Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.04.200814:55

Аз Паём то Паём

(Нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат оид ба рушди иқтисоди миллӣ то кадом андоза мавриди амал қарор гирифтанд?)

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Соли 2007 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, бахусус, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, расонидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ то 20 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нишондиҳандаи миқдори пул то 15 фоиз ва ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ то ба 21 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ғайраҳоро махсус таъкид карда буд. Роҷеъ ба ин нуқтаҳо аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ корҳо анҷом дода шуданд. Вобаста ба ин масъала маводе дар мусоидат бо ин вазорат омода намудем, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Соли 2007 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни амалӣ гардонидани ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ давом дода шуд. Дар ин сол бо мақсади баҳогузории эҳтиёҷот барои ноил гардидан ба Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола аз тарафиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳуҷҷати муҳим – «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» таҳия шуд, ки бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.

Мақсади асосии амалӣ намудани стратегияҳои мазкур ба таъмини рушди бонизоми иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани ин тадбирҳо ва супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 бармеоянд, як қатор чорабиниҳои дахлдорро анҷом дод, ки ба тезонидани ҷараёни дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, устувор намудани системаи молиявию бонкӣ ва беҳтар намудани дараҷаи зисти аҳолӣ равона карда шуда буданд.

Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 12779,7млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2006 ба андозаи 7,8 таъмин гардид.

Агар ҳаҷми ҳақиқии маҷмўи маҳсулоти дохилии соли 2007-ро нисбат ба соли 2001 муқойиса намоем, болоравӣ 66,9 фоизро ташкил медиҳад. Вале дар баробари ин нишондиҳандаи мазкур ҳамагӣ 71,6 фоизи соли 1991-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2007 Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1790,8 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2006-ум 455,7 сомонӣ ё 34,1 фоиз зиёд аст. Бо асъори хориҷӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2001 агар 289,5 доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас дар соли 2007 ин нишондиҳанда ба 520,2 доллари ИМА баробар мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли 2006 9,9 фоиз афзуда, 5431,4 млн. сомонӣ баробар шуд. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бошад 6,5 фоиз зиёд шуда, 4613,0 млн. сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми гардиши моли чакана бошад, дар ҳамаи соҳаҳои савдо нисбат ба соли 2006 5,2 фоиз афзоиш ёфт.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 3923,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 200625,6 фоиз афзудааст.

Содирот ва воридот мутаносибан 1468,1 ва 2455,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд. Тавозуни гардиши савдои хориҷӣ манфӣ буда, фарқият 987,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод.

Музди меҳнати миёнаи номиналии як корманд дар моҳҳои январ-ноябри соли 2007 ба андозаи 156,74 сомонӣ баробар шуд, ки ба ҳисоби реалӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 фоиз зиёд мебошад.

Дараҷаи таваррум дар соли 2007-ум 19,7 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаҳои индустриалӣ ба душвориҳои молиявӣ, ғайриқаноатбахш будани таъминот бо маводи сўхт, нерўи барқ ва ашёи хом нигоҳ накарда, тадбирҳоро доир ба тармиму таҷдид ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технология ва таҷҳизоти нави ҳозиразамон ба анҷом расонида, дарсоли 2007 ба маблағи 5431,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2006 487,6млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 9,9фоиз таъмин шудааст.

Тибқи маълумоти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ин давра дар корхона бо назардошти ашёи хоми баргарданда 419,1 ҳаз. тонна алюминийи аввалия, ба маблағи 2122,6 млн. сомонӣ ё 40 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишвар истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2006 29,3 млн. сомонӣ ё 5,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе нишондиҳандаҳои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» 3308,8 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2006 458,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиши он 116,0 фоизро ташкил медиҳад.

То 1 январи соли 2008 аз 709 корхонаи саноатӣ, ки аз рўи истеҳсоли маҳсулот ҳисобот супоридаанд, 156 корхона суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 121,6 млн. сомонӣ коҳиш додаанд.

Корхонаҳои саноати маъданҳои кўҳӣ ва металлургияи ранга дар соли 2007 ба маблағи 2281,0 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, нисбат ба соли 2006 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 36,7 млн. сомонӣ ё 1,6 фоиз бештар таъмин кардаанд.

Корхонаҳои саноати мошинасозӣ, кимиё ва коркарди фулузотдар соли 2007 ба маблағи 139,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2006 ба маблағи 45,4 млн. сомонӣ зиёд ё суръати афзоишро 148,3 фоиз таъмин намуданд.

Корхонаҳои саноати маводи сохтмон дар соли 2007 ба маблағи 237,7 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, нисбат ба соли 2006 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба маблағи 60,2 млн. сомонӣ зиёд намудаанд. Умуман, ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, солҳои охир мунтазам афзоиш меёбад. Бо вуҷуди ин норасоии масолеҳи сохтмонӣ, ба монанди семент, хишт ва ғайра ҳис карда мешавад.

