Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.04.200809:48

Духтарони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Донишҷӯдухтароне, ки ба тариқи квота барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Туркия, Эрон, Чин, Чехия, Украина ва Амрико фиристода шудаанд, зиёда аз 150 нафарро ташкил медиҳанд.

Занони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шохаҳои ҳокимият, мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва судҳо зинаҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёт ҳисса мегузоранд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 фоизи кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.

Дар маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ занон фаъолона ширкат варзиданд. Натиҷа ин аст, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ - 11 нафар ё 17,5 % (аз 63 нафар), дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 3 – нафар ё 12 % (аз 34 нафар) занон ба тариқи худпешбарӣ ва пешбарии ҳизбӣ интихоб гардидаанд.

Масъалаи ҷалби занону духтарони лаёқатманду боистеъдод, бахусус духтарони ятиму бепарастор ба аспирантураю докторантура ва барои онҳо муҳайё намудани шароити мусоид яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи заноне, ки дар аспирантура таҳсил менамоянд сол то сол зиёд шуда, айни ҳол ба 328 нафар расидааст, ки 24 нафари онҳо аз Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 44 нафар Суғд, 22 нафар Хатлон ва 238 нафар аз шаҳри Душанбемебошанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.1013:40Шведские археологи нашли надпись «Аллах» на одеяниях викингов X века
20.1012:23Шавкат Мирзиёев: Мы открыты к еще большему углублению партнерства с Таджикистаном(1)
20.1011:30«Умед-88» в полной опале. Владельцы компании исчезли(1)
20.1010:20Таджикские телеканалы переедут в «Душанбе Плаза»(1)
20.1009:21В Москве гражданин Таджикистана избил полицейского(1)


Самое обсуждаемое

18.1017:05В Худжанде известного кардиохирурга обвиняют в связях с салафитами(2)
18.1016:00В Китае представлен “гигантский рис” высотой в два метра(1)
18.1014:40В Таджикистане поставили на учет всех геев и лесбиянок(1)
20.1010:20Таджикские телеканалы переедут в «Душанбе Плаза»(1)
20.1008:53В аэропорту Худжанда пресечена контрабанда свыше 1 млн. российских рублей(1)
19.1009:38В Согде жестоко убита супружеская чета предпринимателей(1)
19.1009:06Количество задержек вылетов в аэропорту Душанбе увеличилось на 28,5%(1)
19.1007:08Декан факультета одного из вузов Таджикистана задержан при получении взятки(1)
18.1017:19Внуки Джаббора Расулова намерены подать в суд на мэрию Душанбе(1)
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156400