Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.04.200815:48

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

         Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон

         доир ба вазъи иқтисодиву и
ҷ
тимоии вилояти Хатлон дар се моҳи

         соли 2008-ум ва вазифаҳои минбаъда

         18 апрели соли 2008



           Дӯстони азиз!

           Ҳозирини гиромӣ!

Мақсади асосии мулоқоти имрӯзаи мову шумо пеш аз ҳама таҳлил ва баррасии вазъи иқтисодӣ, бахусус соҳаи кишоварзии вилоят мебошад. Зеро вилояти Хатлон дорои захираҳои зиёди ашёи  хом, имкониятҳои фаровон барои рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ буда, дар инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишварамон саҳми муносиб дорад.

Мо ҳадафҳои бузурги стратегии давлатамонро муайян кардаем, ки онҳо аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, инкишоф додани соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва бо роҳи рушди устувори иқтисодӣ тадриҷан беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум иборатанд.

Мехоҳам таъкид созам, ки таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз эҳсоси  масъулиятшиносӣ, қобилияти  ташкилотчигию  роҳбарӣ,  сатҳи  кордонӣ ва муносибати дилсӯзонаи ҳар яки мову шумо вобаста аст. 

Тавре ки шумо медонед, мардуми мо зимистони сарду шадидро аз сар гузаронид ва моҳи март бебориш омад. Дар натиҷаи таъсири манфии ин ҳодисаҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар зарари калон ворид гардид.

Барои бартараф намудани оқибатҳои онҳо ба мо зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо амнияти озуқавории кишварро таъмин намоем. Барои ин пеш аз ҳама бояд корҳои кишоварзиро вусъат дода, кӯшиш намоем, ки як ваҷаб замини кишт холӣ намонад.

Инчунин бо истифодаи оқилона ва самарабахши заминҳо ва таъмини кишти такрорӣ дар як мавсим то се ҳосил ба даст оварем, зеро дар иқлими вилояти Хатлон соле аз як қитъаи замин то чор ҳосил рӯёнидан мумкин аст.

Дар ин самт роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дурнамои рушди соҳаи кишоварзиро мутобиқи иқлим пешбинӣ намуда, барои татбиқи он тадбирҳои муассир андешанд, то ки бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти хушсифат ва арзони кишоварзӣ таъмин гардад.

Бояд таъкид намуд, ки мувофиқи ҳисоботи Форуми  ҷаҳонии иқтисодӣ ва институтҳои байналмилалии молиявӣ соли 2008-ум дар иқтисоди ҷаҳон ҳамчун соли тағйироти куллӣ дар даҳсолаи охир пешгӯӣ шудааст, ки аллакай нишонаҳои аввалини он - ҳар рӯз ивазшавии нархҳои маводи аввалияи ғизоӣ ба мушоҳида мерасад.

Бояд зикр кард, ки ҳанӯз ба кишварамон аз хориҷа бо нархи гарон миқдори зиёди маводи ғизоӣ ворид мегарданд, ки он ба нарху навои дохилӣ таъсири бевосита дорад.

Инчунин мувофиқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар се соли охир тадриҷан баландшавии нархҳои маводи озуқа дида мешавад. Танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ афзоиши он 8,5 фоизро ташкил кард.

Аз ҷумла нархи гандум дар се соли охир ба андозаи 181 фоиз афзуда, захираи ҷаҳонии гандум ва маҳсулоти ғалладона нисбат ба сӣ соли охир дар сатҳи пасттарин қарор дорад.

Дар баробари ин, қариб 100 миллион тонна ғалла танҳо дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико барои истеҳсоли сӯзишвории биологӣ масраф мегардад, ки дар натиҷаи ин дар дигар кишварҳо мушкилоти дастрас намудани маҳсулоти ғалладона эҳсос мегардад. Дар назар аст, ки ҳаҷми коркарди ғалладона то соли 2017 барои истеҳсоли чунин намуди сӯзишворӣ аз тарафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон даҳ маротиба зиёд карда шавад. 

Бо дарназардошти чунин равандҳои ҷаҳонӣ, агар дар кишвар тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида нашаванд, соли ҷорӣ ин омилҳо дар маҷмӯъ метавонанд боиси якбора баланд шудани нархҳо гарданд.

Мақсади асосӣ аз муроҷиати Президенти мамлакат ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дар маҷмӯъ тамоми мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама  дуруст ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи замин ва таъмини ҳарчи бештари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, умуман андешидани ҳамаи чораҳо ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Имрӯз бо шумо- фаъолони вилоят маҳз бо дарназардошти проблемаҳои зикршуда мулоқот дорем, то ки камбудиву норасоиҳои соҳаи кишоварзии вилоятро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои бартараф намудани онҳоро муайян намоем ва бо ҳамин восита ба рушди устувори минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ ва суръати тоза бахшида тавонем.