КВД «Тоҷиксемент» дар соли 2007 истеҳсоли 450 ҳазор тонна сементро ба нақша гирифта, танҳо аз ўҳдаи иҷрои 311,3 ҳаз. тоннаи он баромад, ки 69 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба соли 2006-ум 29,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар соли 2007 дар соҳаҳои комплекси сўзишворию энергетикии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 414,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба соли 2006104,6 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади иҷрои саривақтии «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007 тасдиқ шудааст, чорабиниҳои Вазорат доир ба татбиқи «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» амалӣ мешавад.

Ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур ва «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» таъсиси корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ дарноҳияҳои Мастҷоҳ, Спитамен, Зафаробод, Фархор, ва шаҳрҳои Ёвону Душанбе бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ оғоз гардидааст, аз ҷумла:

Дар шаҳри Душанбе:

- дар корхонаи ҶМ ДММ «Тоҷ-Пол-Текс»-и шаҳри Душанбе дар ин давра ба маблағи 3869,3 ҳазор доллари ИМА дастгоҳҳо ва таҷҳизоти технологӣ ворид карда шудааст;

- дар КМ ҶММ Тоҷикистону Полша «Тоҷ-Пол-Текс» азнавсозии техникии истеҳсолот бо ворид ва азхудкунии дастгоҳ ва технологияи ширкати «Ритер»-и Швейтсария идома дорад. Корхона ба иқтидори коркарди 6000 тонна нахи пахта дар як сол фаъолият намуда, соли 2007 бо ҷалби 3,9 млн. доллари ИМА 800 ҷои кориро барқарор намуд;

- дар корхонаи КДММ «Замин-Текстил» таҷҳизоти технологии бофандагӣ ба маблағи 68,1 ҳазор доллари ИМА харида шудааст.

Дар вилояти Суғд:

- дар ноҳияи Зафаробод ба ширкати «Хуҷанд Инвест Коттон» барои сохтмоникорхонаи ресандагӣ ба иқтидорикоркарди9000 тонна нахи пахта дар як сол қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Ҳолосохтмони зербинои корхона идома дорад. Дастгоҳҳо ва технологияро аз ширкати «Тайёта»-и Япония мутахассисони Австрия демонтаж карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоварданд. Дастгоҳҳои мазкур ҳамагӣ ду сол истифода бурда шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа 31 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, ки 7 млн. ширкати «Хуҷанд Инвест Коттон» ва 24 млн. доллари ИМА ширкати эронӣ «Некў Груп»сармоягузорӣ мекунанд.

- дар ноҳияи Спитамен ҶСК комбинати Агросаноатии «Гулистон» таъсиси корхонаи ресандагӣ ба иқтидори солонааш 3000 тонна нахи пахта бо ҷалби сармояи 10 млн. доллари ИМА ва кушоданиҷойҳои кори барои 400 нафарро пешбинӣ намудааст. Ҳоло дар ҳудуди 5,4 га замин биноҳоро барои сохтмони коргоҳҳои ресандагию бофандагӣҷудо намуда, барои харидорӣ намудани таҷҳизот ба Бонки Рушди ЕврАзия муроҷиат намудааст.

- дар ноҳияи Мастчоҳ ширкати «Олими Каримзод» таъсиси фабрикаи ресандагиро ба маблағи 24 млн. доллари ИМА ба иқтидори 5000 тонна коркарди нахи пахта ва кушодани ҷойҳои кории нав барои 600 нафар пешбинӣ намудааст. Барои ин бинои собиқ пункти қабули пахтаро барои сохтани иншоот омода намудааст. Роҳҳои комуникатсионӣ мавҷуд буда, барои сохтани коргоҳҳои асосӣ сохтмони«Модул» пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон:

- дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон собиқ коргоҳи дўзандагӣ аз нав барқарор карда шуда, ба он 130 нафар коргарон ба кор ҷалб карда шуданд;

- дар ноҳияи Фархорширкати «Замин Текстил» сохтмони корхонаи бофандагиро ба маблағи 5 млн. ИМА барои истеҳсоли 25 ҳазор метри тўлонӣва кушодани ҷойҳои нави корӣ барои 100 нафар идома дода, дар айни ҳол 235 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки дар натиҷазербиноикорхона рехта шуда, қисман дастгоҳҳои бофандагӣ харидорӣ шудааст.

- дар шаҳри Ёвонсохтмони истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагӣ бо иқтидори солонаи 4 ҳазор тонна коркарди нахи пахта бо ҷалби 46 млн. доллари ИМАва кушодани ҷойҳои корӣ барои 200 нафар дар соли 2010 пешбинӣ шуда буд, ки аз ҷониби ҶММ Корпоратсияи «ХИМА» сармоягузорӣ мешавад. Мутобиқи шартномаи бо ширкати «Тexita»-Италия басташуда, дастгоҳ ва технологияи ин корхона аз фирмаи «Марсоли»-и Италия гирифта мешавад. Корпоратсияи «ХИМА» аз имкониятҳои дохилӣ истифода бурда ҷиҳати иҷрои он пеш аз мўҳлат сохтмони корхонаро соли 2006 тамом намуда, васли дастгоҳҳоро имсол ба анҷом мерасонад.

Дар соли 2007 ҷамъи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми категорияҳои хоҷагиҳо 4613,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 6,5 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла соҳаи растанипарварӣ 3227,7 млн. сомон

Источник: ИА "ХОВАР"
2.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156251