Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.04.200811:55

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Душанбе, 25 апрели соли 2008

Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёме, ки ҳоло доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури шумо мегардад, давоми мантиқии паёмҳои солҳои пешини Президент ба мақоми олии қонунбарори мамлакат мебошад.

Зеро мо ҳанўз дар роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегие қарор дорем, ки солҳои гузашта барои худ муайян кардаем.

Аксари ин ҳадафу вазифаҳо барои мўҳлатҳои тўлонӣ пешбинӣ шудаанд ва мо ҳар сол ҷараёни иҷрои онҳоро баррасӣ карда, мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, инчунин бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир як қисми онҳоро такмил медиҳем ва мақсадҳои навро муайян ва мушаххас месозем.

Дар ин раванд суръатбахшии ислоҳоти иқтисодиро, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, вазифаи муҳимтарини худ медонем.

Ҷиҳати ноил гардидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул гардид ва мақсад аз онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал батаъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.

Доир ба корҳои анҷомдодаамон пеш аз ҳама бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳои барномаҳои қабулшудаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон пешрафти бонизом ва устувори иқтисоди миллӣ вусъат ёфта истодааст: дар ҳафт соли охир маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 81 фоиз афзуда, танҳо соли гузашта ҳаҷми он нисбат ба соли 2006-ум 7,8 фоиз зиёд гардид.

Татбиқи чорабиниҳои дар самти сиёсати молия ва андоз пешбинишуда ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат намуд: ҳаҷми умумии он соли гузашта 19 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил кард.

Тамоюли камшавии қарзи беруна дар соли 2007-ум идома ёфт: агар соли 2000-ум ҳаҷми умумии он 108 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилироташкил карда бошад, пас дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 30 фоиз баробар гардид.

Вале дар ин роҳ баъзе монеаву омилҳо, аз ҷумла омилҳои берунӣ -дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир болоравии нархи маҳсулоти нафту газ, маводи ғизоӣ ва ҳодисаҳои экологию техногенӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонида, моро водор месозанд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии худ - таъмин кардани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқавории кишварамон тадбирҳои иловагии фаврӣ андешем.

Ҳамчунин бўҳрони энергетикӣ, ки бинобар сардии шадиду тўлонии зимистони гузашта ба миён омад ва таърихи мамлакат чунин ҳодисаро ёд надорад, инчунин беборишӣ ва паҳн шудани ҳашароти зараррасон, ки нишонаи гармиву хушксолӣ мебошад, ба вазъи зиндагии мардуми мо таъсири манфӣ расонид.

Болоравии бесобиқаи нархҳо бори дигар нишон дод, ки бозори истеъмолии мо ҳанўз аз воридоти молҳои асосӣ ва суботи нархҳо аз арзиши сўзишвориву маҳсулоти ғаллаи воридотӣ вобастагии зиёд дорад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо дар соли 2007-ум ба кишварамон ба маблағи 8,3 миллиард сомонӣ, яъне нисбат ба соли 2006-ум 26 фоиз зиёд молу маҳсулот ворид шудааст.

Маҳз бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади таъкиди зарурати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ман ибтидои соли ҷорӣ ба мардуми кишварамон доир ба истифодаи оқилонаву самараноки ҳамаи захираву имкониятҳо муроҷиат намудам.

Ҳамчунин вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолиро бо қарзҳои хурд, тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ, техника ва дигар лавозимоти зарурӣ сари вақт таъмин намоянд.

Воқеан яке аз роҳҳои асосии ҳифзи бозори истеъмолии кишвар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ кардани афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, алалхусус аз заминҳои обӣ дар як сол рўёнидани ду ҳосил ва бо ҳамин роҳ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки татбиқи саривақтии Муроҷиатномаи Президент ба мардуми кишвар ва тадбирҳои дар барномаҳои миёнамўҳлати соҳавӣ зикршударо ҳамчун самти асосии фаъолияти худ қарор дода, барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат чораҳои қатъӣ андешанд.