Дар чунин шароити ҷаҳони муосир аз ҳар яки мову шумо тақозо мегардад, ки мардумро ба меҳнати самарабахш даъват карда, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаҳои  назаррас ноил гардем.

Таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли равон нишон медиҳад, дар вилоят буҷети давлатӣ ба андозаи 108 фоиз иҷро гардида, ба он  49 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нишондодҳои нақшавӣ 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Вале  дар баробари ин  иҷрои нақшаи 2 намуди андоз, аз ҷумла  андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози ягона аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ таъмин нагардидааст, ки дар натиҷа ба буҷет қариб як миллион  сомонӣ  маблағ ворид нагаштааст.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ қариб 19 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) дода шудаанд.

Қисми хароҷоти буҷети вилоят ба андозаи 88 фоиз  таъмин карда шуда, 51 миллион  сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба дурнамо қариб  7 миллион сомонӣ кам  мебошад.

Бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет, дар вилоят бақияпулиҳо аз ҳисоби андоз сол то сол зиёд шуда истодаанд.

То 1 марти соли 2008 маблағи бақияпулиҳо (бо дарназардошти бақияпулии пардохтҳои иҷтимоӣ) дар вилоят 113 миллион сомониро ташкил карда, дар давоми 2 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи  чоруним миллион сомонӣ зиёд гардидааст.Барои таъмини воридоти пурраи андоз ба буҷет ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки аз эътибор соқит намудан ва дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳоро манъ намуда, вобаста ба субъектҳое, ки қобилияти баргардонидани қарзро надоранд, муқаррароти Қонун "Дар бораи муфлисшавӣ"-ро пурра татбиқ созанд.

Бояд зикр кард, ки фаъолияти пурсамари субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳаҳои асосии истеҳсолӣ, аз ҷумла кишоварзӣ барои бештар афзун гардидани даромади буҷет мусоидат мекунад.

Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра  112 миллиону 200  ҳазор сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ё 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 31 ҳазор сомонӣ ва  маҳсулоти чорво 7 миллиону 400 ҳазор сомонӣ  афзоиш ёфтааст.

Умуман, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт ба миқдори 590 тонна, шир 2400 тонна, тухм 1 миллиону 150 ҳазор дона зиёд гардида,  саршумори чорвои калон 163 ҳазору 600 сар, бузу гӯсфанд 237 ҳазор сар, инчунин парранда 249 ҳазор, асп 2 ҳазору 300 сар ва занбӯри асал 3 ҳазор оила афзун гардидааст.

Вале бо вуҷуди чунин дастовардҳо нархи молҳои асосии озуқа дар бозорҳои вилоят нисбат ба пойтахт баланд мебошад. Масалан, гӯшт ба андозаи 13 - фоиз, шир  37 - фоиз, орд 8 - фоиз, биринҷ - 16 фоиз, картошка - 4 фоиз ва пиёз - 21 фоиз баланд аст. 

Бо мақсади танзими нарху навои бозор аз ҷониби сохторҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар қаламрави вилоят маҳсулоти зиёде ворид карда шудааст, вале он ҳанӯз кифоя нест. Фаъолияти бозорҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар тобеиятиИттифоқи «Тоҷикматлубот»  қарор доранд, беҳбудиро мехоҳанд.

Инчунин барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи бонкҳо қарзҳои хурди имтиёзнок пешниҳод карда мешаванд. Ин усул ҳам барои зиёд истеҳсол шудани маҳсулот мусоидат карда, ҳам нархи маводи озуқаро паст менамояд.

Бояд гуфт, ки то ҳол на ҳамаи идораҳои маҳсулоттайёркунии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти мунтазам доранд. Мувофиқи мақсад аст, ки минбаъд низ дар тамоми бозорҳо  мағозаю дӯконҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ташкил ёфта, мунтазам фаъолият намоянд ва нарху навои бозорҳоро ба танзим дароранд. Дар вилоят масоҳати умумии заминҳои корам 343 ҳазор гектар, аз ҷумла  заминҳои корами обӣ  242 ҳазору 700  гектарро ташкил менамояд, ки ин 49 фоизи майдони умумии заминҳои корами обии кишвар мебошад, яъне қисми зиёди муваффақиятҳои ба дастовардаи кишоварзон аз фаъолияти бевоситаи хоҷагиҳои вилояти Хатлон вобастагии зиёд дорад.

Яке аз бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ғаллакорӣ мебошад. Вобаста ба вазъи имрӯзаи болоравии нархҳои ҷаҳонӣ  Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳа аҳамияти хоса зоҳир намуда, фақат барои хариди тухмии гандум ба маблағи  сеюним  миллион сомонӣ ба кишвар 1300 тонна  тухмии гандум  ворид намуд, ки 771 тонна ё  58 фоизаш ба хоҷагиҳои вилоят дода шуд.

