Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.04.200816:48

З.АҳрорӣҶомеаи мо барои гузаштан ба алифбои ниёгон омода нест

Яке аз мавзӯъҳое, ки имрӯзҳо дар миёни аҳли илму адабиҷумҳурӣ ихтилофи назарҳоро ба миён овардааст, гузаштан ба алифбои ниёгон мебошад. Ҳоло дар ин маврид тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард бо мудири шӯъбаи Эрон ва Афғонистони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ Зоҳир Аҳрорӣ сӯҳбате орост, ки мӯҳтавои он чунин аст:

Мӯҳтарам Зоҳир Аҳрорӣ, тавре аз мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ҳоло дар миёни ҷомеаи мо, бахусус аҳли зиё фикру андешаҳои гуногун дар масъалаи гузаштан ба алифбои ниёгон ба миён омадааст. Бархе аз олимону донишмандон ва аҳли илму адаб бар ин назаранд, ки ҳарчи зудтар гузаштани ҷумҳурии мо ба хатти арабиасос ҳамон қадар моро ба гузаштаи хеш наздиктар месозад. Оё айни ҳол зарурати гузаштан ба алифбои ниёгон вуҷуд дорад?

-Айни ҳол ба назари ман, гузаштан ба алифбои арабиасос чандон зарурат надорад, зеро хушбахтона, дар ҷумҳурии мо шумораи донандагони ин хат тайи солҳои охир хеле зиёд шудааст. Ҷомеаи мо барои пурра гузаштан ба ин алифбо омода нест, яъне ин хат батадриҷ бояд дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ба тарзи худомӯзӣ ва инфиродӣ дар хонаҳо мавриди омӯзиш қарор бигирад.

Баъдан, дар сурати расидан ба як сатҳи муайян, яъне омода шудани мардум, метавон оҳиста – оҳиста онро амалӣ намоем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ба ин осори ниёгон рӯ биёрем.

Ҳоло мо заминаи мусоид барои гузаштан ба алифбои ниёгонро надорем. Барои он, ки омӯзиши хатти арабиасос нисбат ба дигар хатҳо хеле душвору вазнин аст. Масалан, тасаввур кунед, як ҳарфи чоршаклаи «Син» чор тарзи навишт дорад, яъне вобаста ба мавқеи худ дар калима ба чор тарз навишта мешавад, ё дигар ҳарфҳои ин алифбо. Ҳамаи инро якбора ба бачаҳо омӯзонидан кори осон нест.

Мо бояд барои гузаштан ба хатти арабиасос шитоб накунем, зеро шитобкорӣ метавонад касро ба иштибоҳи бузурге мувоҷеҳ кунад. Аз дарди шитобзадагӣ дарди сӯзонтаре нест, шитобкорӣ фардо мушкилиҳои зиёдеро барои мо пеш хоҳад овард, ки мо дигар аз ин ҷодаи омӯзиши фарҳангу таъриху маънавиёти худамон боз ба хеле фосилаҳову фарсахҳо ақиб меафтем.

Дар сурати ба миён омадани зарурати гузаштан ба алифбои ниёгонмо бояд забони фасеҳу равони тоҷикии хешро аз калимаҳои ғайритоҷикӣ ҳифз намоем. Чунин калимаҳое, ки баъзеҳо ба таври сунъӣ ба онҳо тақлид мекунанд, бояд дар забони тоҷикӣ ҷой дода нашаванд, зеро ин гуна калимаҳо дар қолаби ин хат ҷой намегиранд. Беҳтарин забон забони фасеҳи тоҷикӣ аст.

              Барои ба ин кор роҳ надодан бояд чӣ тадбирҳо андешид?

Мутаассифона, баъзеҳо аз калимаҳои ғайритоҷикӣ ба таври сунъӣ васеъ истифода мебаранд, ки ин барои ояндаи забони ноби тоҷикӣ ногувор хоҳад буд.

Мо бояд дар оила ба фарзандон тариқи сӯҳбат карданро омӯзем. Ин тарзи корбурди мо худ ба худ омили пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣмешавад.

Аслан, зарурати гузаштан ба алифбои арабиасос дар ҷумҳурии мо, ба назари шумо, дар асоси кадом омилҳо ба миён омадааст?

- Омилҳои ба вуҷудоварандаи зарурати гузаштани ҷомеаи мо ба алифбои ниёгон ба назари ман омӯзишу таҳқиқи ҳамон осори пурқиммати гузаштагони мо аст. Беҳтарин ашъор, аз қабили «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ, ашъори боқимондаи Рӯдакӣ, достони «Офариннома» - и Абушакури Балхӣ, «Роҳат – ул - инсон», «Калила ва Димна», «Вис ва Ромин», «Ромиқ ва Узро», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар», «Хусрав ва Ширин» ва осори беш аз ду ҳазор шоире, ки мо дорем, ҳама бо ҳамин алифбои арабиасос аст. Ҳатто осори хазинаи ҷаҳонӣ низ ҳамааш бо ҳамин хат аст.

Дар ҳоли ҳозир имкони гузаштан ба ин хат вуҷуд надорад. Ин гузаришвақту замони зиёдтарро мехоҳад.

Ташаккур, барои сӯҳбати пурмазмун.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1210:07Российские Су-25 перебазировались из Киргизии в Таджикистан
09.1210:03Обогатительный комбинат, строящийся в Истиклоле, заработает в следующем году
09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу
09.1208:50ТЭЦ «Душанбе-2» может увеличить суточное энергоснабжение на 16%
09.1208:48«Я поверил незнакомцу и попал в заложники…»


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00