Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.04.200815:55

Пешравиҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар семоҳаи аввал

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- «Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣамонатҳо раванди афзуншавиро дошта, то якуми апрели соли 2008 ба маблағи 2 миллиарду 567,5 миллион сомониро ташкил доданд»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.

Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки дар таркиби амонатҳо 75,6 фоизро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣва 24,4 фоизро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намудаанд. Дар ин давра раванди афзуншавии амонатҳо бо асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ бештар ба чашм мерасад, ки ба ин устуворнокии қурби асъори миллӣ мусоидат намуд. Ҳаҷми амонатҳо бо асъори миллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 2,2 баробар афзуд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои бадастовардаи давраи ҳисоботӣ ба шумор мераванд.

Фоизи миёнавазни амонатҳо дар ин давра мӯътадил буда, аз рӯи амонатҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15 фоизро ташкил доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ибрози ақида намуд, ки маблағгузории қарзӣ, тибқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии қарзҳо, то якуми апрели соли равон, 4 миллиарду 318,6 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 67,2 фоиз зиёд аст. Қобили қайд аст, ки дар таркиби ҳаҷми бақияҳои қарзҳо 46,6 фоизи қарзҳоро асъори миллӣ ва 53,4 фоизро асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0918:12Фарход Холмуродов: «Мы думали, что Фируз скоро наденет генеральские погоны»
20.0913:02Таджикистан занял 71 место по «силе» паспорта
20.0912:03"Подруга плюнула в мою сторону". Легко ли быть атеистом в Таджикистане? ВИДЕО(1)
20.0911:55Зачем президент Узбекистана полетел в США на самолете Усманова?(1)
20.0909:12В Таджикистане под запрет могут попасть девять видов единоборств


Самое обсуждаемое

20.0911:55Зачем президент Узбекистана полетел в США на самолете Усманова?(1)
20.0907:40В Таджикистане хотят запретить профессиональный бокс(1)
20.0912:03"Подруга плюнула в мою сторону". Легко ли быть атеистом в Таджикистане? ВИДЕО(1)
20.0912:25В Таджикистане с благодарностью вспоминают Бурхануддина Раббани(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312459