Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.04.200815:48

«Тоҷикматлубот» бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ шартнома мебандад

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», ПокизаМаҳмадбекова). – 18 апрелисолиравондарИттифоқи «Тоҷикматлубот» боиштирокивасоитиахбориомманишастиматбуотӣбаргузоргардид.

Муовини Раиси «Тоҷикматлубот» Гулнора Қоқова оид ба натиҷаҳои фаъолияти хочагию молиявии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якум маълумот дод.

Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон муомилоти чаканаи мол ба андозаи 21,6 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 6,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Иҷрои муомилоти моли муассисаҳои хӯроки умумӣ дар ин давра ба дараҷаи 107,9 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба миқдори 1,1 миллион сомонӣ афзоиш дорад.

«Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ин давра 12 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд аст. То 18 апрели соли равон барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳконию фермерӣ ва дигар истеҳсолкунандагон 732 адад шартнома баста шудааст, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми он 27904 тонна маҳсулотро дар бар гирифта, арзиши умумии онҳо 20,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ташкилоту хоҷагиҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳангоми бастани шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва бо мақсади расонидани кӯмаки молиявӣ ба деҳқонон пешпардохт намудани 30 фоизи маблағи махсулотро то давраи ҷамъоварии ҳосил, ки барои харид ва захира пешбинӣ шудааст, ба роҳ монда шудааст»,- гуфт дар охир Гулнора Қоқова.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0313:59Праздничные гуляния в честь Навруза в Душанбе
21.0311:15Перемена участи
20.0314:45Эмомали Рахмон призвал научную интеллигенцию к инновациям
20.0313:08В Пенджикенте по подозрению в коррупции задержан сотрудник отдела регистрации недвижимости
20.0313:00Ташкентский рейс все еще находится в «воздухе»(3)


Самое обсуждаемое

20.0313:00Ташкентский рейс все еще находится в «воздухе»(3)
20.0309:34Министр транспорта наградил экипаж самолета «Таджик Эйр», совершившего аварийную посадку в Худжанде(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266