Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.04.200811:09

А. Раҳмон«Эродҳои Сарвари давлат ба камбудиҳои соҳаи маориф воқеӣ мебошанд»

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - «Ман бори дигар таъкид мекунам, ки барои чун инсони комилу бомаърифат ба воя расидани наврасон маҳз мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ, азхуд кардани донишҳои муосир, технологияҳои замонавӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ муосидат мекунад», - чунин тазаккур дода буд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар ва баъзе камбудиҳои соҳаи маорифро махсус таъкид кард. Дар робита бо ин масъала сӯҳбате оростем бо вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмон.

Абдуҷаббор Раҳмон эродҳои Президенти ҷумҳуриро саривақтӣ ва бо мақсад арзёбӣ карда, изҳор дошт, дар ҳақиқат, имрӯз дар соҳаи маориф бисёр камбудиҳо ҷой доранд, ки вазорат баҳри рафъи онҳо барномаҳои махсусро амалӣ месозад. Ӯ афзуд, ки мо аз роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаб кардем, ки таваҷҷӯҳи хонандагонро ба мутолиаи китобҳои дарсиву бадеӣ ҳарчи бештар ҷалб намоянд. Ҳамчунин, фармони вазири маориф доир ба аз ёд кардани порчаҳои шеърӣ ва ғазалҳо аз осори шоирони гузаштаву муосир соли гузашта ба тасвиб расида буд, ки имрӯз амалишавии ин фармон ба мушоҳида мерасад.

«Эродҳои Сарвари давлат нисбат ба кам хондани толибилмон ва дар сатҳи паст қарор доштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳақиқат ҷой доранд ва омӯзгоронро зарур аст, ки нисбат ба таълиму тарбия сахтгир бошанд. Аз ин хотир мо тасмим гирифтаем, ки эродҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар дар мулоқот бо зиёиён зикр гардид, мавриди баррасии васеъ қарор дода, нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешем», - идома дод вазир.

Вазири маорифи ҷумҳурӣ махсус таъкид кард, ки имрӯз вақти он расидааст, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузарем ва мактабҳо худашон имкони харидории китобҳоро пайдо кунанд ва дар ин самт шояд фармоне ҳам содир шавад, ки ҳар як хонанда бо худаш ба мактаби таҳсилмекардааш як китоб ё маҷалае биёрад. Агар ин кор ба роҳ монда шавад дар ҳар китобхонаи мактаб то 800-1000 китоб ҷамъ мешавад, ки ба ҳалли ин мушкилот мусоидат мекунад.

Маблағгузории сарикасӣ низомаш ба он сурат равона шудааст, ки маблағ аз ҳисоби буҷети давлат мустақиман ба суратҳисоби худи мактаб мегузарад ва на дигар вазорати маориф, на идораи маориф ё молияи шаҳру ноҳия ин маблағро нигоҳ дошта наметавонанд. Дар мактабҳо шӯроҳои ҷамъиятӣ ва Асотсиатсияҳои падару модарон таъсис дода шудааст ва тибқи оинномаи онҳо маблағҳое, ки аз тарафи волидайн барои хизматҳои иловагӣ ҷамъ мешаванд зери назорати бевоситаи ин ташкилот бояд бошанд. Инчунин, ҳар як падару модар ҳуқуқ дорад, ки ба куҷо истифода шудани ин маблағҳоро бевосита назорат кунанд.

«Як чизро бояд махсус қайд кард, ки маоше, ки имрӯз омӯзгор мегирад барои рӯзгораш нокофист. Аз ин рӯ, падару модаронрозарур аст, ки дастаҷамъона барои таҳсили фарзандонашон маблағи иловагӣ пардохт намуда, ин маблағро на ба дасти директор, балки ба суратҳисоби ҳамон мактаб гузаронанд то, ки ин маблағҳо самаранок истифода шаванд», - гуфт Абдуҷаббор Раҳмон.

А. Раҳмон роҷеъ ба масоили хато нашр шудани китобҳои дарсӣ, гуфт, пеш аз он, ки китоб ба нашр супурда мешавад он аз ҷониби якчанд муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба он тақризҳо навишта мешаванд. Пас, агар ин гуна камбудиҳо ҷой дошта бошанд, вой бар он тақризнавису вой бар тартибдиҳандаи ин гуна китобҳост. «Дар ин масъала вазорат кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад ва як чизро бояд воқеъбинона гуфт, ки мо дар замони ислоҳот қарор дорем ва нақшаи таълимӣ метавонад ҳар сол иваз шавад. Китобҳо метавонанд бо шаклу мӯҳтавои дигар нашр шаванд, вале ҳамаи ин маблағҳои зиёдеро тақозо мекунанд. Зеро, дар кишварҳои пешрафта барои як фан чанд китобҳои алтернативӣ доранд ва мутаассифона мо ин имконро алҳол надорем», - идома дод вазир.

