Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200816:48

Ислом дини сулҳу осоиштагист

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддини Ризвон).- Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳ Неъматзода тайи 10 рӯз дар давлатҳои Мисри Араб, Ҷумҳурии Либия ва давлати Уганда сафари корӣ дошт.

Вай таассуроти хешро аз ин сафар зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

Бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб ва вазорати авқофи ин мамлакат аз тамоми мамолики Араб ва мусулмоннишини олам намояндагони 47 давлат дар конфронси исломӣ таҳти шиори «Нақши ислом дар таҳкими сулҳ», ки дар Қоҳира барпо гардид, иштирок варзиданд. Бабанда низ муяссар гардид, ки дар чунин як ҳамоиши бонуфуз иштирок намоям.

 Конфронс ба муносибати ҷашни мавлуди Пайғамбар алайҳиссалом, бо ташаббуси Президенти Мисри Араб Ҳусни Муборак баргузор гардид.

Зимни сафар, ман бо раиси Ҷомеаи «Ал-Азҳар» Шайх Тантовӣ, вазири авқофи Миср Шайх МуҳаммадҶумъа силсилаи мулоқотҳо анҷом додам.

Сарвазири Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Назиф зимни иштироки худ дар конфронс зикр намуд, ки Ислом дини сулҳу осоиштагист, на экстримистивутерористӣ. Дар давоми се рӯз мо инчунин бо намояндаи Сафоратхонаи Тоҷикистон ва толибилмони тоҷик вохӯриҳо доштем.

Дар идомаи сафар аз Қоҳира ба шаҳри Тараблуси Либиё (Триполӣ) бо яке аз шахсиятҳои маъруфи ин диёр, Котиби генералии ҷамъияти даъвати умумиҷаҳонӣ доктор Аҳмад Муҳаммад Шариф мулоқот сурат гирифт. Доктор Аҳмад Муҳаммад Шариф ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос дорад. Махсусан, дар бораи хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими субботу амниятдар минтақа ва ҷаҳон сухан карда, иброз дошт, ки Эмомали Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори шинохта аллакай дар арсаи ҷаҳон шинохта шуда, дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯ ва эътибори хос мебошад. Бахусус, аз мӯҳтавои суханронии Сарвари давлати мо дар шаҳри Дакар ба куллӣ ҷонибдорӣ намуд.

Баъдан, дар доираи ин сафар мо аз пойтахти давлати Уганда шаҳри Компала боздид намудем. Дар ин кишвар Президентони Ҷумҳуриҳои Уганда – Йовер Мусевенӣ, Чад -Идрис Дебӣ, Либия –Муаммар Каддофӣ, Нигер - Мамаду Танья, Сомалӣ - Абдуллоҳ Юсуф Аҳмад ва дигар намояндагони давлатҳои мусалмонӣ аз Осиё, Африқо ва Аврупо дар ҷашни бошукӯҳи мавлуди Паёмбари гиромӣ алайҳиссаломиштирок намудем.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0117:27Нацбанк планирует наказывать за отказ в установке POS-терминала
23.0115:10Кто они – самые стильные города Душанбе?(2)
23.0113:54Рустам Эмомали назначил своего пресс-секретаря
23.0113:52В Душанбе подвели итоги конкурса «ТОП-50»
23.0113:11В китайском городе за 10 секунд снесли 19 многоэтажек


Самое обсуждаемое

22.0109:57"Девочка – это отрезанный ломоть". Почему женщины в Таджикистане не отстаивают свои права(5)
23.0113:11Рабочая группа изучает предложение о выпуске тысячной купюры с изображением Эмомали Рахмона(3)
23.0115:10Кто они – самые стильные города Душанбе?(2)
23.0111:18Президент сменил глав Минтранса и Госкоминвеста(1)
23.0113:06Глава «Таджик Эйр» об авиасообщении между Душанбе и Хорогом: У нас есть резервный вариант(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156259