Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200810:48

Фаъолияти семоҳаи КВД «Роҳи оҳан» мусбӣ арзёбӣ гардид

           Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- ФаъолиятиКорхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мусбӣ арзёбӣ гардид. Дар ин бора муовини аввали сардори Корхонаи мазкур Владимир Собкалов рӯзи 14 апрел дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Владимир Собкалов доир бафаъолияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маълумот дода, иброз дошт, ки дар ин давра ҳаҷми корҳои боркашонӣ 3 миллиону 191 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 475 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Бино ба иттилои муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», аз ин миқдор176,3 ҳазор тоннаро содироти молҳои хоҷагии халқ ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,4 ҳазор тонна кам мебошад.

Воридоти молҳои хоҷагӣ бошад,ба андозаи 956 ҳазор тонна иҷро гардид, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 280 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки ҳаҷми корҳо дар самти кашондани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба миқдори 34,382 ҳазор, аз ҷумла содироти он 29,551 тонна иҷро шуд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1 локомотив, 24 вагони мусофирбар ва 42 вагони боркаш аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳамчунин барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба муштариён 8 вагони нави боркаш харидорӣ шуд.

Владимир Собкалов дар охир иброз дошт, ки дарозии умумии роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон 954 километрро ташкил медиҳад. Айни ҳол 1751 вагони боркаш, 351 вагони мусофирбар, 57 тепловоз ва 31 истгоҳ дар шароити хуби корӣ қарор дошта, ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0311:42На юге Таджикистана мужчина задушил женщину «из-за личной неприязни», — МВД
25.0309:32Грузовик «Дулан» опрокинулся в водосточный канал Душанбе. Погибли двое
25.0309:14МИД России разъясняет россиянам, как вести себя в Таджикистане
24.0322:23В Москве прошел дипломатический прием по случаю Навруза
24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре


Самое обсуждаемое

24.0307:03Сборная Таджикистана на последних минутах упустила победу над Бахрейном(2)
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.1250147