Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.04.200815:48

Ба таври оҷилӣ гузаштан ба алифбои ниёгон имконнопазир аст

(Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард боходими пешбари илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ Ҷавлон Наҷмиддинова.)

Масъалаигузаштанбаалифбоиниёгонёарабиасосазмавзӯъҳоест, кимуддатҳост, дармиёнитабақаҳоигуногуниҷомеамавридибаҳсубаррасиҳоқароргирифтааст. Ба назари шумо дар ҳоли ҳозир, ки шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистон бо ин ҳуруф ошно нестанд, гузаштан ба алифбои арабиасос зарурат дорад ё на?

- Дуруст аст, ки ин масъала айни ҳол дар баробари ба вуҷуд омаданаш дар миёни донишмандон ва аҳли адаби ҷумҳурӣ баҳсу мунозираҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Фаврӣ ба ин хат гузаштан имконнопазир аст.

Зеро тамоми аҳолии Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ то ба имрӯз ба хатти кирилӣ таҳсил намуда тавассути ҳамин хат соҳиби илму дониш ва унвонҳои баланди илмӣ гардидаанд. Бинобар ин якбора гузаштан ба хаттиниёгон зарурат надорад.

Дигар, ба ақидаиман ин мавзӯъ, яъне гузаштан ба хатти ниёгон ба мо насле, ки аз даврони Шӯравӣ то ба ҳол тавассути хатти киррилӣ таҳсил ва соҳибмаълумот шудаем, бояд дахл надошта бошад.

Ин корро метавон аз солҳои ояндамарҳила ба марҳила дар байни он наврасоне, ки бори нахуст ба мактаб ба синфи як қадам мегузоранд ва ояндаи Тоҷикистони азиз ба онҳовобастагӣ дорад, ташкил карданлозим аст.Яънеонҳобаробари мо ҳам бо хатти ниёгонтаҳсил намуда ва ҳам дар дарсҳои забони русӣ ва англисӣ бо хатти кириллӣ ва лотинӣошно мешаванд ва ягон мушкилие ба онҳо бор намеоварад.

Танҳо мо бояд ҳарчи бештар дастурамалҳои худомӯзии хатти ниёгонроомода намоем, китобҳо ва адабиёти таълимиро нашр намоем ва муаллимонро тайёр созем. Дар ин сурат мо метавонембидуни мушкилӣ ба ин ҳадаф, яъне ба алифбои ниёгонамон бирасем.

Таҷрибаи бархе аз кишварҳо нишон дод, ки ба таври якбора гузаштан ба ҳуруфоти ғайрикириллӣ хатари ба вуҷуд омадани мушкилоти зиёд дар ин ҷумҳуриҳоро ба миён овард. Шумо паёмадҳои ояндаи дар кӯтоҳтарин муддат гузаштани ҷомеаи Тоҷикистон ба алифбои ниёгонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Чӣ тавре дар боло зикр намудам, сухан на бояд дар бораимо ашхосе аз даврони Шӯравӣто ба ҳол кору зиндагӣ карда истодаем равад. Яъне моба ҳамон маълумоте,ки доремоҳиста-оҳиста ба бузургсолӣ мерасем. Насли ҷавоне, ки дар паҳлӯи мо бо хатти ниёгон таҳсил менамояд, сол ба сол соҳибмаълумот шуда,дорои хатту забони ниёгонамон мешавад.

Дар мавриди омӯзиши хатти ниёгон дар Тоҷикистони азизамон ягон монеа вуҷуд надорад ва ҳар нафаре, ки шавқ ва хоҳиши омӯхтан ва ёд гирифтани ин хатро дорад, озод аст.

Ба назари Шумо кадом омилҳое вуҷуд доранд, ки зарурати гузаштан ба алифбои арабиасос дар ҷумҳурии моро ба миён овардаанд?

- Омилҳои асосие, ки масъалаи гузаштан ба алифбои ниёгонро ба вуҷуд овардааст, ба назари манин омӯзиши ҳамон баҳри беканори таърих ва илму фарҳанги қадимаи ниёгонамон мебошад.

Осори таърихиву фарҳангии пурғановатимо ҳанӯз ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст, ки ин моро водор месозад, то дар ояндаба ин хат гузарем. Зеро ин китобҳои нодир дар китобхонаҳо оҳиста – оҳиста фарсуда шуда, рӯ ба нестшавӣ оварда истодаанд. Агар мо ватандӯст бошем ва ҳисси миллӣдошта бошем, бояд дар ин самт аз худ бетарафӣ зоҳир нанамоем, алифбои ниёгонамонро биомӯзем ва соҳиби хату забонамон шавем.

Гузаштан ба алифбои ниёгонамон мантиқан дуруст ва зарур аст ва ман дар маҷмӯъ ҷонибдори он ҳастамвале вақти зиёд зарур аст.

Барои сӯҳбати самимӣ сипосгузорам.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу
09.1207:22Госдеп увеличивает объем финансовой помощи Таджикистану
08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312504