Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.04.200814:55

Ш. Сафаров«Буҷети ҷумҳуриявӣ дар семоҳаи якуми соли 2008 ба андозаи 105 фоиз иҷро гардид»

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Буҷети ҷумҳуриявӣ дар семоҳаи якуми соли 2008 ба андозаи 105 фоиз, ё ба маблағи 527 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки ин аз иҷрои нақша 27 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Сафаров дар нишасти матбуотӣ, 23 апрел ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки дар семоҳаи аввал барои хизматрасонии қарзҳои берунаи давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 58 миллион сомонӣ, ё ин ки 17 миллион доллари ИМА равона гардидааст. Аз ҷумла, барои пардохти қарзи асосӣ ба маблағи 54 миллион сомонӣ, ё ин ки 16,8 миллион доллари ИМА ва барои фоизҳои он 4,4 миллион сомонӣ равона гардидааст.

«Тибқи маълумоти оморӣ, дар семоҳаи аввали соли 2008 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2726 миллион сомониро ташкил карда, афзоиши воқеӣ он ба 3,2 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум бошад 2,6 фоизро ташкил намуд», – идома дод Ш. Сафаров.

Дар ин давра буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи сарчашмаҳои даромади дохилӣ ба андозаи 115 фоиз иҷро гардида, ба он маблағи 187 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 24 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар фарҷом Ш.Сафаров ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.1012:40За поучения получил удар ножом. Подробности очередной поножовщины в Душанбе
22.1010:55В Таджикистане задержан глава компании "Умед-88"
21.1014:19Таджикистан станет частью "китайской мечты"?
21.1011:15В Таджикистане под "облаву" угодил правозащитник
20.1018:13Шох Искандаров: "Нас оклеветали"


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468791