Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

21.04.200816:48

Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ВМКБ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад

             Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).- Дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз сиёсати бунёдкорона ва таваҷҷӯҳи баробар ба ҳамаи минтақаҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад. Сарвари Давлат ВМКБ – ро макони ганҷҳои кашфношуда номида, ба рушди он мароқи ҳамешагӣ доранд.

Натиҷаи таҳлилу баррасиҳо нишон доданд, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2001 – 2007 аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншоот дар қаламрави вилоят 26,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Яъне дар ин давра ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёду таъмири иншооти гуногуни хоҷагии халқ дар ВМКБ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардидааст.

Тайи солҳои 2001 – 2007 аз ҳисоби маблағҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ дар шаҳраки Навободи ноҳияи Шуғнон дар ҳаҷми 564 ҳазор сомонӣ, ГАХК «Барқи тоҷик» барои сохтмони НОБ - и Помир – 150 ҳазор сомонӣ, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони гидропости Ишкошим дар дарёи Панҷ – 10 ҳазор сомонӣ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва обёрӣ намудани заминҳои нав – 160 ҳазор сомонӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони беморхонаи касалиҳои дил дар шаҳри Хоруғ – 308 ҳазор сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, таҷдид ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳраки Ванҷва барои обтаъминкунии шаҳраки Рӯшон – 170 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳсозӣ дар ВМКБ -2744,0 ҳазор сомонӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯшон – 100 ҳазор сомонӣ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 530 ҳазор сомонӣ, Вазорати маориф ҷиҳати сохтмони мактаб барои 480 ҷой дар шаҳраки Мурғоб – 53,4 ҳазор сомонӣ, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои «Телеком» дар ноҳияи Мурғоб – 358,8 ҳазор сомонӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ маблағ ворид гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии дар буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷудогардида, ки 4992,0 ҳазор сомониро ташкил дод, барои сохтмони хонаи шонздаҳҳуҷрагӣ дар шаҳри Хоруғ – 450 ҳазор сомонӣ, барои сохтмони хонаи шашҳуҷрагӣ дар ноҳияи Роштқалъа 190 ҳазор сомонӣ, барои сохтмони хонаи дувоздаҳҳуҷрагӣ дар шаҳри Хоруғ 2005 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Дар баробари ин, аз ҳамин ҳисоб дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ биноҳои гуногуни маъмуриву маишӣ ва ҷавобгӯи талаботи рӯзмарра қомат афрохтаанд.

Ҳамзамон қобили зикр аст, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 199695 фоизи сокинони ВМКБ тавассути моҳвора аз тамошои барномаҳои марказии шабакаи аввали телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор гардидаанд.

Дар буҷети соли 2008 аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншооти дар қаламрави ВМКБ ба маблағи 20,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар бораи субвенсия ва маблағҳои иловагии аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудогардида бошад, хабар дода мешавад, ки дар давоми солҳои 1995 – 2007 ва семоҳаи якуми соли 2008 аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ВМКБ ҳамагӣ ба миқдори 159,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз он барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят ба андозаи 143,9 миллион сомонӣ ва маблағҳои иловагии мақсаднок дар ҳаҷми 15,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Соли 2008 бошад, субвенсия барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят ба миқдори 41,1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар давоми солҳои 2001 – 2007 дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 14 лоиҳа дар ҳаҷми 124,4 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 15,7 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки лоиҳаҳои «Паст намудани хавфи рахнаи кӯли Сарез», «Ислоҳот дар секторҳои тандурустӣ ва маориф», «Мукаммалгардонии мактабҳо», лоиҳаи дуюм «Оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2002 -2006», «Оид ба инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ» ва «Идоракунии ҳавзаҳои об», «Системаи бақайдгирӣ ва кадастраи замин баҳри тараққиёти устувори хоҷагии қишлоқ», «Барқарорсозии системаи ирригатсионӣ», «Оид ба дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар миқёси вилоят», «Сохтмони роҳҳои автомобилгарди Мурғоб- ағбаи Қулма, Шкев – Зиғар ва Шоғун – Зиғар (дар ду марҳала)», «Сохтмони НОБ – и Помир-1» ва «Рушди соҳаи энергетикаи Помир» аз ҳамин қабил лоиҳаҳо мебошанд.

