Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200815:48

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                           аз  15  апрели соли 2008  № 186   ш.Душанбе

                             «Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома ва сохтори идоракунии

                               Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии «Роғун»»

Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад:

1. Оиннома ва сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» тасдиқ карда шавад. 

2. Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» дар ҳаҷми 116000000 (як саду шонздаҳ миллион) сомонї муайян карда шавад.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягї бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар мўҳлати се моҳ ҳаҷми корҳои иҷрошударо бо дарназардошти арзиши мошину механизмҳо ва таҷҳизоти дар «Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» мавҷудбуда муайян намуда, барои тасдиқ ва илова намудан ба сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доранд.

4. Бақайдгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0409:10Жителей Таджикистана ожидает неустойчивая погода
24.0407:06Таджикистан прекратил лечить раненных афганских военных
23.0413:34Спецслужбы Таджикистана пока не выявили местонахождение Кори Восита
23.0413:30Машины стоят, предприниматели ждут, таможня разводит руками
23.0411:47Центральная Азия под прицелом


Самое обсуждаемое

23.0408:36Вашингтонские власти «в плену» собственных санкций(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0290324