Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.04.200816:55

Мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиён омили рушди фарҳанги миллӣ

            (Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард бовазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонМирзошоҳрух Асрорӣ.)

Мӯҳтарам вазир, тавре маълум, рӯзи 19 марти соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат баргузор гардид. Мехостам таассуроти Шуморо ҳамчун иштирокчии ин мулоқот бифаҳмам?

Дар њаќиќат мулокоти Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо ањли зиё, ки њамасола ба њукми анъана даромадааст, ҳамчун як пайки наврўзї хотирњоро пурнишот месозад.

Президенти кишвар дар ин мулоќотњо бо тањлилу масъалагузории њамаљонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва дарки амиќи проблемаву масъалаҳои љойдошта таваљљўњи ањли илм, адабиёт, њунар, санъат, маориф ва хулоса зиёиёни кишварро, ки машъалбардорони воќеии љомеа мебошанд, ба њаллу фасли онњо равона месозанд.

Мулоќоти Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо намояндагони зиёиён дар партави љашнњои 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тољику форс Абўабдуллоҳи Рўдакї, Соли забони тољикї, Фестивали чоруми санъатикишварњои узви Созмони Њамкорињои Шанхай дар шањри Душанбе баргузор гардид, ки он ҷиҳати таќвияти эњсоси ифтихори миллї,афзун гардондани эътибори кишвар дар арсаи љањонї заминањои мувофиќ фароњам оварда, масъулияти моро дар ин самт боз ҳам афзунтар мегардонад.

Вобаста ба ташаккули њамкорињои илмию эљодї бо мамлакатҳои хориљӣ, вазорат тайи чанд соли охир баргузории рўзњои фарњанги Тољикистонродар Љумњурињои Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Озарбойљон ва ѓайра таъмин намуд. Ҳамчунин, дар ояндаи наздик гузаронидани рўзњои фарњанги Тоҷикистон дар Љумњурињои Белорус, Украина, Туркманистон, Њиндустон дар назар аст, ки ин чорабинињо бањри тақвияти равобити фарњангї мусоидат хоњанд намуд.

Мањз бо шарофати талошњои пайгирона ва дастгирии пайвастаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон мо зина ба зина ба ин дастовардњо ноил мегадем.

Яке аз бахшҳои таъкидҳои Президенти ҷумҳурӣ дар ин мулоқот ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи фарҳанг марбут буд. Дар самти бартараф намудани эродҳои Сарвари Давлат Вазорати фарҳанг дар оянда чӣ тадбирҳоро амалӣ хоҳад кард

Дар суханронии Љаноби Олї, масъалањои басо муњим дар назди Вазорати фарњанг, аз ќабили мутамарказонии маблаѓњои ба соња људошаванда, ба намоиш гузоштани асарњои адабиву њунарї, танзими сафарњои њунармандон, масъалаҳои вобаста ба истифодаи фонограмма ва њамчунин боз њам зиёд намудани теъдод ва фаъол гардонидани кори маѓозањои савдои китоб, таъмини пайвастаи онњо бо китобњои тозанашр гузошта шуданд. Президенти ҷумҳурӣ таваљљўњи кормандони соњаро ба масъалаи минбаъд дар сатњи зарурї ба табъ расонидани китобњои дарсї дар чопхонањои давлатии махсусгардонидашудаи мамлакат равона сохтанд. Њифзи ёдгорињои фарњангию таърихї ва тарзи нигањдории онњо аз мадди назари Сарвари Давлат берун намонд, ки моро ба њаллу фасли бетаъхири ин мушкилот водор месозад.

Вазорат бо ин маќсад бо вазорату идорањо ва маќомоти иҷроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо пайваста њамкорї намуда истодааст.

Бо дастгирии бевоситаи Сарвари Давлат њамасола аз фонди эњтиётии Президенти љумњурї тариќи Муассисаи нашриявии «Адиб» асарњои адибони тољик ба нашр мерасанд. Дар се соли охир аз ин ҳисоб 146 номгўй китоб бо теъдоди 127 600 нусха ба чоп расидааст.

Дар маљмўъ муассисањои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф ва фарњанг», ЉС «Матбуот» ва СИЭМТ тўли семоњаи авали соли ҷорӣ 23 номгўйкитоб бо теъдоди 88 900 нусха нашр намуда, ба фурўш бароварданд.

Албатта, дар ин самт камбудињо низ зиёданд ва мо кўшиш ба харљ медињем, ки бањри ислоњи иннуќсонњо тадбирњои имконпазир андешем.

Ба назари шумо, мулоќоти имсолаи Президенти мамлакат аз мулоқотҳои солњои ќабл чї тафовуте дошт?

Асре, ки мо дар он зиндагї дорем, асри муколамаи тамаддунњо, љањонишавї ва дигар тамоюлњост, ки имрўз љомеаи љањонї дар ин масир роњпаймої дорад. Аз ин хотир, Эмомалї Рањмон чун сиёсатмадори борикбин ва ошно ба ин раванд дар тамоми суханронињо ва фаъолияти њамарўза ин нуктањоро мавриди таъкид ќарор медињанд, ки ин барои мо адабомўз аст. Мањз аз назари ман мулоќоти охир фарогири ин љанбањои басо муњим буд.

Мулоќоти имсола дар ин замина бо шаффофият ва ошкорбаёние, ки аз љониби Президенти кишвар доир гардид, фарќ мекард. Њамаи намояндагони ањли зиё адибону њунармандон, олимону ноширон тавонистанд озодона фикру аќидаҳои худро вобаста ба муваффақият ва мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иброз намоянд. Дар маљмўъ ин мулоќот ба як мањфили њусни тафоњум мубаддал гашт, ки маќбули њамагон гардид.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1207:26Президент Таджикистана сменил глав ряда районов
09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00