Дар баробари ин лоиҳаҳо, инчунин Лоиҳаи сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Лоиҳаи назорати зуқуми парранда дар солҳои 2006 – 2010», «Лоиҳаи минтақавии таҳким ва рушди инфаструктураи гумрук» ва «Лоиҳаи мустаҳкам намудани Сиситемаи миллии омор», ки мутаносибан дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ низ дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Вобаста ба таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ, ки 4 июни соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, иҷрои як қатор корҳо аллакай таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, корҳо дар самти сохтмони хобгоҳ барои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, азнавсозии як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим, лоиҳакашӣ ва азнавсозии майдони марказии варзишгоҳ барои 3500 ҷой ва даҳҳо иншооти муҳим бомаром идома доранд.

Дар давоми солҳои 2005 – 2007 бо мақсади додани қарзҳои хурд барои рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна танҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Илова ба ин, ҷиҳати амалӣ намудани банди 16 – и нақшаи чорабиниҳои мазкур мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат аз 2 ноябри соли 2007 бо мақсади таъмиру азнавсозии қасрҳои фарҳангии марказҳои ноҳияҳои Роштқалъа, Дарвоз ва Ишкошим дар ҳаҷми 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда буд, ки маблағгузории онҳо ба пуррагӣ таъмин гаштааст.

Дар доираи мавриди амал қарор додани нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои сохтмони иншооти гимназия – интернат барои 640 ҷой, азнавсозӣ ва таъмири театри ба номи М. Назаров ва сохтмони корпусҳои беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ маблағҳои зарурӣ ҷудо шудаанд. Фармоишгар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маблағгузории ин иншоот мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмин мешаванд.

Умуман, тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ аз 4 июни соли 2007 дар қаламрави вилоят корҳои таъмир, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва сохтмони бештар аз 50 иншоот оғоз гардида, босуръат идома доранд. Дар соҳаи сохтмони асосии вилоятдар давоми 15 соли истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 298890,8 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар бахши аз худ кардани сармояҳои хориҷӣ, қарзҳои бонкӣ, грантҳо ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 2007 ба маблағи 166706,7 сомонӣ аз худ карда шудааст.

Бо мақсади таъмини талаботи аҳолии вилоят бо нерӯи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Шартномаи консесионӣ идораи молиявию иқтисодӣ ва техникии системаи энергетикии вилоятро ба мӯҳлати 25 сол ба Ширкати хусусии барқии «Помир-энерҷӣ» супорид. Дар нерӯгоҳи барқии обии «Помир-1» 2 агрегат бо иқтидори 14000 кВт. дар соли 1994ва 2 агрегати дигар бо иқтидори 14000 кВт. соли 2005 бо маблағи 16285 ҳазор сомонӣ ва иншооти обтаъминкунииЯшилкул дар ҳаҷми 140 миллион метри мукааб об дар як мавсим бо маблағи 15727 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояҳои (қарзҳои бонкӣ) хориҷӣ ба истифода дода шудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ҳанӯз соли 1994 шурӯъ гардида, бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо соли 1995 навбати якуми он бо иқтидори истеҳсолии 14 МВт ба истифода дода шуд, ки бо энергияи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти маркази вилоят ва ноҳияҳои атрофи онро хеле беҳтар намуд.

Умуман дар солҳои 2002 – 2005 аз ҳисоби қарзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории нерӯгоҳи «Помир - 1» ва обанбори танзимкунандаи оби Яшилкул 16,9 миллион доллари ИМА, барқарорсозии дигар иншооти истеҳсолӣ, интиқолӣ ва танзими системаи энергетикии вилоят ба андозаи 5,8 миллион доллари ИМА ва дигар хароҷоти лоиҳавӣ 3,24 миллион доллари ИМА маблағ сарф карда шудааст.

