Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.04.200813:48

Ёздаҳ амалиёти махсуси сарҳадбонон

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавҷуда Давлатзода).- Шаби 16 ба 17 апрели соли 2008, соати 5 субҳ сарҳадбонони отряди сарҳадии Панҷ дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи амнияти ноҳия як махфигоҳи қочоқчиёнро ошкор намуданд. Аз дохили махфигоҳ 10 баста маводи сахттаъсири героин, 20 адад норинҷаки РГД-5 бо запалҳояш, 6 адад қурсаи тротилӣ (тротиловая шашка), 3 адад тирҳои мушакӣ (ракетница), 866 дона тири қутраш 7,62, 128 дона тири пулемети «Калашников», 7 тирдони автомати «АКМ», 129 дона тири қутраш 5,45 дарёфт гардид.

Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамон шаб дар минтақаи отряди сарҳадии Ҳамадонӣ навбатдорони сарҳадӣ ҳангоми иваз намудани якдигар шахси ношиносе ба сӯи онҳо оташ кушод. Ҳангоми аз ҷониби марзбонон кушодани оташи ҷавобӣ шахси мусаллаҳ аз торикии шаб истифода бурда, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ мебарад.

Аз ҷои ҳодиса 1 халта дорои тахминан 30 килограмм маводи нашъаовар ёфт гардид. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш бурда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2008 беш аз 326 килограмму 472 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла, 44 килограмму 370 грамм героин, 117 килограмму 745 грамм каннабис ва 164 килограмму 357 грамм чакидаи афюнро мусодира намуданд.

Дар ин давра 18 ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ пешгирӣ шуда, 94 вайронкунандаи сарҳад ва 352 вайронкунандаи реҷаи сарҳадӣ боздошт карда шуданд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ сарҳадчиёни тоҷик дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 11 амалиёти махсус гузарониданд.

Ҳамчунин дар ин давра 9 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 4 автомат, 5 камони шикорӣ ва 74 дона тирҳои гуногун мусодира намуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0919:58"Задержали за ношение хиджаба? Правильно сделали..."(1)
26.0914:02СМИ: 16-летняя таджиксккая вдова боевика ИГ осталась c пятью детьми на руках
26.0913:28Задержанная за хиджаб в Худжанде: «Я никогда его не сниму»
26.0911:05«Мерседес» с номерами ФСБ РФ насмерть сбил полицейского на Новом Арбате
26.0910:27Охота на хиджабы в Худжанде: женщину увезли в участок за отказ снять хиджаб


Самое обсуждаемое

26.0919:58"Задержали за ношение хиджаба? Правильно сделали..."(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263