Илова бар ин, барои хариди тухми ҷуворимакка аз буҷети ҷумҳуриявӣ якуним миллион  сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки рӯзҳои наздик аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мутобиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ шудгори заминҳо дар вилоят бомуваффақият давом дошта, то имрӯз 93 фоизи дурнамо таъмин  карда шудааст. То санаи 14 апрел кишти баҳорӣ ҳамагӣ  дар майдони 162 ҳазор гектар гузаронида шуда, иҷрои нақша 63 фоиз таъмин карда шудааст.

Аз ҷумла, зироатҳои ғалладонагӣ дар 54 ҳазор гектар ё ин ки 95 фоиз,  гандум  45 ҳазор гектар ё ин ки 91 фоиз, ҷуворимакка 718 гектар ё ин ки 33 фоизи дурнамои давлатӣ таъмин карда шудааст.

Лекин дар ноҳияи Панҷ нисбат ба соли гузашта зироатҳои ғалладона 1429 гектар, Носири Хусрав 354 гектар, Ҷиликӯл 182 гектар, Ҷалолиддини Румӣ 176 гектар ва Мӯъминобод 112 гектар  кам кишт карда шудааст.

Дар ноҳияи Ҷиликӯл кишти гандум нисбат ба соли гузашта 176 гектар, Ҷалолиддини Румӣ 149 гектар  ва Носири Хусрав 351 гектар кам иҷро гардидааст, ки ин аз бемасъулиятии роҳбарони соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Дар баробари ин, тавре ки гурӯҳи корӣ дар ҷойҳо мушоҳида намуд, технологияи парвариши ғалла низ дар заминҳои обӣ  вайрон карда мешавад.

Дар майдони киштшудаи зироатҳои ғалладонаи ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Ёвон, Хуросон ва дигар ноҳияҳои вилоят усули обмониву ғизодиҳӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Чунин муносибат ба пастравии ҳосил оварда мерасонад ва замини обӣ ҳамчун замини лалмӣ истифода бурда мешавад.

Соли гузашта ҳосилнокии зироатҳои ғалладона дар кишвар ба ҳисоби миёна 17,2 сентнерро ташкил намуд, ки моро қаноатманд сохта наметавонад.Имсол дар қаламрави вилоят дар майдони 42  ҳазор  гектар заминҳои  обӣ ғалладона  кишт карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки тайёриро ба ҷамъоварии ҳосил пурзӯр намуда, заминҳои аз ғалла холишударо барои кишти такрории ҷуворимакка, шолӣ, картошка, сабзавот, мош, лубиёгиҳо ва офтобпараст омода намоянд.

Вақтҳои охир кишти зироати шолӣ  қариб ба ҳолати нестӣ расидааст. Дар вилоят ба кишти зироати мазкур то ҳол диққати зарурӣ дода намешавад ва дар соҳили дарёҳо заминҳои  зиёд бекор мемонанд.

Аз ин рӯ, ба Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, барои кишти такрории зироатҳои ғалладонагӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Соҳаи сабзавоткорӣ  ва картошкапарварӣ низ дар вилоят беҳбудиро тақозо менамояд. Дар майдони 2770 гектар сабзавот кишт карда шуд, ки ба 78 фоизи нишондоди дурнамо баробар буда, аз соли гузашта танҳо 7 гектар зиёд мебошад.

Вале дар баробари ин, нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта пиёз 6 фоиз, карам 35 фоиз, помидор 23 фоиз,  бодиринг 40 фоиз кам кишт карда шудааст, ки чунин вазъ ба таъмини барномаҳои озуқавории кишвар таъсири манфии худро мерасонад.

Ҳосилнокии сабзавот соли гузашта дар вилоят нисбат ба ҳаҷми миёнаи ҷумҳурӣ  дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ қариб 22 фоиз ва дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 18 фоиз кам гардида, аз кишти такрорӣ нисбат ба соли 2006-ум   16 фоиз  кам  ҳосил гирифта  шудааст.

Чуноне ки ба ҳама маълум аст, солҳои пеш вилоят бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳоро аз  сабзавоту полезиҳои тару тоза пур карда, ба хориҷ низ содирот менамуд.  Ҳоло бошад, ин гуна маҳсулот дар бозорҳо кам дида мешаванд.

Ҳаҷми содироти сабзавоти вилоят  соли гузашта танҳо 7 фоизи ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил намуд, ки ин тамоман кам аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳистони вилоят, ки иқлимашон ба водии Рашт,Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ғончӣ мувофиқ аст, соҳаи картошкапарварӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудааст. То 14 апрел он дар майдони 881 гектар кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13 гектар кам мебошад.

Соли гузашта ҳосилнокии картошка аз як гектар 143 сентнеро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳосилнокии миёнаи кишвар 52 сентнер паст мебошад. Аз ин рӯ, ба Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳия супориш дода мешавад, ки кишти картошкаро дар ноҳияи иқлимашон мувофиқ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда, барои зиёд намудани ҳосилнокии он тадбирҳои амалӣ андешанд.


Пахтакорӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии вилоят боқӣ мемонад. Тавре ки дар ҷаласаи фаъолони вилоят 16 октябри  соли гузашта ва дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рузҳои 25-26 январи соли ҷорӣ таъкид гардид, дар вилоят нишондиҳандаҳои соҳаи пахтакорӣ назаррас нестанд.

Бо вуҷуди таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии молиявӣ  дар ин соҳа,  солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли пахта кам шуда, дурнамои он таъмин карда намешавад  ва ин соҳаи фоидаовар ба соҳаи зараровар мубаддал гардидааст.

Барои дастгирии  соҳаи мазкур соли гузашта аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз Туркманистон 100 тонна чигити тухмӣ ва имсол  низ 60 тонна чигити тухмӣ аз кишвари Туркия ворид гардид, ки қариб  32 тоннааш ба вилояти Хатлон ҷудо карда  шуд.

То санаи 14 апрел кишти пахта дар вилоят дар майдони 85400 гектар гузаронида шуд, ки ин 53 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним  маротиба зиёд   мебошад. Суръати кишт дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба соли гузашта беҳтар аст.

Соҳаи мазкур соли ҷорӣ ба тарзи нави  маблағгузорӣ, яъне ба воситаи бонкҳо гузаронида шуд. Дар ин бора ба вазорату идораҳои дахлдор ва бонкҳои хизматрасон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  то ҳолати 9 апрели соли 2008 дар тамоми қаламрави вилоят аз майдони 160 ҳазор гектари дурнамо, дар масоҳати 155 ҳазору 300 гектар ё 97 фоиз шартнома баста шудааст.

Масоҳати умумии 57 ҳазору 200 гектар (37 фоиз) ба воситаи бонкҳо, 71 ҳазор гектар (45 фоиз) ба воситаи ширкатҳо ва 28 ҳазор гектар (18 фоиз) майдони пахта бо тарзи худмаблағгузорӣ шартнома баста шудаанд.

Ҳарчанд ҳаҷми маблағи шартномаҳои басташуда ба 240 миллион сомонӣ расидааст, аз он дар семоҳаи аввали соли 2008 танҳо 80 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ ҷудо карда шудааст, ки ҳанӯз кифоя нест.

Вазъи кор дар ин самт чунин аст: «Агроинвестбонк» дар майдони 25 ҳазор гектар бо  маблағи 48 миллиону 200 ҳазор сомонӣ шартнома баста, танҳо  25 миллиону 200 ҳазор  сомонӣ ё ин ки  52 фоизи онро маблағгузорӣ намудааст; «Амонатбонк» дар масоҳати 16 ҳазор гектар ба маблағи 25 миллион сомонӣ шартнома баста, 20 миллион  сомонӣ  ё ин ки 80 фоизи онро маблағгузорӣ намудааст; «Содиротбонк» ба ҳаҷми умумии 16 миллиону 900 ҳазор сомонӣ шартнома баста, аз он танҳо  6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  ё ин, ки 40 фоиз пардохт намудааст; Бонки «Эсхата» ба ҳаҷми 390 ҳазор сомонӣ шартнома баста, 86 фоизи онро пардохт намудааст; «Тоҷпромбонк» аз шартномаи ба маблағи 5 миллиону 700 сомонӣ басташуда, 58 фоизи онро пардохт намудааст. 

Чуноне ки аз маълумотҳои овардашуда бармеояд, ҳиссаи бонкҳо дар маблағгузории соҳаи пахтакорӣ қаноатбахш нест.
Аз ин лиҳоз, ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои зикргардида супориш дода мешавад, ки аз тамоми захираҳои мавҷуда истифода намуда, соҳаи мазкурро пурра маблағгузорӣ намоянд.

Гузашта аз ин, ки аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ба вилоят барои дастгирии соҳаи пахтакорӣ ба маблағи 110 миллион сомонӣ ва 5 ҳазор тонна сӯзишворӣ ҷудо карда шуд, лекин он то ҳол пурра ба дасти деҳқон нарасидааст.

Аз тарафи дигар, мақомоти дахлдор ва вазорату идораҳо оид ба масъалаи  ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакор то ҳанӯз ягон ҳуҷҷати расмӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол накардаанд.

Аз ин лиҳоз, ба Муовини Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон  оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазоратҳои молия ва кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи қарорро вобаста ба ин масъала таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар  баробари  ин, маблағҳое, ки ба  соҳаи пахтакорӣ аз тамоми сарчашмаҳо равона мегарданд, на ҳама вақт самаранок ва мувофиқи мақсад истифода карда мешаванд. Инчунин қонуншиканӣ аз тарафи ширкатҳои сармоягузор низ дида мешавад.

Мувофиқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои фючерӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Хуросон санҷиши мутақобила гузаронида шуд.

