Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 122 ширкати сайёҳӣ дорои иҷозатномаи фаъолиятбуданд, ки аз ин миқдор танҳо 10 ширкат дар марҳилаи ҳисоботӣ аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолиятро соҳиб гаштанд.
Дар давраи ҳисоботӣкорхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» бо назардошти нишондодҳои бахшҳои худ ба хориҷи кишвар 1115 нафар сайёҳони ватаниро, аслан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (ш. Урумчӣ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (ш.Дубай) равон ва 9 нафар сайёҳони хориҷиро ба ҷумҳурӣ қабул намудааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмӯи умумии хизматрасониҳои туристии КВД «Сайёҳ» 88095 сомонӣ ва ҳаҷми пардохтҳои умумӣ ба буҷети давлат аз ҳисоби хизматрасонии туристӣ 9574 сомониро ташкил дод.
КВД «Сайёҳ» дар марҳилаи ҳисоботӣ ҳамкориҳоро бо ширкатҳои туристии «Экосан-тур»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, «Чо-ао Линг»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш дод. Инчунин, бо мақсади тақвиятиҳамкориҳо корхона айни замон гуфтушунидро бо ташкилотҳои сайёҳииҶумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия анҷом дода истодааст.
Нишондодҳои таҳлилӣ ва омории ширкатҳои туристӣ бори дигар собит намуданд, ки аксари онҳо мисли пештара асосан ба ташкил намудани саёҳати «тиҷоратӣ» ба хориҷа (Чин, Туркия, Эрон ва Дубай) машғул мебошанд. Инчунин,маълум гардид, ки аксари сайёҳони ватанӣ ва ё хориҷӣ бидуни истифодааз хизматрасонии ширкатҳои туристии кишвар саёҳат менамоянд. Дар ин замина, зарур аст, ки механизми ҳимояи манфиатҳои ширкатҳои туристии кишвар дар доираи қонунгузорӣба назар гирифта шаванд.