Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.04.200815:09

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург рафт

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 2 апрел ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Евразия Маҳмадсаид Убайдуллоев барои иштирок дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия рафт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи сиюми умумии Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфронси байналхалқии парлумонии «Ҷаҳонишавии проблемаи муҳоҷират ва танзими он дар сатҳи қонун» сухан хоҳад кард.

Ӯ инчунин бо Раиси Палатаи намояндагони маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус Вадим Попов, Раиси Жогорку Кенешии Ҷумҳурии Қирғизистон Одохон Мадумаров ва Раиси Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо Луис Марие де Пуч мулоқот намуда, масъалҳои таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистонро бо ин кишварҳо баррасӣ менамояд.

Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Евразия таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0411:33Правительство Таджикистана рассматривает возможность внедрения альтернативной службы
26.0410:58Султонзода о деле арестованных «коррупционеров»: «Это секретно»
26.0410:10В преддверии 20-й годовщины мирного соглашения: с воспоминаниями и без оппозиции
26.0409:42Фигурант дела о теракте в метро Петербурга Содик Ортиков не числится ни в одном из госорганов в Курган-тюбе
26.0409:19Почти половина россиян высказалась за отставку Медведева


Самое обсуждаемое

26.0407:01Экс-сотрудники антикоррупции. «Чистка» продолжается(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263