Сардии шадиди зимистон ва камобии имсола ба иқтисоди кишварамон беш аз 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ зарар расонид ва табиист, ки ин барои дар сатҳи пешбинишуда иҷро гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мушкилоти муайян эҷод мекунад.

Аз ин рў, Ҳукумат ва роҳбарони тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо мақсади дар сатҳи солҳои охир нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди истеҳсолӣ ва беҳдошти минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани қобилияти вокуниши иқтисоди миллӣ ба тағйироти нархҳои ҷаҳонӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии он аз таъсири манфии омилҳои берунӣ тадбирҳои мушаххас андешида, иҷрои онҳоро дар амал таъмин созанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бояд якҷоя бо дигар вазорату идораҳо дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварро дар шароит ва вазъи бамиёномада аз нав баррасӣ ва арзёбӣ намояд.

Ба хотири устувор нигоҳ доштани вазъи бозори истеъмолии кишвар ва пешгириву бартараф намудани падидаҳои номатлуб ҳангоми савдои молу маҳсулоти истеъмолӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳо доир ба танзими савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намояд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоя, аз ҷумла сармоягузории мустақим ба соҳаҳои воқеии иқтисод имкон медиҳад, ки рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоии мамлакат идома ёфта, бо ҳамин роҳ сатҳи камбизоатии аҳолӣ тадриҷан паст карда шавад.

Инкишофи соҳаҳои мазкур инчунин ба беҳтар гардидани шуғли аҳолӣ дар дохили кишвар, таҳким ёфтани диверсификатсияи содирот, беҳбудии сифат ва таъмини дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ мусоидат карда метавонад.

Барои пешбурди самарабахши сиёсати андозу буҷет ва афзун гардонидани даромади буҷети давлатӣ ба Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва сохторҳои маҳаллии онҳо зарур аст, ки дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин масъалаи самаранокии андозҳоро аз нав баррасӣ карда, дар бораи сари вақт ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳои андоз ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, пурзўр кардани мубориза бо иқтисоди пинҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани вазъи андозбандӣ чораҳои мушаххас ва муассир андешида, онҳоро дар амал татбиқ намоянд.

Илова бар ин, ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои даромади буҷети давлатӣ бақияпулиҳои андоз ва пардохтҳои иҷтимоиро ба нақша гирифтан зарур аст.

Бо татбиқи тадбирҳои зикршуда дар соли 2008-ум даромади воқеии буҷети давлатӣ бояд ба 21 фоиз ва то соли 2011-ум ба 24 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Инчунин касри буҷет мўътадил нигоҳ дошта шуда, он бояд аз ним фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ зиёд набошад.

Дар шароити болоравии нархи сўзишворӣ, маводи ғизоӣ ва тавозуни манфии савдои берунӣ фаъолияти мақомоти бонкӣ ва молиявӣ бояд ба хотири мўътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум таҳким бахшида шавад.

Вобаста ба ин, Ҳукумат ва Бонки миллӣ вазифадоранд, ки иҷрои нақшаҳоро оид ба боздошти сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ таъмин намоянд.

Масъалаҳои марбут ба қурб ва мубодилаи асъор, муқаррар намудани фоизпулиҳо, сиёсати қарздиҳӣ, инчунин вазъи таъмини бозори кишвар бо озуқа аз ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод вобаста аст.

Дар моҳҳои охир болоравии бесобиқа ва сунъии нархи нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамчунин боқӣ мондан ва тақвият ёфтани тамоюли ташвишовари афзоиши нархи маводи озуқа, аз ҷумла ғалла ва орд ба иқтисоди бисёр кишварҳои воқеъ дар минтақаҳои музофотии бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зарари бузург расонид.

Ҳарчи бештар возеҳ мешавад, ки раванди начандон бонизоми ҷаҳонишавӣ метавонад боиси бештарқувват гирифтани таназзули иқтисодии баъзе кишварҳо гардад.

