Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200807:48

Шахси мансабдори давлатӣ пора дод

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯйӣ, як ҷинояти додани пораро аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ошкор намуданд. Нозири калони Хадамоти карантинӣ ва фитосанитарии истгоҳи Хонақоҳи ноҳияи Ҳисор Юсуф Абдуллоев бо гуноҳи ба корманди Агентии мазкур пешниҳод намудани 6000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба даст афтодааст.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони Сарраёсати ин Агентӣ зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ дар Хадамоти карантинӣ ва фитосанитарии истгоҳи Хонақоҳи ноҳияи Ҳисор муайян намуданд, ки нозири калони ҳамин хадамот Юсуф Абдуллоев дар давраи фаъолияти кориаш 360 ҳазор маблағи маҳсулоти воридотӣ ва содиротии таҳти назорати карантинӣ қарордоштаро ба хазинаи Хадамот ворид накарда, аз они худ намудааст.

Бинобар ин, номбурда барои рӯпӯш ва кам нишон додани маблағи ошкоршуда ба корманди Раёсати Агентӣ ба миқдори 6000 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун пора пешниҳод менамояд. Оид ба ин таклифи ҷинояткоронаи Ю. Абдуллоевкорманди масъули Раёсати мазкур бо гузориш ба роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намуд. Дар асоси гузориши ӯ, худи ҳамон рӯз аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, нисбат ба Юсуф Абдуллоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0511:32Таджикистанцам рекомендуют с 1 июня по 12 июля воздержаться от поездок в Москву, Санкт-Петербург, Сочи и Казань
29.0511:07На Таджикистан надвигается «афганец»
29.0510:38В Россию не пустили около 40 тонн таджикского репчатого лука
29.0509:56Национальная стратегия развития РТ до 2030 года состыкуется с китайской инициативой «Один пояс, один путь»(1)
29.0509:44В Рогуне произошло жестокое убийство 11-летнего жителя Душанбе


Самое обсуждаемое

27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(4)
27.0513:29Путин обсудил Сирию и экономическое сотрудничество с президентом Ирана(3)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(2)
29.0509:56Национальная стратегия развития РТ до 2030 года состыкуется с китайской инициативой «Один пояс, один путь»(1)
27.0509:29Саудовская Аравия предоставила Таджикистану 50 тонн хурмы(1)
29.0507:18Комроншох Устопириён – двукратный чемпион Азии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312513