Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.04.200808:48

Кӯмаки башардӯстона ба ниёзмандон расонида

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). - Бар асари сармои шадиди зимистон ҷумҳурии моро бӯҳрони энергетикӣ фаро гирифт. Ҳукумати мамлакат бо мақсади бартараф намудани оқибати бӯҳрони баамаломада ва ҷиҳати расонидани кӯмаки бештар ба аҳолии эҳтиёҷманди кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Мушкилоти ба вуҷудомадаи ҷумҳурии мо ҷомеаи ҷаҳониро бетараф нагузошт ва тайи чанд моҳи охир аз мамлакатҳои гуногуни хориҷӣ корвони кӯмакҳои башардӯстона вориди кишвари мо гардида, аллакай ба ниёзмандон тақсим шуданд.

Бо мақсади бештар рӯшанӣ андохтан ба масъалаи воридоти кӯмакҳои башардӯстона ва ҳолати тақсими онҳо мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори шӯъбаи захираҳои давлатӣ ва хариди давлатии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Одина Одинаев ҳамсӯҳбат гардид, ки мӯҳтавои он чунин аст:

Мӯҳтарам Одина Одинаев, дар ибтидо лутфан, бигӯед, ки то имрӯз аз кадом кишварҳо ба ҷумҳуриамон кӯмакҳои башардӯстона ворид гардидааст?

Мехостам, дар оғоз ба маълумоти сокинони кишвар расонам, ки сармои шадид ва бӯҳрони энергетикии фасли зимистон то андозае ҷараёни пешрафт ва вазъи босуботи иқтисоди ҷумҳуриро халалдор намуд. Зарари ин сардиҳо ба иқтисоди мамлакат садҳо миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти ин мушкилот як қатор мамлакатҳои дуру наздик муроҷиати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, ба ҷумҳуриамон дасти кӯмак дароз карданд. То имрӯз ба кишварамон, асосан, аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир ва давлатҳои Испания, Ҷопон, Чехия, Қазоқистон, Туркманистон ваБелоруссия кӯмакҳои башардӯстона ворид гардидааст.

Мушаххас метавонед бигӯед, ки кӯмаки воридгардида асосан аз чиҳо иборат аст?

Абатта, зеро аз кадом давлат, кадом мавод ва чӣ қадар дохил шуданаш ҳатман ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба таври мушаххас метавонам бигӯям, ки аз Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ба миқдори 8465 адад кампал, 452 дона палос, 1479қуттӣ маводи ғизоӣ, 1840 қуттӣ хурмо, 16 адад таҷҳизоти хурди барқдиҳӣ (электростантсия) ва 2764 метр ноқилҳои гуногуншиддат ворид гардидааст. Аз Федератсияи Русия 16 адад таҷҳизоти хурди барқдиҳӣ ва 168 - адад таҷҳизоти гармидиҳӣ ва аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад 769,35 тонна сӯзишвории дизелӣ, 654,9 тонна керосин ва 2081,5 тонна мазут ҳамчун кӯмаки башардӯстона вориди ҷумҳурӣ гардидааст. Ҷумҳурии Қазоқистон ба кишварамон маводи гуногун, аз қабили 1200 адад кампал, 478,45 тонна сӯзишвории дизелӣ, 479,4 тонна мазут, 500 адад камзӯл, 4285 дона дастпӯшак, 700 адад шимҳои ғафс, 286380 дона консерваҳои гӯштӣ ва 1000 тонна гандуми истеъмолӣ ҳамчун кӯмак интиқол додааст. Ва давлатҳои дар боло зикршуда низ ҳамин тариқ кӯмаки худро расонидаанд.

- Тавре аз гуфтаҳоятон бармеояд, кӯмаки башардӯстона танҳо аз маводи ғизоӣ ва пӯшока иборат нест?

- Бале, кӯмаки башардӯстона ба ҷуз аз маводи хӯрокворӣ ва пӯшока, аз қабили хурмо, консерваҳои гӯштӣ, орд, шакар, биринҷ, наск, лӯбиё, равғани растанӣ, кампал,камзӯл, дастпӯшаку шимҳои ғафс, инчунин аз таҷҳизоти хурди барқдиҳӣ (электростантсия), ноқилҳои гуногуншиддат, таҷҳизоти гармидиҳӣ, генераторҳои дизелӣ, хӯрокпазҳои сайёр (керосинка), маводи сӯзишворӣ ва доруворӣ иборат аст.

- Дар баробари ин, баъзе давлатҳо кӯмаки худро дар шакли пулӣ ворид намудаанд. Дар ин бора маълумоти бештаре медодед?

- Дар айни замон мо, асосан, аз се давлат ба тариқи пулӣ кӯмаки башардӯстона гирифтаем. Аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҳиндустон ҳар кадоме ба маблағи як миллион долларӣ ва аз Куриёи Ҷанубӣ ба миқдори 100 ҳазордоллар маблағи пулӣ ворид гардидааст. Дар ин ҷо бояд арз намуд, ки як миллион доллари аз Ҷумҳурии Озарбойҷон воридгардида тибқи Протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи ҳолати фавқулодда дар бахши энергетика аз 27 феврали соли 2008 барои пардохти гази табиии воридотӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба КВД «Тоҷикгаз» ҷудо карда шудааст. Интиқоли маблағи Ҷумҳурии Ҳиндустон барои таъмиру тармими Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе вабунёди бинои асосииДонишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синодар назар дошта шудааст.