Санҷиш нишон дод, ки як қатор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва бесарусомонӣ маблағҳои фючериро, ки барои кишт ва истеҳсоли пахта пешбинӣ шудааст, ба дигар мақсадҳо истифода карда, ба хоҷагиҳо зарари молиявӣ расонидаанд.

(Аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Барот» ба маблағи 59 ҳазор сомонӣ, «Умеда» - қариб 14 ҳазор сомонӣ, «Нилуфар» - 44 ҳазор сомонӣ ва «Бобои Саидамир» - 10500 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ беш аз 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд зарар ворид кардаанд).

Бояд зикр кард, ки онҳо маблағҳои мазкурро тавассути шартномаҳои тарафайн аз ширкати сармоягузор гирифта, дар асл пахта кишт накардаанд ва ба нуқтаҳои пахтасупорӣ пахта насупоридаанд.  Инчунин дар ҷараёни тафтиши иҷрои шартномаи фючерӣ байни хоҷагии деҳқонии «Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷиликӯл ва Ҷамъиятии саҳҳомии «Тамер»-и шаҳри Қӯрғонтеппа муайян карда шуд, ки мудири анбори сӯзишвории хоҷагии мазкур Абдуллоев С. дар давраи аз 1 январи  соли 2006 то 1 октябри  соли 2006 ба миқдори 11600 литр сӯзишвории дизелиро ба маблағи 247 000 сомонӣ ва 5000 литр равғани дизелиро ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ гирифта, дар ҳисоботаш даромад накарда, дар натиҷа ба хоҷагӣ ба маблағи умумии 268000 сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

Тафтиши иловагӣ оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳҳомии мазкур муайян намуд, ки дар солҳои 2004-2005-ум аз ҳисоби 45 қатора сӯзишвории дизелии бо арзиши гумрукии 791000 доллари амрикоӣ аз хориҷи мамлакат воридгардида ба расмияти гумрукӣ дароварда нашудааст, ки аз ҳамин ҳисоб ба маблағи 1 миллиону 311 ҳазор сомонӣ боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба буҷети давлат супорида нашудаанд. Дар рафти тафтиш аз маблағи зикршуда 417 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.

Омили дигаре, ки ба рушди соҳа халал ворид сохтааст, ин ба таври зарурӣ истифода набурдани механизатсия ва дар мӯҳлатҳои зарурӣ нагузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии хоҷагиҳои вилоят ба миқдори  16 миллион доллар аз ҳисоби гранти давлати Япония техникаи кишоварзӣ ворид намуд, вале дар айни замон онҳо дар  кадом ҳолат қарор доранд ва чӣ гуна истифода шудаанд, равшан нест.

Бо мақсади муайян намудани ҳолати истифодабарии онҳо ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва кишоварзӣ супориш дода  мешавад, ки масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷааш то 1 июли соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.


Соли гузашта бо мақсади рушди соҳаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шуд, ки он бояд  мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро ҳал намояд, вале ҳамкории мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ин корхона суст ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имконияту воситаҳоро фароҳам овардааст, ки ин соҳаи имрӯз зараровар аз бӯҳрон бароварда шавад.

Тавре ки зикр кардам, рушди соҳаи мазкур бе тараққӣ додани механизатсия ғайриимкон аст. Вале аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳо ва дигар мақомоти марбута то ҳол масъалаи истифода намудани мошинҳои пахтачинӣ, кӯракғундор ва пахтатозакунак ҳаллу фасл нашудааст. Аз тарафи дигар дар майдонҳои пахта чинакчиён намерасанд ва қисми муайяни ҳосил талаф меёбад.

Барои хотима бахшидан ба ин ҳолат ба раиси вилоят, раисони ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Ёвон, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ супориш дода мешавад, ки дар мавсими имсола на кам аз ду мошини пахтачиниро омода карда, мавриди истифода қарор диҳанд.Назорати иҷрои ин супориш ба зиммаи Вазири кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон вогузор карда  шуда, доир ба масъалаи мазкур  дар маҷлиси солона ахборот дода шавад. 

Бояд зикр намуд, ки то ҳоло ба рушди тухмипарварӣ дар вилоят диққати ҷиддӣ дода намешавад.

Баъзе хоҷагиҳое, ки тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз  1 июни соли 2007 ба шабакаҳои тухмипарварӣ дохил шудаанд, ба ҷои таъмин кардани хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, худашон дар ҷустуҷуи тухмӣ мебошанд.

То ҳанӯз дар вилоят ягон заводи пахта барои истеҳсоли чигити пахта таҷҳизот ворид накардааст. Филиали Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар водии  Вахш, ки солҳои пешин шӯҳрати баланд дошт, имрӯз фаъолият намекунад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зарур аст, ки якҷоя бо мақомоти дахлдор фаъолияти пурраи ин муассисаи илмиро ба роҳ монанд.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ дар вилоят аҳамияти муҳим дорад. Дар айни ҳол дар қаламрави вилоят 713  гектар боғи нав бунёд ва 256 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шудааст, ки ин аз нишондодҳои дурнамо ду баробар зиёд аст.

