Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 апрел таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он лоиҳаи ҚонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавииҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиротба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумониҷумҳурӣ Абдураҳмон Азимов зимни баррасии лоиҳаҳои зикргардида, гуфт, ки ворид намудани иловаю тағйирот ба онҳо ба таҳкими волоияти қонун вафароҳам овардани шароити мусоидиҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.