бояд мавқеи сиёсии устуворро ишғол намоянд, аз калавандагию бетарафӣ ҳазар кунанд ва ифодагари ормонҳои миллати хеш бошанд. Дар ин маврид ба ёд овардани сухани миллатсози устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-и ӯ кофист, ки мисоли барҷастаи таъсир расондани адабиёт ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон мебошад».

С. Гулов ибрози боварӣ намуд, ки Конфронси мазкур диди нав ва шинохти наве аз устод С. Айнӣ мегардад. Конфронс дар доираи иқдоми факултетҳои журналистика ва филологияи ДДМТ баргузор шуд, ки тайи солҳои зиёде дар хотири мухлисону пайравони устод Айнӣ нақш хоҳад баст. Бояд гуфт, ки устод Айнӣ пешоҳанги муборизони роҳи забони тоҷикӣ буд ва баргузор шудани чунин конфронс як навъ қадрдонии шогирдону пайравони устод дар посух ба ин заҳмату талошҳои ин нобиғаи илму ирфони миллати тоҷик аст.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов Садриддин Айниро чун яке аз асосгузорони услуби публитсистикаи тоҷик унвон кард ва афзуд, ки далели ин гуфтаҳо навиштани як силсила мақолаҳои публитсистӣ аз ҷониби устод дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта аст.

Вай таълифи ин мақолаҳоро ҳамчун дарс барои рӯзноманигорони имрӯзаи тоҷик арзёбӣ кард ва гуфт, хабарнигорони ояндаи мо метавонанд аз ин конфронс маводи бисёр ҷолиберо оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Айнӣ барои худ бигиранд.

Б. Камолиддинов ибрози умедворӣ кард, ки насли имрӯзаи миллати бузурги тоҷик ҳамон анъанае, ки устод Айнӣ дар соҳаи адабиёт ва инкишофи забони ноби адабии тоҷик пеш гирифта буд, ҳамчун меросбарониАйнӣ идома хоҳанд дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00