Мамлакатҳои дар ҳоли гузариш қарордошта, ки ба шароити бозори озоди иқтисодӣ ва рақобати шадид суст омода ҳастанд, дар ин вазъият аз ҳама бештар осеб мебинанд.

Бовар дорем, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, институтҳои молиявии байналхалқӣ ва кишварҳои аз лиҳози саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон ин хатари трансмиллиро нодида нахоҳанд гирифт ва барои бунёди низоми одилонаи муносибатҳои иқтисодӣдар миқёси глобалӣсаъй хоҳанд кард.

Чунин низом, ба назари мо, таъмини амният ва рушду нумўъро натанҳо барои кишварҳои алоҳида, балки барои ҳамаи давлатҳо бояд фароҳам оварад.

Зарурати беш аз пеши ташкили ин гуна низом аз он бармеояд, ки мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор ҳоло зиёда аз 33 кишвар ба бўҳрони шадиди иқтисодӣ дучор шуда, ба онҳо қариб 1 триллион доллари амрикоӣ хисороти молӣ расидааст.

Пешбурди пурсамари сиёсати пулию қарзӣ ва рушди босуботи низоми бонкӣ аз раванди ислоҳоти сохторӣ, аз ҷумла такмили сохтори Бонки миллӣвобаста аст.

Бинобар ин, ислоҳоти зикршуда бояд дар асоси таҷрибаи пешрафта то охири соли ҷорӣ анҷом дода шавад.

Ҳамчунин торафт афзун гардонидани сармояи бонкҳо, кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ дар мамлакат, таҳкими нақши бонкҳои кишвар дар пешниҳоди қарзҳо, ҳалли масъалаҳои вобаста ба қарзи хоҷагиҳои пахтакор ва ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаи пахтакорӣ, таъмини шаффофияти амалиёти бонкӣ бояд минбаъд низ самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзии давлатамон бошанд.

Мусоидати ҳамаҷониба барои анҷом додани лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикӣ,ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои нав ва бунёд намуданиҷойҳои навикорӣ ҳамчун масъалаҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷии давлат мебошанд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои зикргардида ва суръатбахшӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Фондибайналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо ва Бонки исломии рушд идома хоҳем дод.

Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта собит месозад, ки нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя бағоят калон аст. Соли ҷорӣ дар қаламрави кишвари мо низ ду минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда мешавад, ки дар оянда онҳо бояд ба рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва тиҷорат такони ҷиддӣ бахшанд. Ҳоло корҳои омодагӣ барои ташкили ин минтақаҳо идома доранд.

Солҳои охир ба соҳаҳои иқтисодиёти мо воридшавии сармоя, аз ҷумла сармоягузории мустақим афзоиш ёфта, он соли 2007-ум беш аз 3 миллиард сомониро ташкил намуд, ки аз ин якуним миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим мебошад. Вале ин ҳанўз кифоя нест.

Аз ин рў, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин дигар мақомоти дахлдор зарур аст, ки лоиҳаҳои инвеститсионии навро таҳия карда, ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод созанд.

Дар баробари ин, Ҳукумат бояд ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба хотири ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ чораҳои амалӣ андешад.

Имрўз ба мо зарур аст, ки раванди таҷдиди сохтори корхонаҳои саноатӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнокро тезонида, қисми саҳмияҳои корхонаҳои саноатиро бо мақсади ҷалби инвеститсияҳо равона кунем ва ба ҳамин васила барои густариш пайдо кардани истеҳсолоти қобили рақобат шароити зарурӣ фароҳам оварем.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки дар доираи Стратегияи рушди бозори коғазҳои қиматнок ташкил кардани бозори чунин коғазҳо, таҳияи санадҳои қонунгузории ташаккули воситаҳои нави молиявии бозори фондҳо, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузоронро таъмин намоянд.

Ҳозирини мўҳтарам!

