Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200810:48

Мулоқоти Сарвари Давлат бо Гернот Эрлер

14 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Гернот Эрлерро  ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои аврупоӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: «Олмон, ки дар Аврупо ва ҷаҳон нақши намоён дорад, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамеша мақоми муҳимро доро аст».

Ҷонибҳо аз робитаҳои пайвастаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон, ки аз рӯзҳои аввали истиқолияти давлатӣ касб намудани кишвари мо ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмакҳои беғаразонае, ки ба Тоҷикистон расонда шудааст ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки имрӯз аз ҷониби доираҳои ғайриҳукуматии Олмон амалӣ мешаванд, арзи сипос кард.

Гуфтугӯйи судманд атрофи татбиқи босамари Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки ташаббускори асосии он Ҷумҳурии Федеролии Олмон аст ва оид ба таҳияи консепсияи нави ҳамкориҳои техникӣ, сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки чор самти асосии ҳамкор
ӣ дар доираи стратегияи мазкур муайян шудааст. Инҳо самтҳои мусоидат ба таҳкими институтҳои давлати ҳуқуқбунёд, мубодилаи олимону донишҷӯён, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ ва танзими муносибатҳои сарҳадию мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ки ҳама барои Тоҷикистон бисёр муҳиманд.

Зикр гардид, ки барои татбиқи ин ҳадафҳо беш аз ҳама ба Тоҷикистон давлатҳои Олмон, Фаронса ва Италия дасти кӯмак дароз мекунанд.

Ба гуфти Гернот Эрлер
Ҷумҳурии Федеролии Олмон омода аст чанд лоиҳаи инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва таҷдиди трансформаторҳои нерӯгоҳи Норакро маблағгузорӣ кунад.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи таҳкими ҳамкории минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бартараф кардани хатари минаҳо дар сарҳади миёни Тоҷикистону Узбекистон ва оид ба равандҳои сиёсати байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0112:41В Душанбе 18-летнюю девушку спасли от самоубийства
17.0111:25"Алло, я звоню вам из Кундуза". Как афганские женихи находят невест в Таджикистане(2)
17.0111:05И снова суицид. И снова мост. В Душанбе девушка бросилась с моста
17.0110:07МВД Таджикистана: при исполнении службы погиб наш друг и брат
17.0110:01Глава филиала «Таджпромбанка» оформлял кредиты на разные имена, а деньги присваивал себе


Самое обсуждаемое

16.0113:34Лавров призвал США не злоупотреблять партнерством со странами Центральной Азии(3)
17.0111:25"Алло, я звоню вам из Кундуза". Как афганские женихи находят невест в Таджикистане(2)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525