Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.04.200816:48

Иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

            Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 17 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор гардид. Дар иҷлосиянӯҳ масъалаи марбут ба пешрафт ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии пойтахт баррасӣ гардид.

Масъалаи омодагӣ ва вазифаҳоимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамъияти он ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд. Роҷеъ ба ин масъала раиси Ширкати саҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» Шарифхон Самиев ва раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов сухан карда, дар бораи ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини аҳолии пойтахт бо нерӯи барқ ва гази табиӣ дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар иҷлосия ҳисоботи муовинираиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди устувори соҳаи саноати пойтахтва ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ба он барои солҳои2006-2009 шунида, Барномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Душанбе «Оид ба ислоҳоти соҳаи хоҷагии коммуналии пойтахт», «Барномаи рушдимуассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2015» ва ташкили захираи озуқаворӣ дар пойтахт баррасӣ гардида, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаиинтихоботии №57 Олимҷон Бобоев, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш пеш аз мӯҳлат қатъ гардида, 15 июни соли 2008 дар ҳавзаи интихоботии рақами №57-и шаҳри Душанбе интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳриДушанбе таъин карда шуд. Инчунин тибқи қарори дигар комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад.

Дар фарҷоми иҷлосия якчанд қарорҳои раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардиданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.1014:09В Душанбе снесут «район 8 марта»: "Здесь каждый дом, как музей"
23.1012:01Таджикская школьница поразила участников шоу «Удивительные люди»
23.1010:47Имомуддин Сатторов: обвинение таджиков в экстремизме – абсолютное незнание ситуации
23.1008:56Россиянин воевал в рядах ИГ с поддельным таджикским паспортом. Его привезли в Душанбе
23.1008:10Таджикистан требует от Ирана прекратить навязывание своей идеологии


Самое обсуждаемое

14.0813:47Написать письмо президенту Таджикистана стало проще(14)
20.1018:13Шох Искандаров: "Нас оклеветали"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312532