Дар хоҷагиҳои вилоят зиёда аз 6 миллион ниҳолҳои гуногун  шинонда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 000 бех зиёд мебошад. Вале дар баробари ин, ташкил намудани парваришгоҳҳо барои ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз дар сатҳи паст қарор дошта, соҳаи гулпарварӣ қариб, ки вуҷуд надорад.

Дар робита ба ин, дар ноҳияҳои кӯҳистони вилоят метавон ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асали хушсифат такони ҷиддӣ бахшид. Ҳарчанд ки дар доираи барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, вале ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Бояд роҳбарону масъулони соҳа дар бораи рушди он ва ташхиси навъи асал тадбирҳо андешида, инчунин коркарди онро ба роҳ монанд ва барои ба хориҷа содирот намудани он кӯшиш намоянд.

Дар хоҷагиҳои вилоят шумораи оилаи  занбӯри  асал ба 28  ҳазору 200 оила расонда шудааст, яъне иҷрои нишондоди барнома ду маротиба зиёд таъмин гардидааст, вале  то 1 январи соли 2008-ум 325 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки  нисбат ба соли 2006-ум 22 фоиз кам мебошад.

Соли ҷорӣ бояд аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва Балҷувон 150 оилаи занбӯр ташкил карда шавад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ диққати ҷиддӣ дода, барои содироти асали тоза ба хориҷи кишвар тадбирҳо андешанд.

Мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як масъалаи дигар ҷалб намоям. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои вилоят дар  майдони қариб 27 ҳазор гектар кишти  зироатҳои хӯроки чорворо ба нақша гирифтаанд, ки 15 ҳазор гектарашро алафҳои яксола ташкил медиҳад, лекин ба кадом навъи зироат мансуб будани онҳо маълум нест.

Мувофиқи маълумоти Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аксарияти заминҳое, ки дар он алафи яксола нишон дода шудаанд, заминҳои холимонда мебошанд. Яъне ба ҷои он, ки камбудиҳои соли гузаштаро ислоҳ намоянд, имсол низ дар баробари такрор намудани он боз заминҳои корамро кишт накарда, ба Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти қалбакӣ пешниҳод менамоянд, ки боиси нигаронӣ ва ташвиши ҷиддӣ аст.

Дар қаламрави вилоят солҳои охир паҳншавии малах ба назар мерасад, ки ин ба зироат ва  ҳосили он таҳдид менамояд.

Махсусан солҳои охир дар майдонҳои зиёди хоҷагиҳои ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Қумсангир, Панҷ ва дигар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа паҳншавии малах мушоҳида гардида, дар ҳолати наандешидани тадбирҳои таъҷилӣ ба соҳаи кишоварзии вилоят зарари калон хоҳад расид.

Мувофиқи маълумоти  Вазорати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои вилоят дар майдони 59 ҳазор гектар паҳншавии малах муайян гардида, дар майдони 29 ҳазор гектар коркарди химиявӣ гузаронида, аз ҷониби  Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои вилоят зиёда аз 6 тонна заҳрхимикатҳои гуногун дода шудааст.

Илова бар ин, бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бар зидди он  Вазорати мудофиа, Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба кишоварзон кӯмак мерасонанд. Аз тарафи дигар, барои несту нобуд сохтани ин ҳашароти зараррасон бояд аҳли ҷомеа низ ҷалб карда шавад.

Чорводорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ истеҳсоли маҳсулоти чорво, саршумор  ва маҳсулнокии он нисбат ба соли 2007 зиёд шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз барои рушди соҳа  имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Барои мисол, агар соли 1990  дар вилоят аз шумораи 597 ҳазор сар чорвои калон миқдори 170  ҳазор сарро чорвои зотӣ ва аз 1 миллиону 152 ҳазор чорвои майда миқдори 690 ҳазор сарро чорвои зотӣ ташкил карда бошад, пас то 1 апрели соли 2008 аз шумораи 695 ҳазор сар чорвои калон 8900 сар ва аз 1 миллиону 570 ҳазор бузу гӯсфанд 160 ҳазор сарро чорвои зотӣ  ташкил медиҳаду халос.

Хоҷагиҳое, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаҳои зотпарварӣ ворид шудаанд, ба ном вуҷуд дошта, аз дигар хоҷагиҳои муқаррарӣ фарқ надоранд.

Дар соли 2007 аз ҷониби ин хоҷагиҳо ҳамагӣ 20 сар чорвои калон ва 1000 сар чорвои майда фурӯхта шудаасту халос. Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ин соҳаи муҳим Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки  фаъолияти хоҷагиҳои зотпарвариро пурзӯр намуда, онҳоро  аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоянд ва барои минбаъд зиёд кардани саршумори чорвои зотӣ ва беҳтар намудани зоти он тадбирҳо андешанд.

