Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.04.200815:48

Зарар дар ҳаҷми 21 миллион сомонӣ ошкор гардид

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони Агентӣ дар давоми се моҳи фаъолияти худ дар соли равон зарари моливӣ дар ҳаҷми зиёда аз 21 миллион сомонӣ, ки аз тарафи шахсони мансабдори давлатии вазорату корхонаҳо ба буҷаи давлат расонида шуда буд, ошкор намуданд.

Дар рафти гузаронидани тафтиш аз маблағи умумии зарари расонидашуда зиёда аз 7 миллион сомониаш ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст.

Кормандони Агентии мазкур фаъолияти худро дар оянда низ дар самти боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия равона карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои тоза кардани ҷомеа аз шахсони порагиру порахӯр сарф хоҳад кард.

Тафтиши фаъолияти молиявӣ ва чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯйии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки аксари ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ, ки амволи давлат ба онҳо бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёрашон мебошад, содир мегардад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0412:36Таджикистан потребовал финансовых гарантий от российских систем денежных переводов
26.0409:16Доллар стабильно растет, Сомони стабильно падает
26.0408:46Таджикистан продолжает искать источники финансирования Рогунской ГЭС
25.0414:58Душанбе затопило в результате получасового ливня


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525