Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

21.04.200815:48

Ш. Саид«На ҳамаи мутахассисон донандаи хуби забони тоҷикӣ ҳастанд»

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масоили татбиқи қонуни забон бо иштироки кормандони он ҷамъомад баргузор гардид. Дар он раиси ПСС-и Тоҷикистон Шариф Саид сухан ронда, қайд кард, ки тӯли чанд муддат дар ин корхона Комиссияи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии профессор Ғаффор Ҷӯраев ҷвраёни иҷрои қонуни мазкурро санҷида, натиҷагирӣ намуд.

Ғаффор Ҷӯраев роҷеъ ба вазъи истифодаи забони тоҷикӣ дар ПСС андеша ронда, зикр кард, ки дар ин ташкилот фазои хуби татбиқи забони тоҷикӣ ҳис карда мешавад. Комиссия фаъолияти шӯъбаи умумии ин корхонаро санҷида, муайян намуд, ки қариб ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Дар баробари ин Ғ. Ҷӯраев диққати иштирокдоронро ба баъзе норасоиҳо ҷалб намуда, тазаккур дод, ки гарчанде мукотиба дар дохили ҷумҳурӣ бо забони давлатӣ сурат гирифта бошад ҳам, мутаассифона дар баъзе мавридҳо ҷавобҳо ба забони русӣ фиристонида шудаанд. Бахусус, ин ҳолат дар баъзе мактубҳои ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ, Кумитаи гумрук ва аъзои палата фиристодашуда ба назар мерасад.

Ҳангоми муҳокимаи масъалаи мазкур зикр гардид, ки дар роҳи беҳтар намудани вазъи забони давлатӣ дар корхона баъзе мушкилот мавҷуд аст, аз ҷумла сатҳи пасти забондонии хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар ва набудани луғатҳои русӣ-тоҷикии соҳавӣ мебошад.

Шариф Саид дар хотимаи ҷамъомад зикр кард, ки мутаассифона баъзе сохторҳо ҳанӯз аз мо хоҳиш менамоянд, ки ба мактубҳои онҳо бо забони русӣ ҷавоб гардонем. Ғайр аз ин, ҳоло ҳам на ҳамаи мутахассисон донандаи хуби забони тоҷикӣ ҳастанд ва аз ин сабаб дар навиштани номаҳо ва ҳуҷҷатҳо ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки баҳри беҳтар намудани татбиқи иҷрои қонуни забони давлатӣ Комиссияи татбиқи қонуни забони назди ПСС ҶТ таъсис дода шудааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0311:42На юге Таджикистана мужчина задушил женщину «из-за личной неприязни», — МВД
25.0309:32Грузовик «Дулан» опрокинулся в водосточный канал Душанбе. Погибли двое
25.0309:14МИД России разъясняет россиянам, как вести себя в Таджикистане
24.0322:23В Москве прошел дипломатический прием по случаю Навруза
24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре


Самое обсуждаемое

24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(2)
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468847