Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

21.04.200812:48

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 нафар директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфт.

Дар сўҳбат масоили рушди макроиқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд.

Гуфтугўйи судманд атрофи барномаи қарздиҳии хурд, дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, ҳавопаймоӣ, обтаъминкунӣ, энергетика ва инфрасохтори шаҳру деҳот сурат гирифт. Зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 34 лоиҳаи хурд дар ҳаҷми умумии 127 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Танҳо соли гузашта барои сармоягузории 9 лоиҳа 40 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гашта буд, ки 21 миллионаш ба бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон барои қарздиҳии хурд ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ дода шудааст.

Масоили вобаста ба Стратегияи навбатиимиёнамуҳлати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Тоҷикистон мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт. Ба ҳадди ду-се маротиб зиёд намудани ҳаҷми сармоягузории бонки мазкур ба Тоҷикистон зарур шумурда шуд.Директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таъкид бар он доштанд, ки дар сурати боз ҳам беҳтар гаштани фазои инвеститсионии кишвар ин вазифа иҷрошаванда аст.

Хотиррасон бояд кард, ки гурўҳи 8 нафараи директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд масоили ҳамкории бонкро бо давлатҳои Норвегия, Финландия, Латвия, Япония, Испания, Мексика, Британияи кабир, Олмон, Словения, Белгия, Люксембург, Белорус ва кишварҳои Осиёи Марказӣ идора мекунанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1207:14Шавкат Мирзиёев побеждает на выборах президента Узбекистана
05.1207:08А не продать ли нам ГУПы? - 2
05.1206:54На выборах президента Узбекистана проголосовало около 88% избирателей
05.1206:15Прокуратурой города Душанбе выявлены факты нарушения прав потребителей электроэнергии
04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247