Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Рӯзҳои 26 - 27 апрели соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни ҷавонон дар муассисаи давлатии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявӣ тамоюли варзишӣ» баргузор мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилииКумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистонҶалолиддин Нуровхабар дод, ҳайати ҳар як дастаи иштироккунанда аз ҳашт нафар варзишгар ва як мураббӣ иборат аст.Варзишгарони синни то 21-сола, ки хоҳиши дар мусобиқа иштирок намуданро доранд, ба таври ғайриозмунба он роҳ дода мешаванд.
Ба варзишгароне, ки дар намудҳои алоҳида ҷойҳои муайянро ишғол мекунанд аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо диплому медал қадрдонӣ мешаванд.