Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.04.200815:55

Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар ДДМТ

             Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).- Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии донишҷӯён бахшида ба ҷашнҳои 17- умин солгарди Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ ба кори худ оғоз кард.

Конфронс то 29 –уми апрел давом карда,

дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дигар Донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии мамлакат иштирок доранд.

Ректори ДДМТ профессор Саидаҳмад Одинаев зимни суханони худ дар маросими ифтитоҳи конфронс баргузории онро омили муҳим ва асосӣ барои ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ва дар маҷмӯъ ҷавонон ба омӯхтани илмҳои гуногуну муосири замони худ арзёбӣ кард.

Номбурда таъкид намуд, ки доир намудани конфронси мазкур дар доираи таҷлили ҷашнҳои 17- умин солгарди Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ нишонаи арҷгузорӣ ба дастовардҳои 17- соли соҳибистиқлолии кишвар, хизмату заҳматҳои Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди илму адаби тоҷик ва гиромидошт аз забони бою рангин ва пурғановати миллати қадима ва куҳанбунёди мо мебошад.

Дар конфронс донишҷӯён аз ҳамаи факултаҳои ДДМТ дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаҳои интихобкардаи худ маърӯзаҳо мекунанд.

Сипас, конфронс кори худро дар бахшҳо идома медиҳад. Донишҷӯён тайи шаш рӯз дар ҳамаи биноҳои таълимии ин даргоҳи илму адаб доир ба паҳлӯҳои мухталифи соҳаи илм маърӯзаҳо мекунанд. 
Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0080202