Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

16.04.200813:48

Тайёрӣ ба истироҳати тобистонаи бачаҳо

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи ташкили истироҳатитобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2008» беш аз 9 ҳазор нафар бачагону наврасони муассисаҳои таълимиипойтахт дар чор навбат дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи мактабию берунишаҳрии «Гулхан», «Орзу», «Шарора», «Зимчуруд»ва майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ истироҳат хоҳанд кард.

Қарори мазкур бо мақсадифароҳам овардани шароитимусоид барои беҳдошти саломатӣ, баланд бардоштанисатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва ҷалби бачагон ба корҳои берунимактабӣ, хусусан дӯст доштани табиат қабул карда шудааст.

Раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардиданд, ки то 15 майи соли2008 корҳои таъмирутаҷҳизонидани биною майдончаҳои варзишию солимгардонии истироҳатгоҳҳои берунишаҳриро ба анҷом расонида, онҳоро барои қабули бачагон омода созанд. Инчунин тибқи ин қарор дар навбати аввал истироҳати кӯдакони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат, аз ҷумла талабагони мактаб-интернатҳо, кӯдакони болаёқат ва душвортарбия таъмин гардида, шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолии пойтахт ҳамроҳи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи пойтахтаз ҳисоби маблағҳои ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ҷудонамудаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба кӯдакон роҳхатҳо медиҳанд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва берунишаҳриро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббию омӯзгорон таъмин сохта, ҳамроҳи дигар сохторҳои марбутаи пойтахт бобати хушу гуворо гузаронидани истироҳати талабагон чораҳои дахлдор ва заруриро андешад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

13.1213:51Российский Совет при президенте России по правам человека заступился за Шарипова
13.1213:35Президент Турции предложил провозгласить Иерусалим столицей Палестины
13.1212:40В Душанбе по итогам рейда закрыли несколько лепешечных и ресторан
13.1212:00Адвокат: Каромат Шарипов под конвоем доставлен в Таджикистан
13.1211:31Каромата Шарипова депортировали в Таджикистана, рейсом Москва-Куляб


Самое обсуждаемое

13.1207:00Сотрудник Академии наук Таджикистана оскорбил Бедиля и уволился с работы(3)
12.1223:28Прощай, NGN! Власти Таджикистана решили блокировать мессенджеры?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156305