Дар вилоят солҳои пеш моҳипарварӣ хеле инкишоф ёфта буд ва то соли 1990 ҳар сол то 1800  тонна моҳӣ истеҳсол мегардид.

Дар натиҷаи ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ табдил дода шудани хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияҳои Ҷиликӯл ва  Абдураҳмони Ҷомӣ   истеҳсоли моҳӣ соли гузашта ҳамагӣ 70 тоннаро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 1990-ум 25 маротиба кам мебошад. Доир ба ин масъала дар ибтидои соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон низ ибрози назар карда будам.

Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор карда мешаванд, ки дар мӯҳлати як моҳ ҳолати хоҷагиҳои моҳипарварии вилоятро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба фаъолияти минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас  манзур намоянд.

Паррандапарварӣ соҳаи муҳими кишоварзӣ аст. Бо мақсади рушди соҳаи мазкур  Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015  қабул шудааст, ки татбиқи самарабахши он бояд таъмин карда шавад.

Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори парранда 1 миллиону 250 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Вахш ва Бохтар корхонаҳои паррандапарварӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Вале фаъолияти онҳо ҳанӯз қаноатбахш нест.

Дар се моҳи гузашта хоҷагиҳои паррандапарварии вилоят ҳамагӣ  10 ҳазор дона тухм истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Ҳамадонӣ, Кӯлоб ва Ховалинг хеле паст мебошад.

Бо мақсади рушди соҳа Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҳолати воқеии корхонаҳои паррандапарварии вилоятро омӯхта, ҷиҳати барқарор ва ташкили дурусти фаъолияти онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Масъалаи истифодаи замин, махсусан заминҳои обӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳбудӣ мехоҳад. Мувофиқи маълумоти  Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ соли гузашта 23630 гектар, аз ҷумла 21 000 гектар замини обӣ мавриди истифода қарор наёфтааст.

Ҳамчунин масоҳати 19 000 гектар
замин ҳамчун майдони алафҳои яксола дар ҳисоботи оморӣ ворид гардида, дар асл холӣ монда буданд. Вақти он расидааст, ки Кумитаи давлатии омор  дар ҳисобот мафҳуми алафҳои яксоларо бардошта, ба ҷои он номгӯи зироатҳои киштро ба таври мушаххас қабул намояд.



Масъалаи истифодаии ғайримақсадноки заминҳои обӣ, сохтмони ғайриқонунии манзили истиқоматӣ дар заминҳои корами обӣ, ғасб ва хариду фурӯши замин ва дигар қонуншиканиҳо дар тақсимоти замин дар қаламрави вилоят ташвишовар гардидааст.

Соли гузашта бинобар аз истифода берун мондани заминҳо дар ноҳияҳои Қубодиён, Носири  Хисрав, Фархор, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 9,4 миллион  сомонӣ зарар ворид гардид. Ғайр аз ин, ҳодисаҳои изофанависӣ низ дар кишти зироатҳо муайян карда шуда буд. Имсол ба ин камбудиҳо хотима бахшидан лозим аст. Бояд зикр кард, ки соли гузашта ҳолати  мелиоративии 6000 гектар заминҳои обёришаванда беҳтар карда шуд. Инчунин соли 2007 аз ҷониби Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об  ба миқдори 5 800 миллион метри мураббаъ заминҳо обёрӣ гардидааст, вале ҳаққи хизмати обрасонӣ пурра пардохта нашудааст.

Тозакунии заҳкашу заҳбурҳо дар минтақаи Кӯлоб 29 фоиз ва дар минтақаи Қӯрғонтеппа 46 фоиз, инчунин таъмири иншооти гидротехникӣ мутаносибан 73-74 фоиз таъмин гардидааст. Як қисми заминҳои обии ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа бинобар амалӣ    нашудани корҳои мелиоративӣ ба ботлоқзор тадбил ёфтаанд.

Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи ба истифодаи ширкатҳои ватанӣ додани заминҳои бекорхобида ва заминҳое, ки ҳолати мелиоративии онҳо бад гаштааст, тадбирҳо андешанд.

Ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об,  Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо механизми истифодаи заминҳои бекорхобидаро муайян намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар айни замон барои ба эътидол овардани ҳолати мелиоративии заминҳо 7 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки  маблағи умумии онҳо 579,35 миллион сомониро ташкил медиҳад, мавриди татбиқ қарор доранд, ки  қисми зиёди онҳо дар вилояти Хатлон амалӣ шуда истодаанд.

То имрӯз ба маблағи 95 миллион сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳамчунин дар заминаи барқарорсозии шабакаҳои обёрикунандаи Вахш ва Қизилсу-Ёхсу ҳоло  бо маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ лоиҳаи барқарорсозии кишоварзӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи он корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.

Ба роҳбарияти Маркази татбиқи лоиҳаи мазкур супориш дода мешавад, ки татбиқи пурраи лоиҳаро пеш аз мӯҳлати муқарраргардида таъмин намояд.

