Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200809:48

Пешравиҳои «Амонатбонк» дар семоҳаи аввал

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Сармояи бонк то 1 - уми апрели соли ҷорӣ 36,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 45,6 фоиз афзудааст», - гуфт 14 апрел зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки афзоиши сармояи бонк, асосан, аз ҳисоби пурра намудани сармояи ойиномавии бонк аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва фоидаи софи бонк ба даст оварда шудааст. Активои бонк бошанд, то имрӯз 341 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд аст. Асосан, «Амонатбонк» аз рӯи фаъолияти худ ҳамчун бонки мардумӣ ба шумор меравад, зеро дар баробари фаъолиятҳое, ки ба ҳамаи бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ хос аст, инчунинба нафақахӯрон, ташкилоти буҷавӣ, пардохти ҷубронпулиҳо ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, фурӯши вомбаргҳо ва амсоли инҳо хизмат мерасонад.

«Дар давоми семоҳаи якуми соли равон «Амонатбонк» ба суратҳисоби таранзитии буҷаи давлатӣ ба маблағи 264,8 миллион сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 79,2 миллион сомонӣ ворид шуда, тавассути муассисаҳои «Амонатбонк» ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуданд. Тавасути муассисаҳои бонки мазкур ба ташкилоти гуногуни буҷавӣ 134,3 миллион сомонӣва ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи барқ ва гази табиӣ дар маҷмӯъ 7,4 миллион сомонӣ то имрӯз дастрас гардид», - гуфт дар охир М. Маҳмадаминов.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0421:38Ганджалзода: "Переговоры были трудными, но все проблемы решены"
28.0416:49Посольство Великобритании опровергает заявления британских СМИ о Таджикистане
28.0416:33Куда убегает вода?
28.0415:4916-летняя таджикистанка похитила из свадебного салона 18 платьев
28.0415:16Верховный суд вынес приговоры обвиненным в убийстве девушки в Турсунзаде


Самое обсуждаемое

26.0407:01Экс-сотрудники антикоррупции. «Чистка» продолжается(4)
27.0412:14Таджикская модель покоряет мировой конкурс красоты. Ее устроит только победа(1)
28.0409:00В Кыргызстане будут бесплатно выдавать биометрические электронные паспорта(1)
27.0413:16СМИ: В доме Фируза Холмуродова нашли $1 млн. и 6 кг золота(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156274