Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.04.200818:48

Машварати кишоварзон дар шаҳри Данғара

          Субҳи имрӯз дар яке аз бошишгоҳи саҳроиишаҳри Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати минтақавии кишоварзон баргузор гардид.

Дар машварат роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раисони бонкҳоидавлатию ғайридавлатӣ, роҳбарони лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳбарият ва директорони пажӯҳишгоҳҳои Академияи улуми кишоварзӣ, инчунин фаъолони минтақа ва роҳбарони комиссияҳоитанзими расму оинҳо иштирок доштанд.

Нахуст дар машварат раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал гузориш дод.Сарвари Давлат аз мавҷудияти камбудиҳоба хусус, нишондиҳандаҳоибардурӯғиоморӣистифода нашудани заминҳоиобӣ, бемасъулиятии роҳбарон ва хоҷагидорон изҳори нигаронӣкарда, дастур дод, ки бо мақсади таъминиамнияти озуқаворӣ дар тамоми заминҳои обию лалмӣ кишти зироатҳои гуногун гузаронида, имкониятҳои гирифтани ду-се ҳосил дар як мавсимсамаранок истифода шавад.

Иқлими минтақа бароирушди чорводорию парандапарварӣ, афзоиши оилаҳои занбӯри асал, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣва полезию боғу токпарварӣ хеле мусоид ва боровар аст, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Муовинисарвазири ҷумҳурӣМуродалӣ Алимардонов, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва раисони бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати гирифтани на камтар аз ду ҳосил дар мавсими имсола, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини деҳқонон бомаблағ, техника, нуриҳоиминералӣ, бо ҷалби соҳибкорон фаро гирифтани тамоми заминҳои обию лалмӣ бо кишти зироатҳои гуногун, умуман бо истифодаи оқилонаи замин таъмини ҳарчи бештари мардумбо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ қатъӣ вазифадор шуданд.

Сарвари Давлат ҳамчунин таблаб кард, ки лоиҳаи қарор оид баҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.

Дар машварат масъулин доир ба ворид намудани таҷҳизоти наву муосири истеҳсолӣ, чигити тухмӣ дар заводҳои пахтатозакунии вилоят ва додани имконияти воқеӣ ба деҳқонон дар мавриди фурӯши маҳсулот дар бозор ва содироти он вазифадор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии босуръати нархи маводи ғизоӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин таҳдиди башариро танҳо бо заҳмату талошҳои пайгирона, истифодаи захираҳои фаровони дохилӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба ободонию бунёдкорӣ метавон пешгирӣ кард. Ман дар ҷодаи амалӣ шудани нияту нақшаҳои нек бо нерӯю ғайрат, садоқатмандию меҳнатдӯстии мардуми шарифи Тоҷикистон боварии амиқ дорам,- гуфт СарвариДавлат дар хатми суханронии худ.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области
10.1209:24В Нигерии школьницы-смертницы совершили массовый теракт


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156290