Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.04.200811:55

Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст

          Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Рушди бахши техникаву технологияи муосир ва васеъ гардидани доираи истифодаи манбаъҳои ҳуқуқи муаллиф тақозо мекунад, ки назорат аз болои таълиф ва истеҳсоли ғайриқонунии асарҳо пурзӯр карда шавад. Ин мавзӯъ дар ҷаласаи навбатии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласа таҳти сарварии раиси Комиссия, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова доир гардид.

Зикр гардид, ки қисми зиёди асарҳои аудиовизуалӣ ва барномаҳои компютерӣ, ки имрӯзҳо дар бозору дӯконҳо фурӯхта мешаванд, мутаассифона, ғайриқонунӣ истеҳсол ва паҳн мегарданд. Ҳуқуқвайронкунӣ дар масъалаи пардохти ҳаққи қалами муаллифон, истифодаи ғайриқонунии асарҳои муаллифон, маводи аудиовизуалӣ ва фонограммаҳо аз ҷониби воситаҳои ахбори омма, нашриёт, марказҳои баргузории барномаҳои консерти ва муассисаҳои фароғатӣ ба назар мерасанд.

"Таҷрибаи кории кишварҳои дар ин самт муваффақгашта собит месозад, ки бе ҳамкории зичи мақомоти назоратию қудратӣ ва соҳаҳои махсусгардонидашудаи моликияти зеҳнӣ, бе таваҷҷӯҳи зарурӣ ба таҳкими сохториву кадрии онҳо халли масъалаи ҳифзи моликиятизеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи муаллиф ғайриимкон аст», - гуфт дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ "Ховар" узви Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов.

Комиссия ба шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, ки минбаъд дар ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ рейдҳои муштарак гузаронанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0216:01Прерванный полет: Ташкент отказался принять авиарейс из Душанбе
20.0215:09Пять граждан Таджикистана и Узбекистана погибли в ДТП под Саратовом
20.0215:04Кыргызский уголь потеснили с таджикского рынка
20.0214:48Компания IRS обнародовало имена своих сотрудников, погибших на автодороге Душанбе-Худжанд
20.0214:08Ташкент отказался принять авиарейс из Таджикистана


Самое обсуждаемое

16.0208:35Президент – Рустаму Эмомали: Будь ближе к народу, и народ тебя поддержит(4)
18.0213:50Вице-президент США заявил об ответственности России за войну в Донбассе(3)
20.0216:58Анискин уже не тот?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525