Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.04.200814:55

Эмомалӣ Раҳмон «Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи бозори истеъмолии кишвар - истифодаи самараноку оқилонаи замин аст»

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - 25 апрели соли 2008 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи ҳафтуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба парлумони кишвар қироат карда, роҷеъ ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон, Стратегияи рушди миллӣ ва дурнамои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар барои солҳои 2009-2015 сухан кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ нуқтаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дигар масъалҳои вобаста ба рушду пешрафти мамлакатро махсус таъкид карда, тазаккур дод, ки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал батаъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду зарурӣ ва тарбияи насли солиму бомаърифат, ки ояндаи миллату давлат бо онҳо тавъам мебошанд, равона шудааст.

Ӯ афзуд, ки воқеан яке аз роҳҳои асосии ҳифзи бозори истеъмолии кишвар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ кардани афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, алалхусус аз заминҳои обӣ дар як сол рўёнидани ду ҳосил ва бо ҳамин роҳ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ вобастагии калон дорад.

Аз ин рӯ,Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон азроҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъват ба амал овард, ки татбиқи саривақтии Муроҷиатномаи Президент ба мардуми кишвар ва тадбирҳои дар барномаҳои миёнамўҳлати соҳавӣ зикршударо ҳамчун самти асосии фаъолияти худ қарор дода, барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат чораҳои қатъӣ андешанд.

Сарвари давлат роҷеъ ба истифодаи захираҳои обии минтақа андеша ронда, зикр кард, ки «ман бори дигар таъкид мекунам, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ вазъият ташаббускори татбиқи лоиҳаҳои обию энергетикӣ бар зарари ҳамсояҳои худ нест ва аз он пуштибонӣ нахоҳад кард.Гузашта аз ин, дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо - мардуми кишвар бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки бунёди нерўгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрўз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст».

Дар ҳошияи паёми худ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди як қатор вазорату идораҳои марбутаи кишвар вазифаҳои мушаххас гузошта, баҳри татбиқи онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамчунин Президенти ҷумҳурӣ ба масъалаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «сиёсати дарҳои кушода аст»дахл намуда, онро яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ кард. 

/Таваҷҷӯҳ: Матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сомонаи интернетии www.khovar.tj дастрас намоед/.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0907:50Кудрин заступился за таджикских мигрантов
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
22.0918:01Дочь главы Азербайджана cделала селфи во время речи её отца в ООН о геноциде
22.0915:14В Таджикистане вынесен приговор еще одному фигуранту «дела коррупционеров»
22.0911:27«Пригласите сюда тех, кто ел плов и снимал на видео». Дело бывшего директора Нацбиблиотеки


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(5)
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468792