Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар давоми се моҳи аввали соли равон аз тарафи кормандони Агентии давлатии стандартизатсия, меитрология, сертификатсия ва нозироти савдо назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри риояи қоидаҳои савдо дар 1310 корхонаву ташкилоти савдо, хӯроки умумӣ ва бозор санҷиш гузаронида, нисбат ба 1003 мағозаи фурӯши чакана, 312 нуқтаи хӯроки умумӣ санад тартиб дода, дар асоси онҳо дар 816 ҳолат амрияи ислоҳотии бартараф намудани камбутиҳо, дар 352 ҳолат амрияи манъи фурӯш ва 149 ҳолати ҷаримабандии мол ба маблағи 15 300 сомониро ба тасвиб расонидаанд.
Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар ин давра 3315 бозичаҳои кӯдакона аз ҷиҳати бехатарӣ дар озмоишгоҳҳои Агентӣ санҷида шуда, дар натиҷа ҳолатҳое аён шуд, ки тамғагузорӣ ва борпечонии ин намуди маҳсулот ба талаботи стандарти давлатӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй набуданд.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки ҳамаи ин нишондодҳо дар натиҷаи гузаронидани 1200 санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба амал омодааст.