- Масъалае, ки имрӯз бисёр сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст ва ҳатто боиси навиштани мақолаҳои шубҳаангез дар баъзе воситаҳои ахбори омма гардидааст, бештар ба тақсими кӯмаки башардӯстонамарбут аст.

- Оре, мақсади шуморо фаҳмидам. Пайдо шудани чунин овозаҳо дар байни мардум, аксаран вобаста аст ба бехабарии онҳо ва ҳам нафароне, ки чунин маълумоти беасос ба онҳо мерасонанд. Ин ҷо мехостам таъкид намоям, ки воридоти кӯмакҳои башардӯстона таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошта, тақсими он дар асоси дархосту талаботи ниёзмандон бо мувофиқаи тамоми аъзоиКомиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи ҳолати фавқулодда дар бахши энергетика, ки таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд,анҷом мепазирад.

Дар ин замина маълумот оид ба ҳаҷми воридот ва тақсими кӯмакҳои башардӯстона ҳеҷ сирри махфӣ набуда, ба ҳама ошкор ва дастрас аст. Танҳо аз нафароне, ки мехоҳанд ин масъаларо бештар тавзеҳ диҳанд, хоҳиш карданиам, ки пеш аз даст задан ба шарҳи он ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат карданашонро бояд аниқ бидонанд.

Дар мавриди зарурӣ барои маълумот гирифтан онҳометавонанд оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Дар сурати бо мақомот ва шахси босалоҳияте сӯҳбат намудан, албатта, ба иштибоҳ ва интишори маълумоти бедалел роҳ нахоҳанд дод.

Мутобиқи протоколи тақсими кӯмакҳо, масъулини кӯмакҳои башардӯстона вазифадор шудаанд, ки аз натиҷаи тақсим ва истифодаи кӯмакҳо ҳисоботи дахлдорро бо замимаи ҳуҷҷатҳои муҳосибавии тасдиқкунанда ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани санҷиши фаврӣҷиҳати истифодаи мақсадноки кӯмакҳои башардӯстона ташкил шудааст, ки ин масъаларо дар ташкилоти кӯмакгирифтамесанҷад.

- То имрўз ба таври мушаххас чӣ миқдор кӯмаки башардӯстона ворид гардида ба куҷо ва чигуна тақсим шудааст?

- Масалан, ба ҷумҳуриамон аз кишварҳои гуногун ба миқдори 18772 адад кампал ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардидааст, ки аз ин миқдор тибқи протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи ҳолати фавқулодда дар бахши энергетика 6500 ададаш ба ниёзмандон тақсим гардида, 12272 адади дигар ҳамчун захираи эҳтиётӣ боқӣмондааст. Ё худ, миқдори умумии сӯзишвории дизелии воридгардида 1473,2 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор мутобиқи протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ 30 тоннааш тақсим гардида, 1443,2 тоннаи боқимонда, аз ҷумла 2560,9 тонна мазут ва 654,9 тонна керосин чун захираи давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ба таври мушаххас оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона мисолҳои зеринро метавон овард:

Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 адад шабакаи барқдиҳии тамғаи АДА-31, 5-Т400, 1500 адад кампал, 54 дона таҷҳизоти гармидиҳии «Вологда-1» ва 196 дона палос ҷудо гардидааст.

Ба Вазорати маорифи 1500 адад кампал, 100 дона таҷҳизоти гармидиҳии «Вологда-1» ва 196 дона палос, ба ШСХК «Барқи тоҷик» 2 адад шабакаи барқдиҳии тамғаи АДС-100-Т400 ва 4 адад шабакаи барқдиҳии тамғаи АДС-120-Т400 чудо шудааст. Ҳамин тариқ, рӯйихати идораю ташкилоти гуногунро метавон идома дод, ки ба онҳо кӯмаки башардӯстона расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки кӯмакҳои башардӯстона, пеш аз ҳама, ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда мешаванд.

- Оё дар баробари вазорату идораҳо ба минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ низ кӯмакҳои башардӯстона тақсим карда мешаванд?

- Албатта, дар ин бобат метавонам чандин мисолҳои мушаххас орам. Аз ҷумла, тибқи протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи ҳолати фавқулодда дар бахши энергетика ба вилояти Суғд 393- қуттӣ маводи ғизоӣ ва 541 қуттӣ хурмо, ба вилояти Хатлон 474 қуттӣ маводи ғизоӣ ва 653 қуттӣ хурмо, ба ВМКБ 42 қуттӣ маводи ғизоӣ ва 57 қуттӣ хурмо, ба ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ 295 қуттӣ маводи ғизоӣ ва 405 қуттӣ хурмо тақсим карда шуд. Истгоҳҳои хурди барқӣ низ ба шаҳру вилоятҳо тақсим гардидааст.

Ҳамин тавр, бори дигар тазаккур доданиам, ки тамоми маълумот вобаста ба ҳаҷм, номгӯй, теъдоди давлатҳои кӯмакрасонида ва тақсими кӯмакҳои башардӯстона равшан аст ва дар ин ҷода ягон фаъолияти ғайриқонунӣ вуҷуд надорад. Мо ва дигар шахсони босалоҳияти мақомоти дахлдор ҳамеша омода ҳастем, ки вобаста ба суолҳои пайдошуда вобаста ба ин масъала ҷавобҳои мушаххас бидиҳем.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0040039