Ҳамзамон 1 ноябри соли 2005 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Помир пурра бо тавоноии 28 МВт пеш аз мӯҳлати дар Созишномаи консенсионӣ омада ба анҷом расонида шуд. Бо иқтидори пурра ба кор даромадани НОБ – и Помир – 1 талаботи аҳолии шаҳри Хоруғ бо қувваи барқ пурра қонеъ карда шуда, вазъи таъмини нерӯи барқ дар ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим ва Рӯшонро беҳтар гардонид.

Бунёд кардану мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи мазкур ва бо қувваи барқ таъмин шудани як қатор ноҳияҳои вилоят дар роҳи истиқлолияти энергетикии кишвар дастоварди назаррас мебошад. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи ба итмом расонидани нерӯгоҳи барқи обии «Помир - 1», ки аз 4 қисм иборат буд, аз тарафи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Нурафзо» бо маблағи 4,2 миллион доллари ИМА ва Ширкати сохтмонии «Ояз иншоот» - и Ҷумҳурии Туркия бо маблағи 3,3 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида шуд.

Яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи вилоят ин таъмин намудани аҳолӣ бо ангиштсанг мебошад. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ВМКБ ягона кони ангишти фаъолиядошта ин кони ангишти Равнови ноҳияи Дарвоз мебошад, ки дар ин кон ҶМММ «ВТИ Помир» дар асоси иҷозатнома ба коркарду истихроҷи ангишт машғул аст.

ҶМММ «ВТИ Помир» дар давоми соли 2005 ҳамагӣ 34 тонна, дар соли 2006 – 631 ва дар соли 2007 бошад, ҳамагӣ 210 тонна ангишт истихроҷ кардааст. Дар ҳудуди вилоят то 01 январи соли 2008 ҳамагӣ 19 нуқтаи фурӯши ангишт бо захираи 120 тонна фаъолият дорад. Айни замон захираи ангишт дар идораю муассисаҳои буҷетӣ4559,8 тоннаро ташкил медиҳад.

Соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи вилоят низ дар ин давра аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, барои бо маблағҳои зарурӣ таъмин намудани ин бахшҳо тадбирҳои аввалиндараҷа андешида шуданд. Аз ҷумла, ҳаҷми пардохти маблағ ба муассисаҳои тандурустии ВМКБ соли 1992 ба андозаи 96 932 ҳазор рублро ташкил дод. Ин раванд сол аз сол ва марҳал ба марҳала зиёд гардида, соли 2008 маблағи 10.024.506 сомониро дар бар гирифт.

Бо назардошти таъмини ташкилоту муассисаҳо бо мутахассисони маҳаллӣ ва фарогирии занону духтарони деҳот ба таҳсил дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳлили қабули донишҷӯёни ВМКБ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2001 – 2008 нишон медиҳад, ки тайи ин солҳо аз ин вилоят 607 духтар ва 147 писар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки ба онҳо талабот зиёд аст, қабул карда шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки мушкилоти нарасидани мутахассисони маҳаллӣ дар вилоят то андозае ҳалли худро ёбанд.

Умуман, сатҳи вазъи зиндагии аҳолии ВМКБ бо назардошти болоравии ҳаҷми истеҳсолот ва собитқадамона амалӣ сохтани сиёсати инсонпарастонаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи хуберо ба бор оварданд. Таҳлили нишондиҳандаҳои омории иқтисодӣ- иҷтимоии ВМКБ нишон медиҳад, ки аз соли 1993 инҷониб сатҳи зиндагии сокинони он батадриҷ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Агар дар соли 1993 ҳадди ақали музди меҳнат ҳамагӣ ба андозаи 0,04 сомониро ташкил дода бошад, пас, дар соли 2007 он ба 20 сомонӣ расид. Музди миёнаи меҳнат бошад, дар соли 1993 ба миқдори 0,094 сомонӣ ва соли 2007 118,57 сомониро ташкил дод.

Сокинони ВМКБ аз он шукргузорӣ мекунанд, ки бо шарофати роҳбаладии фарзонафарзанди миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба марҳилаи эътимодбахши пешрафт ворид шуда, дар фазои ҳамбастагию осоиши ҳаёт фаъолияти бештар доранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1206:54На выборах президента Узбекистана проголосовало около 88% избирателей
05.1206:15Прокуратурой города Душанбе выявлены факты нарушения прав потребителей электроэнергии
04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247