Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.04.200816:09

Суханони Президент ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид

            Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмӣ ва тадқиқоти соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад ва солҳои ахир фаъолияти он беҳтару хубтар мегардад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишварт ба олимону муҳаққиқони ин муассиса рӯҳу илҳоми тоза бахшидааст. Инро зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҷелмат Шерматов махсус таъкид намуда ҳамзамон гуфт:

-Дар вохӯриҳоиҳарсолаиПрезидентикишвар бо аҳли зиё масъалаҳои мубрамиилмуфарҳанг баррасӣмегарданд. Мақсад аз ин вохўриҳо хулосабардорӣаз дастовардҳо, муайян намуданивазифаҳои ҳалталаб, роҳҳои беҳтарнамоии барномарезиҳои минбаъда,технологияи амалигардонии онҳост.

Ҷаҳони имрӯзаро ҷомеаидонишбунёд мегӯянд. Рушди иқтисод, беҳтаршавиивазъи иҷтимоӣ ва ѓанигардонии ҷаҳонимаънавиробе илму фарҳанг тасаввур кардан душвор аст. Дар ҳаминасосПрезиденти мамлакат таъкиднамуданд, ки давлат ва халқ ҳақ дорад, ки аз зиёиён дарпешбурди илм, маориф, фарҳанг,умумансатҳи маърифатнокии ҷомеа самараибештарро умедвор бошад.

Дар радифи гуфтаҳои Сарвари давлат беихтиёр фаъолияти яксолаи муассисаамон дар назарҷилвагар мешавад. Баробарибеҳтаршавиивазъииқтисодиюиҷтимоӣ дар мамлакат шароитимоддиютехникиимуассисаҳоиилмӣ низбеҳтар мешаванд, доираимавзӯҳоитаҳқиқот, сифат ва натиҷаиамалии онҳо меафзояд. МуваффақиятҳоиПажӯҳишгоҳимо тайи солҳои охир хеленазаррасанд, валеин мавзӯисӯҳбати алоҳида аст.

Фақат ҳаминрозикркарданиям, ки аз мулоқотто мулоқотзиёда аз 40 номгӯй корҳоиилмии кормандон интишор гардид. Чопи муттасилиосориилмию иттилоотии пажӯҳишгоҳ бо унвони«Паёмномаифарҳанг» оѓоз гардид.

Имсол бахшида ба воқеаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ - 1150 солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, соли бузургдошти забони тоҷикӣ, форуми сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори давлатҳои аъзоиИДМ бисёр корҳои муҳимроба нақша гирифтаем. Рӯзҳои наздик дар мавзӯи «Абӯабдулло Рӯдакӣ дар санъатитасвирӣ, меъморӣ, театрӣ ва мусиқӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад. Шумораи махсуси «Паёмномаи фарҳанг» ва маҷаллаи «Фарҳанг ва ҳунар» бахшида ба ҳаёт ва фаъолиятиАбӯабдулло Рӯдакӣ нашр мешавад. Дастури илмӣ-методии «Рӯдакӣ- қофиласарои назм» ба чоп омода гаштааст.

Дар соли бузургдошти забони тоҷикӣмақсад дорем, ки кулли воситаҳои иттиллотӣ-компютерии пажӯҳишгоҳро бо забони тоҷикӣ танзим намоем. Ҳоло 90% корҳои илмӣ ва 95% корҳои методӣ ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд. Бо мақсадитарѓиби илму фарҳанги тоҷик дар арсаибайналхалқӣ бошад натиҷаимуҳимтарин таҳқиқотҳоиилмро бо забонҳоирусӣ ва англисӣ таҳия ванашрменамоем.

Хӯшбахтонабисёр лоиҳаҳои пешниҳоднамудаимо (шаш лоиҳа) аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод васавдова ташкилотҳои байналхалқӣ дастгирӣ ёфтанд, кибоисибеҳтаршавиишароитимеҳнат ва самаранокии корҳои илмию эҷодӣ мегарданд.

Мувофиқи «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» дар назди пажӯҳишгоҳ маркази таҳқиқотҳоисотсиологӣ доир ба фарҳанг, маркази захираҳои иттилоотии ҳуҷҷатишуда доир ба фарҳанг ва санъат ва ҳамчунин китобхонаи электронии пайваста ба шабакаи Интернет ташкил карда мешавад.

Гуфтаниҳо бисёранд. Ҳамин нуқтаротаъкид карданиям, ки суханронии Президенти кишвар дар мулоқот ба аҳли зиёи кишвар ҳуҷҷати барномавӣ ва раҳнамунест, ки ба кормандони илм рӯҳу илҳоми тоза бахшида, дар иҷрои корҳои илмию эҷодӣ масъулияти зиёдеро талаб мекунад- гуфт дар фарҷоми сӯҳбат Ҷ.Шерматов

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

02.1214:31Хранитель арсенала Ризвона Садирова осужден на 5,5 лет тюрьмы
02.1213:47Алишер Усманов впервые попал в список богатейших людей Швейцарии
02.1212:40В Кыргызстане ликвидировали антинаркотическую службу
02.1211:38Путин отчитался об успехах России. «Медуза» проверила его слова
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(5)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156251