Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200809:48

Бақияи сандуқи қарзӣ 167,7 миллион сомониро ташкил дод

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Шумораи нафақахӯроне, ки имрӯз аз ҷониби «Амонатбонк» дар ҷумҳурӣ ба онҳо хизмат расонида мешавад, зиёда аз 513 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз аввали сол то имрӯз аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби муассисаҳои тобеи «Амонатбонк»барои пардохти нафақа 64,7 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб тавассути муассисаҳои бонк 65,5 миллион сомонӣ дастраси нафақахӯрон гардид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки Давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов 14 апрели соли ҷорӣ.

Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки муассисаҳои бонк дар семоҳаи аввали соли равон ба 7463 нафар муштариён ба маблағи умумии 65,1 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод намудаанд. Бақияи сандуқи қарзӣ то якуми апрели соли ҷорӣ 167,7 миллион сомониро ташкил дод.

«Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус пахтакорӣ, дар семоҳаи авали соли 2008 аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Амонатбонк» дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Тавассути шӯъбаҳои «Амонатбонк» ин маблағ пурра ба 533 хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғду Хатлон пешниҳод гардид», - гуфт М. Маҳмадаминов.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0117:00Путин ответил на сообщения о встречах Трампа с проститутками в Москве
17.0116:44«Накрыл собой жену и ребенка…». Свидетельства очевидцев авиакатастрофы
17.0115:24«Точиксодиротбанк» и Агроинвестбанк» сообщили об улучшении ситуации с наличностью
17.0114:36Президент назначил посла Таджикистана в Люксембурге
17.0114:27"Прах таджикских героев должен покоиться в родной земле"


Самое обсуждаемое

03.0114:13Открытое письмо Президенту Эмомали Рахмону(240)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(4)
17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)
17.0111:48Таджикистан не торопится вступать в ЕАЭС(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.1562625