Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.04.200809:48

Раиси шаҳр аз ҷараёни сохтмони иншоотҳо дар пойтахт изҳори ташвиш намуд

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, ҷараёнисохтмонииншооти гуногуни пойтахт, аз ҷумла «Меҳмонхона бомаркази савдо дар кӯчаи Айнӣ», «Меҳмонхонаи панҷситорадор барои 300 ҷой дар хиёбони Исмоили Сомонӣ» (Ҷамъияти саҳомии масъулияташ маҳдуди «Созидание», Федератсияи Русия), «Меҳмонхонаи панҷситорадор «Душанбе-Серена», «Маркази исмоилиҳо дар Душанбе» (Намояндагии Бунёди Оғо-Хон дар Тоҷикистон), «Маҷмааи меҳмонхона бо маркази савдо» дар кӯчаи Айнӣ (Ширкати «Си-Эйч-Эл-Интернешнл», Ҳиндустон), «Маҷмааи манзил дар кӯчаи С. Шерозӣ (Корхонаи муштараки «Савтехник интершешнл», Эрон»), «Маҷмааи биноҳои истиқоматии «Пойтахт-80» (Ҷамъияти саҳомии масъулияташ маҳдуди «Жилкапинвест», Русия) муҳокима карда шуд.

Дар маҷлис роҳбарон ва намояндагониширкатҳои cохтмонии хориҷие ки ин биноҳоро месозанд, иштирок доштанд.

Раиси шаҳр дар бораи ҷараёни сохтмони ин биноҳо сухан ронда, ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Созидание» -и Русия дастур дод, ки ҷараёни сохтмони меҳмонхонаро тезонад.

Ӯ аз кашолёбии ҷараёни сохтмони Маҷмааимеҳмонхона бомаркази савдо дар кӯчаи Айнӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба намояндагони ширкати «Си-Эйч-Эл-Интернешнл»-и Ҳиндустон супориш дод, ки дар мӯҳлати ду ҳафта камбудиҳои мавҷударо бартараф намоянд. Дар акси ҳол қарордоди ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ширкати «Си-Эйч-Эл Интернешнл» бекор карда, сохтмони бино ҳамчун объекти нотамом ба соҳибкорони дигар дода мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0610:07В Душанбе осуждены мошенники, наживавшиеся на инвалидах
29.0609:40Курган-Тюбе станет Бохтаром, Сарбанд - Левакандом. Череда переименований продолжается(2)
29.0609:09Умер экс-солист "Иванушек International" Олег Яковлев
29.0608:44Глава Пентагона: Путин вредит международным отношениям(1)
29.0608:30ДТП в Вахдате. Погибли два человека


Самое обсуждаемое

27.0610:00Путин: В те годы Россия оказывала активную поддержку руководству и народу Таджикистана(8)
29.0609:40Курган-Тюбе станет Бохтаром, Сарбанд - Левакандом. Череда переименований продолжается(2)
28.0607:39Э.Рахмон открыл школу, построенную китайской компанией TBEA(1)
29.0608:44Глава Пентагона: Путин вредит международным отношениям(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312576