Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

16.04.200816:48

Нишасти матбуотӣ дар Суди олӣ

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 16 апрел дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки рӯзноманигорон ва судяҳои Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев зикр намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2008 шумораи парвандаҳои ҷиноии ба Суди Олӣ пешниҳодшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам шуда, баробари ин шумораи парвандаҳои шаҳрвандӣ афзуд.

Суди Олӣ дар давоми се моҳи гузашта 617 ариза ва шикоятҳои шаҳрвандонро вобаста ба қарорҳои қабулкардаи судҳои поёнӣ марбут ба парвандаҳои экологӣ, оилавӣ, маъмурӣ, манзил ва ғайраҳо мавриди санҷиш қарор дод.

Инчунин дар ин давра назорати фаъолияти судҳои поёнӣ пурзӯр намуда, аз рӯи арзу шикоятҳо ба қарорҳои нобуруст ва ғайриқонунӣ қабулшуда 57 эътироз пешниҳод карда шуд, ки ҳадафи онҳо бартараф намудани қонуншиканиҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад.

Барои такмил додани ихтисос ва савияи дониши судяҳо дар ин давра 10 нафар судяҳои Суди Олӣ дар семинарҳои байналмилалии давлатҳои Австрия, Олмон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Нусратулло Абдуллоев хабар дод, ки дар ин муддат 53 нафар бораи ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Чин, Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллоев дар хотима ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.1113:276 лет тюрьмы за «"Like" и “Класс” в интернете
22.1113:02Близкий сосед лучше дальнего родственника, или почему странам Центральной Азии нужен новый экономический союз
22.1111:31В Узбекистане массово проверяют «невинность» учениц школ
22.1111:22В Худжанде невестка убила свекровь, а в Рудаки мужчина «расправился» с бывшей женой
22.1110:50Эмомали Рахмон назначил нового заместителя министра иностранных дел


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247