Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.04.200811:48

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмондар маросими мавриди истифода қарор додани бинои дуввуми хона интернати «Чорбоғ»барои кўдакони нуқсони ҷисмонию ақлонӣ дошта, иштирок кард.

Бояд гуфт, кифароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озод барои ҳар як инсон яке аз омилҳои арзи вуҷуд доштани давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳанўз аз солҳои нахусти ба даст овардани истиқлолият давлати иҷтимоӣ эьлон гардида Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масьалаи беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии кўдакони ятиму бепарасторва маьюбону пиронсолони бесаробон таваҷҷўҳи доимию зарурӣ зоҳир менамояд. Бунёдва мавриди истифода қарор додани мактабу хона парваришгоҳҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣбарои табақаи эҳтиёҷмандниз аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки маҳз аз характери иҷтимоӣ доштани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоншаҳодат медиҳанд.

Д ар даромадгоҳи хона интернати «Чорбоғ»Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро масьулини дахлдор аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, роҳбарият ва сокинони деҳоти Варзоб дар фазои фараҳмандиюсаммимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ҷамьомада сўханронӣ карда, изҳор дошт, ки воқеан,ғамхорӣ дар ҳаққикўдакони ятиму бепарастор ва маъюб, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва тарбияи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Дар охири суханронии худ Сарвари давлаттавваҷҷўҳи масьулони ҳукумат,вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои мамалакат,соҳибкорон ва шахсони саховатмандро бори дигар ба дастгирию кўмаки беғаразони табақаи эҳтиёҷманди ҷумҳурӣҷалб намуда,изҳори умеду боварии намуд,ки чунин корҳои хайр дар ҳамагуна шароит идома дода мешаванд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон сўханронӣ карда ба Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириии ҳамешагӣ ва шахсан иштирок карданашон дар чорабинии кўдакони маьюбу нотавон арзу сипосминнатдорӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ки худ шахсан дар маросими ба истифодадиҳии бинои аввали хона интернати Чорбоғ дар соли 2006 - умиштирок карда будбо буридани лентаи рамзӣба фаьолияти бинои дуввуми ин муассисаи иҷтимоӣ, оғози расмӣ бахшид. Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонбинои аввалихона - парваришгоҳикўдакони дороинуқсони ҷисмонию ақлонии «Чорбоғ»баьди таъмиру барқарорсозӣдар соли 2006- умбо тамоми шароит барои сад нафар кўдаки маъюбомода гардида буд ва имрўз бошад, айнан бо чунин шароити зарурӣ бинои дувуми хона парваришгоҳ дар ҳамкори бо ҷониби Туркиятаьмиру муҷаҳҳаз гардида, барои боз сад нафар кўдаки эҳтиёҷманд дари хешро боз кард. Ҳоло бошад лоиҳаи маблағгузорӣ ва таьмиру барқарорсозии ду бинои дигари хона парваришгоҳ омода гардида, дар наздиктарин мўҳлат мавриди иҷро қарор дода мешавад.

Дар сурати ба фаьолият шурўъ кардани ҳамаи чор бинои муассиса дар онҳо имкони ҷой кардани зиёда аз 400 кўдаки эҳтиёҷманд фароҳам оварда мешавад.

Бинои дуввуми мактаб – интернат мувофиқ ба талабот ва бо фарогирии шароити сатҳи баланди таьлиму зист бунёд гардида, бошандагони он имкон доранд, ки аз толори барҳавои хоб, бозиҳою истироҳат, ҳуҷраҳоитабобатии муҷҷаҳаз бо технологияи муосир ба таври васеь истифода баранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи мавриди истифода қарор додани бинои дуввуми хона парваришгоҳи «Чорбоғ» аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари Давлатбамаблағи 14,400сомонӣсарулибос ва ҳар гуна тўҳфаҳобарои 200 нафар бошандаи муассисаи мазкур харидорӣ гардида, ба онҳо супорида шуд.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дохили бино, синфхонаҳо, толори бозиҳо ва истироҳат, ҳуҷраҳои табобатӣва утоқҳои махсуси хона парваришгоҳ аз наздикшинос шуда, бо кўдакони нуқсони ақлонию ҷисмонӣ дошта, ки ба навозишу ғамхорӣ ниёзманданд , сўҳбати ҷолиби хотирмон анҷом дод.

Бояд таькид кард, ки айни замон дар мамлакат 87муассисаи иҷтимоӣ барои кўдаконва 11 адади дигар барои калонсолон фаьолият доранд, ки кўдакони маьюбу бепарастор ва аз имконияти ҷисмонию ақлонӣ маҳруммувофиқ ба талабот ва эҳтиёҷи марбут ба гурўҳҳомутобиқи нақшаю барномаҳои махсус ба таьлиму тарбия ва ғамхорӣфаро гирифта мешаванд.

Дар маҳалли чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат сокинони деҳоти Варзоб аз наздиксўҳбатҳои самимӣ анҷом дода онҳоро ба равнақу ривоҷи корҳои ободонию бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва сабзу хуррам гардонидани маҳалли зисти хеш ҳидоят кард.

Умуман ниятҳои роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дастгирию кўмаки табақаи эҳтиёҷманд неку ояндадор аст. Тибқи нақша биноҳои сеюму чорумихона интернати “Чорбоғ» якҷоя бо иншооти гармидиҳӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо ҷалби 8,5 миллион сомонӣ ба охир расонида шуда, он ояндаи наздикба Маркази умумиҷумҳуриявии кўдакони дорои имконияти маҳдуд табдил хоҳад ёфт. Аз ҳамаи ин тадбирҳо бори дигар бармеояд, ки Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба аҳди худ, ки гуфта буданд ҳаргиз кўдакони ятиму бепарастор, маьюбону пирони бесаробонродар танҳои ва хору зор шудан намемонам, устувору содиқ мебошанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?
05.1214:49Махмадали Ахмадов, предполагаемый организатор убийства семьи Гошта, предстанет перед судом присяжных
05.1214:46Можно я не умру, пока вы меня не похоронили?


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156251