Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.04.200814:48

Сохтмони иншооти муҳим дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзош аст

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони иншооти муҳим, аз қабили хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои нави маданию маишӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва таъмиру тармими роҳу кӯчаҳо бо суръат идома дорад, - тазаккур дод дар нишасти матбуотӣ, 17 апрел, директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов.

Ӯ афзуд, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ лоиҳаҳои дар ҳоли таҳия қарордошта ва ҳаётан муҳим, бахусус сохтмони биноҳои маъмурии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани бинои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва азнавсозии Боғи истироҳатии «Пойтахт-80», ду бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе, бинои истиқоматии 5-ошёнаи ҳозиразамон дар шаҳри Турсунзода, азнавсозӣ ва таъмири театри ба номи М. Назаров дар шаҳри Хоруғ, сохтмони донишгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар ноҳияи Данғара, бинои истиқоматии 5-ошёна дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва амсоли инҳо мавриди иҷро қарор доранд, ки ба иҷрои нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунанд.

Агентии сохтмон ва меъморӣ дар ин давра дар 54 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои қонунҳои вобаста ба соҳаи сохтмон санҷиш гузаронида, дар натиҷаи ошкор шудани баъзе камбудиҳо ширкатҳои сохтмониро ба маблағи 14930 сомонӣ ҷарима баст, ки аз ин ба миқдори 11010 сомониаш ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Дар фарҷом А. Комилов ба саволҳои хабарнигорон посух дода, зикр кард, ки дар рафти иҷрои нақшаву барномаҳои сохтмонии кишвар нақши васоити ахбори омма назаррас буда, зарур аст, ки кормандони ВАО дар ин самт баҳри равшану возеҳ ба мардум расонидани натиҷаҳои иҷрои барномаҳо масъулиятро бештар дарк намоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0618:49Отец Манучехра: "Моего сына убили или довели до самоубийства"
23.0615:17Учителя стали штукатурами, торговцы – главными инвесторами. Как в Вахдате идет подготовка к празднику
23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)
23.0614:03Свата президента Эмомали Рахмона похоронили в Дангаре
23.0613:56В Дангаре простились с Камолом Нуралиевым, сватом президента


Самое обсуждаемое

23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262