Бо мақсади ташкил намудани системаи автоматикунонии иҷрои корҳои кадастри замин ҷиҳати истифодаи самараноки замин, таҳия ва такмил додани заминаҳоии меъёрию дастурӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани кадастри давлатии замин, таҷдиди ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва ба низом даровардани муносибатҳо доир ба истифодаи замин лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, ки маблағи он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад, амалӣ шуда истодааст.

Вале то ҳол суръати татбиқи лоиҳаи зикршуда паст мебошад. Аз ин рӯ, ба роҳбарияти Маркази татбиқи лоиҳаи мазкур зарур аст, ки фаъолияти самараноки марказҳои минтақавии кадастри заминро таъмин намояд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло ҷиҳати обёрии 1750 гектар заминҳои ноҳияи Данғара ва барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ, беҳтар намудани вазъи интиқоли оби нӯшокӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёи Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Ҳамзамон бо ин, рушди устувори соҳаи пахтакорӣ тавассути ҳалли қарзҳои хоҷагиҳо, барқарорсозии истеҳсолот, баланд бардоштани  фоиданокии пахтакорӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли пахта, баланд бардоштани  самаранокии меҳнат дар ҳудуди ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Вахш, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Восеъ ва Фархор лоиҳаҳои Рушди устувори соҳаи пахтакорӣ ва Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ, ки маблағи умумияшон 104 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодаанд.

Ба роҳбарияти ҳамаи марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, ки дар қаламрави вилоят фаъолият доранд, зарур аст, ки татбиқи самаранок ва саривақтии лоиҳаҳои зикршударо таъмин намоянд.

Бояд зикр кард, ки дар давоми се моҳи аввали соли 2008 ба вилоят аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳанда ва сармоягузорон дар маҷмӯъ  203 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 68 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Инчунин ба маблағи 95 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 миллион  сомонӣ ё якуним маротиба зиёд мебошад.

Дар баробари ин, барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз  3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидааст. 

Таҳлили соҳаи комплекси агросаноатии вилоятро дар семоҳаи аввали соли равон анҷом дода, дар маҷмӯъ ба хулоса омадан  мумкин аст, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодаи кишоварзон ҳанӯз захираву имкониятҳои истифоданашуда, ки ба рушди соҳа мусоидат менамоянд, хеле зиёданд. Аз ин рӯ, иҷрои масъалаҳои зерин мувофиқ  мақсад шуморида мешавад:

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазоратҳои молия ва кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Бонки миллии Тоҷикистон  якҷоя бо бонкҳои сармоягузор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:

            - ҷиҳати татбиқи механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан пахтакорӣ тадбирҳои судманд андешида, аз  рафти иҷрои он мунтазам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ахбор манзур намоянд;

            - лоиҳаи қарорро оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор  дар мӯҳлатҳои наздиктарин  таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод созанд.

            2. Вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат, Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар бобати ба заводҳои пахтатозакунии вилоят  ворид намудани таҷҳизоти наву муосир барои истеҳсоли  чигити тухмӣ дар соли 2008 чораҳои мушаххас андешанд.

            3. Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҷиҳати фаъолияти мунтазам ва пурраи филиали институти «Зироаткор»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Вахш воқеъ аст, тадбирҳои зарурӣ андешад.

4. Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои баланд бардоштани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ чораҳо андешида, инчунин корро ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифат ва чорвои зоти ватании хушзот пурзӯр намоянд.

5. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои ҷалби сармоягузорӣ ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои нав ва ҷамъоварии  ҳаққи хизмати обрасонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо ва дигар мақомоту сохторҳо барои рӯёнидани ду ҳосил аз заминҳои обӣ ва афзун намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар доираи иҷрои Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳо истифода баранд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии омор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз иҷрои ин супориш дар моҳи сентябри соли 2008 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

7. Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва сохторҳои он якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дигар мақомоти марбута ҷиҳати ба фаъолияти пурра омода намудани идораҳои маҳсулоттайёркунӣ дар ҳар шаҳру ноҳия ва ба танзим доровардани нарху наво дар бозорҳо тадбирҳои судманд андешанд. Инчунин барои дастрас намудани маҳсулоти кишоварзӣ бидуни ҳар гуна миёнаравҳо ба бозор мусоидат намоянд.

8. Вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои он барои  нобуд кардани малах  ноҳияҳои вилоятро бо заҳрхимикат ва асбобҳои дорупошӣ таъмин намуда, барои пеши роҳи ин ҳашаротро гирифтан аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Дар сурати пурра ва сари вақт амалӣ гардидани дастуру супоришоти баёнгардида мо метавонем тамоми мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бартараф карда, рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем ва барои мардуми худ шароити созгори зиндагӣ фароҳам оварем.

Дар охир изҳори итминон менамоям, ки шумо – фаъолони вилояти Хатлон бо дарназардошти вазифаҳои имрӯ

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

11.1212:48И вновь суд - за неуважение к суду
10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(11)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00