Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.04.200817:48

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара

Чунонки қаблан хабар дода будем, дирўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти иҷрои нишондодҳои Муроҷиатномаи Сарвари давлат, ки ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар равона гашта буд ва ҳамчунин баҳри анҷом додани вохўрӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии он бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара рафт.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо иштирок дар маросими оғози сохтмони корхонаи равғанбарорӣ, ки бо ташаббуси ширкатҳои хусусии маҳалӣ бунёд меёбад, оғоз ёфт.

Корхонаи мазкур дар майдони 3 гектар бо истифодаи технологияи муосири итолиёвӣ дар давоми 18 моҳ бунёд хоҳад шуд. Дар ин ҷо аз чигит, офтобпараст ва зағир равғани хушсифат тавлид хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими гузоштани санги аввали корхонаи хиштистеҳсолкунии шаҳр иштирок намуд, ки аз ҷониби корпоратсияи Сомон-тоҷик сохтмон дар масоҳати 30 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Иқтидори истеҳсолии он 15 миллион дона хишти хушсифат хоҳад буд. Корхона бо истифода аз ангиштсанг кор хоҳад намуд.

Сохтмони навбати якуми корхона дар 12 моҳ ва навбатидуюмаш дар 6 моҳи дигар анҷом хоҳад ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин корхонаҳоро омили тавлиди ҷойҳоинави корӣ ва рушди саноати маҳаллӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонба мавзеи Себистон омад, ки дарин ҷо хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ дар масоҳати 500 гектар боғ бунёд намудааст. Дар ин мавзеъ 41 ҳазор ниҳоли сўзанбарг, 15 ҳазор сояафкан ва 76 ҳазор ниҳоли мевадиҳанда шинонда шудааст, ки нишона азҳамовозии деҳқонони минтақа ба даъватҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи пурсамари тамоми заминҳои корам аст.

Ҳамзамон дар 150 гектар замин кишти тухмии бодоми талху ширин ва писта анҷом дода шудааст. Дар 25 гектар ангўрбоғбунёд ёфтааст. Сарвари давлатбо таъкиди даромаднокии соҳаи боғутокпарварӣ дастур дод, ки боз дар 55гектаридигар боғиангўр бунёд карда шавад. Дар ин ҷо беш аз 100 нафар деҳқонон самарабахш фаъолият доранд.

Ҳамзамон Сарвари давлат аз якчанд бошишгоҳҳои саҳроии мавзеи Себистон дидан карда, бо деҳқонон сўҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дод.

Аснои боздид аз мавзеи обанбори Норак ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки захираҳои об дар инминтақа нисбат баҳамин давраи соли гузашта, 30 дарсад кам буда, сатҳи он 4 метр пасттар аст. Алҳол воридшавии об ба обанбори Норак 384 метри мукаабро ташкил медиҳад, дар ҳамин давраи соли гузашта бошад ин нишондод 1028 метри мукаабро ташкил медод. Воридшавии об нисбат ба соли гузашта 3 баробар кам аст. Бо назардошти ин ҳолат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳатиистифодаи мақсадноки об ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод.

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар мавзеи сохтмони зеристгоҳи хати баландшиддати 220 киловолтаи Лолазор-Хатлон шинос шуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин аввалин лоиҳаи инвеститсионии миёни Тоҷикистону Чин буда, моҳииюни ҳамин сол татбиқи он ба поён мерасад.

Ҳаҷми маблағҳои лоиҳа 58,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Созишнома дар бораи ҷудо намудани ин маблағҳои имтиёзӣмоҳи июни соли 2006-ум ба имзо расида буд.

Хатти баландшиддати мазкур ба беҳтарнамоии таъмини кулли шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва қисман вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшонбо нерўи барқ нигаронда шудааст.

Таъкид гардид, ки баъди анҷоми бобарори корҳо ва ба шабакаи ягонаи хатҳои барқии ҷумҳурӣ пайвастани он тамоми кормандону мутахассисон ва техникаю таҷҳизот аз ин ҷо ба сохтмони хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол интиқол дода мешаванд, то ки корҳо дар ин иншооти бузурги стратегӣ низ суръати баланд пайдо кунанд.

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз бошишгоҳҳои саҳроии ноҳияи Данғара доир ба вазъи иҳтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2008-ум ва вазифаҳои минбаъда бо роҳбарият ва фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо иштироки як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявии марбут ба соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул мулоқоти пурсамар анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев ва раисони дигар шаҳру ноҳияҳоро шунида, вазъи имрўзаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва дар охир зимни суханронии кўтоҳу муъҷаз вазифаҳои минбаъдаро ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти хоҷагии халқи вилоят муайяну мушаххас намуд.
Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1214:02МВД опубликовало фото причастных к взятию заложника в Турсунзаде
08.1212:33Опрос: много ли соседи по СНГ знают друг о друге?
08.1211:34Жителей Душанбе будут штрафовать за использование газовых баллонов
08.1211:14Президент принял участие в сдаче второй очереди Душанбинской ТЭЦ-2
08.1210:29В семье Дилшода Назарова родился сын


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00