Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.04.200816:48

Дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 100 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Дар семоҳаи аввали соли 2008 ба Вазорати адлия 423 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 210 ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии хусусияти байналмилалидошта ворид гардида ба онҳо хулосаи ҳуқуқӣ дода шудааст»,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, ки 22 апрел баргузор гардид.

Вазир ҳамзамон қайд намуд, ки дар ин давра Раёсати пешбурди феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тадвини маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 санади меъёрии ҳуқуқии идоравиро ба қайд гирифта, ҳамчунин 20 санади меъёрии ҳуқуқиро рад кард.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ба 7 нафар ҳуқуқшинос иҷозатнома барои фаъолияти адвокати ваколатдор дода шуд. Бо сабаби нагузаштан аз имтиҳони тахассусӣ ба 3 нафар ҳуқуқшинос додани иҷозатномаи фаъолияти адвокати ваколатдор рад карда шуд.

Аз тарафи мақамоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 96 463 санад ба қайд гирифта шуд, ки назар ба ин давраи соли гузашта 10 448 санад зиёд мебошад, аз ҷумла, сабти таваллуд 35 913 (соли 2007 – 33 474), сабти вафот – 9 156 (соли 2007 - 9149), сабти никоҳ – 26 528 (соли 2007 – 16 080), иваз намудани ному насаб - 2 139 (1 229). Дар баробари ин ақди никоҳи 1331 нафар бекор карда шуд.

Бахтиёр Худоёров иброз дошт, ки аз ҳисоботи омории дар боло зикргардида бармеояд, ки зиёдшавии шумораи бақайдгирии ақди никоҳ ба амалигардонии бевоситаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста аст.

Аз тарафи нотариусони давлатӣ 125 176 амалиёти нотариалӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта 44 843 амалиёти нотариалӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати адлия ва раёсатҳои он 100 ташкилоти ҷамъиятӣ, 585 шахсони ҳуқуқӣ ва 1 246 шартномаи гарав ба қайд гирифта шуд.

Ба маркази ҷумҳуриявии санҷишгоҳи судӣ ва криминалистӣ дар ин давра 686 мавод барои гузаронидани ташхис ворид гардидааст. Ба 651 мавод хулосаи ташхисӣ дода, 22 мавод бинобар сабаби ҷой доштани камбудӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда рад карда шуд ва 35 маводи дигар мавриди омӯзиш қарор дорад. Аксари ташхисҳои гузаронидашуда дар асоси қарорҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ташхиси автотехникӣ, сохтмонӣ- муҳандисӣ ва иқтисодӣ дахл доранд.

Дар се моҳи аввали соли 2008 аз фаъолияти Вазорати адлия ва сохторҳои он ба буҷаи давлат 3 миллиону 802 ҳазору 2 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба се моҳаи аввали соли гузашта ба андозаи 2 170 750 сомонӣ зиёд мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0514:31«Хаттаб» передал трем жителям Пянджа около 20 кг наркотиков
25.0514:18Где тонко, там и рвется... Составлена карта применения пыток в Таджикистане
25.0513:07Улицы Худжанда «осветят» китайские и российские фонари
25.0512:45В Хатлоне молодые люди хотели бросить в здание милиции «коктейли Молотова»
25.0512:34Медицина бесплатна? Министр здравоохранения держит ответ


Самое обсуждаемое

23.0517:54Названо имя исполнителя теракта в Манчестере(1)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
24.0510:03“Бойкот” по-шахритусски. Родных боевиков ИГ хотят выселить из района(1)
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)
25.0507:39Таджикистан презентовал в Пекине свою национальную стратегию развития до 2030 года(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266