Абдуҷаббор Раҳмон тазаккур дод, ки роҷеъ ба бартарафсозии ворид шудани баъзе хатоҳои имлоиву мантиқӣ дар китобҳои дарсӣ вазорати маориф ҳамроҳ бо вазорати фарҳанг ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкили нашриёти нави замонавиро пешниҳод намудааст, ки ба ҳалли ин масъала кӯмак хоҳад расонд. Зеро, бидуни доштани як нашриёти наву замонавӣ беғалат ва бо сифати баланд чоп намудани китобҳои дарсӣ ғайриимкон аст. То имрӯз китобҳои мо ба СD гирифта шуда, дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ё дигар кишварҳо ба нашр мерасанд ва шояд яке аз сабабҳои ҷой доштани баъзан хатоҳо ҳам ҳамин бошад. Сабаби дар хориҷ нашр шудани китобҳо он аст, ки озмунҳое, ки ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси лоиҳаҳои қарзӣ мегузаронанд, онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар куҷое хоҳанд онро чоп кунанд. Агар мо дар дохили кишвар чунин як нашриётро доро бошем, китобҳои мо аз зери таҳрири муҳаррирони варзида гузашта, на танҳо бо сифати баланди ороишӣ, балки бе хатоҳои имлоиву грамматикӣ нашр мешаванд.

Масъалаи паҳнкунии маҷаллаҳои кӯдакона дар мактабҳои миёна, ки аз тарафи шоири маъруфи кишвар Камол Насрулло дар мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли зиё пешниҳод шуда буд, ба тарзи дигар аст. Мо омода ҳастем, ки маҷаллаҳоро хонандагон харидорӣ кунанд, вале имрӯз ин ба як намуди тиҷорат табдил ёфтааст ва ҳоло мо кӯшиш карда истодаем, ки масъалаи харидории маҷаллаҳоро бевосита бо худи хонандагон ба роҳ монем, - гуфт вазир.

А. Раҳмон таъкид кард, сардабироне, ки мехоҳанд маҷаллаҳояшон харидор дошта бошанд, кӯшиш намоянд, ки маводашон озод фурӯхта шавад, на ба он тариқе, ки байни редаксия ва директори мактаб нархгузорӣ шавад. Аз ин нуқтаи назар, барои ин бесарусомониро аз байн бурдан вазорат дастур додааст, ки минбаъд обунаи мактабҳо бо маҷаллаҳои кӯдакона қатъ карда шавад. Ё масъалаи чиптафурӯшӣ дар мактабҳо барои театрҳо низ ба ҳамин монанд аст. Театрҳо ҳамеша бегоҳ, шаб ё рӯзҳои истироҳат кор мекарданд ва ин имрӯз ба он расидааст, ки театрҳо дар вақти муқарраргардидаи дарсҳо саҳнаҳояшонро ба тамошо гузошта, ба хонандагон чиптаҳояшонро мефурӯшанд ва агар ин дар вақти муайян мешуд, аз мақсад орӣ набуд. Ин тадбир бояд аз ҷониби масъулини театрҳо дуруст фаҳмида шавад, зеро имрӯз зарур аст, ки ҳарчи бештар хонандагонро ба омӯзиш ҷалб намоем.

Вазорати маориф имрӯз дар барномаҳои таълимии мактабҳои миёна дохил намудааст, ки аз синфи 4 то 7 алифбои ниёгон омӯзонида шавад. Китобҳои алифбои ниёгон бошад аз синфи 4 то 7 пурра чоп шуда, дастраси хонандагон гардид. Вале дар баъзе мактабҳо омӯзгори ин фан намерасад, ки таъмини он танҳо вазифаи вазорати маориф набуда, аз мақомоти маҳаллӣ низ вобаста аст. Ин масъала бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастгирии ҳамаҷониба ёбад, зеро баҳри ҳавасмандгардонии муаллимони ҷавон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро қабул кардааст.

Вазорати маориф тасмим гирафтаст, ки минбаъд дар китобҳои адабиёт мулҳақот ҷой карда шавад, ки аз ашъори шоирон ва адибон мавод бо ҳуруфи ниёгон ба тасвиб расад ва бо ин усул омӯзиши бештари ин ҳуруф ба роҳ монда шавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью
07.1211:19Эмомали Рахмон надеется, что Всемирный банк поддержит Таджикистан в условиях кризиса


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(4)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156246