Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.04.200810:48

Ш. Самиев«Дар мавсими зимистон аҳолии пойтахтро аз барқ маҳрум намекунем»

           Душанбе, 18 апрел. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Роҳбарияти Ширкати саҳомии холдинги «Барқи Тоҷик» тамоми чораҳоро меандешад, то дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 аҳолии пойтахт ягон лаҳза ҳам аз барқ маҳрум нагардад», гуфт дар иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси ширкати холдинги «Барқи Тоҷик» Шарифхон Самиев. Мавсуф доир ба вазъи имрӯзаи таъмини пойтахт бо нерӯи барқ сухан ронда, афзуд, ки дар назди кормандону мутахассисони ширкат ҷиҳати бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолии пойтахт вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.Тибқи нақша 27 зеристгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин хатҳои интиқоли нерӯи барқ то 15 июни соли равон таъмиру таҷдид карда мешаванд. Роҳбари ширкати «Барқи Тоҷик» зикр кард, ки барои таъмири Маркази шабакаи гармидиҳии пойтахт, ки муддати 50 сол аст фаъолият дорад, 15 миллион доллар зарур аст. То мавсими зимистон се деги Маркази мазкур аз таъмири пурра бароварда мешаванд.

Ш. Самиев гуфт, ки имрӯз низ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ реҷаи маҳдудкунии нерӯи барқ идома дорад. Зеро аз дарёи Вахшба обанбори Норак резиши об суст буда, ҳаҷми он ҳамагӣ 328 метри мукаабро ташкил медиҳад.Бо назардошти камбудинерӯи барқ алҳол Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон қувваи барқ мехарад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0917:06Помощь таджикских мигрантов дошла до мусульман рохинджа
24.0914:54Мехрубон Сангинов завоевал титул чемпиона мира по версии WBC
23.0907:50Кудрин заступился за таджикских мигрантов
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
22.0918:01Дочь главы Азербайджана cделала селфи во время речи её отца в ООН о геноциде


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(5)
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312509