Бўҳрони энергетикии зимистони гузашта моро водор месозад, ки вобаста ба таҳким бахшидани имкониятҳои энергетикии кишвар дар бобати ҳарчи зудтар таъмиру таҷдид кардан ва барқарор намудани иқтидори нерўгоҳҳои мавҷуда, ба роҳ мондани коркарди аввалияи захираҳои ангишт ва аз байн бурдани талафоти беасоси барқу газ чораҳои муассир андешем.

Соли ҷорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ зиёда аз 850 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Дар айни ҳол дар кишварамон 95 нерўгоҳи хурд сохта, ба истифода дода шуда, бунёди 21 иншооти дигар идома дорад ва тибқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони боз 20 нерўгоҳи хурд ба нақша гирифта шудааст.

То охири соли ҷорӣ се агрегати боқимондаи нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-1 ба кор андохта шуда, ба сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2 вусъати тоза бахшида мешавад.

Ҳоло дар асоси лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки маблағи умумии онҳо якуним миллиард сомониро ташкил медиҳад, бунёди хатҳои интиқоли барқи 500 - киловаттаи “Ҷануб - Шимол”, 220-киловаттаи “Лолазор -Хатлон”, барқарорсозии соҳаи энергетикаи кишвар ва кам кардани талафоти нерўи барқ идома дорад.

Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва сармоягузории мустақим дар се соли оянда барои таъмиру таҷдид ва бунёди нерўгоҳҳои барқи обӣ, инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ҷалб намудани зиёда аз чоруним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Мо дар зарфи 17 соли истиқлолият бори аввал имкон пайдо кардем, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва корхонаҳои ватанӣ, дар ҳаҷми умумии 136 миллион сомонӣ бунёди нерўгоҳи барқи обии Роғунро вусъат бахшем.

Соли оянда ҳаҷми маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ду маротиба зиёд карда, ба 272 миллион сомонӣ расонида хоҳад шуд. Бо мақсади ҷалби сармоя барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғун Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиати Ҳукуматро доир ба ташкили консорсиуми байналмилалӣ дастгирӣ намуд ва корҳо дар ин самт оғоз ёфтаанд.

Мехоҳам хотиррасон созам, ки бунёди нерўгоҳи барқи обии Роғун нав оғоз нашудааст, балки он аз даврони шўравӣ идома ёфта, дар ин иншоот тақрибан 40 фоизи корҳои асосии сохтмон ва харидории таҷҳизот ба маблағи умумии беш аз як миллиард доллари амрикоӣ анҷом дода шудаанд.

Ҷиҳати ба охир расонидани сохтмони ин иншооти бузурги тақдирсоз Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Нерўгоҳи барқи обии Роғун” таъсис дода шуда, оиннома ва сохтори идоракунии он тасдиқ гардид ва ҷамъияти мазкур ба фаъолият шурўъ намуд.

Дар робита ба ин, Ҳукумат вазифадор карда мешавад, ки бо истифода ва ҷалби тамоми захираву имкониятҳо барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Роғун тадбирҳои мушаххас ва амалӣ андешад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар як шахси бонангу номус, ҳамаи мардуми шарифу ватандўсти кишвар ва хусусан сохтмончиёну мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои энергетика ва сохтмон муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки ба хотири ҳарчи зудтар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Роғун фаъолона иштирок намоянд ва дар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар масъалаи барқарорсозии иқтидори нерўгоҳҳои мавҷуда мехоҳам зикр намоям, ки бо сабаби дар муддати чандин даҳсола фаъолият кардани онҳо, аз ҷумла нерўгоҳи барқи обии Норак аз соли 1972 ва Қайроққум аз соли 1956 таҷҳизоту дастгоҳҳои технологӣ дар ин иншоот хеле кўҳнаву фарсуда шудаанд.

Бар замми ин, қаъри обанбори онҳо бинобар таҳшиншавии гил торафт баланд гардида, ғунҷоиши об дар онҳо маҳдуд шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин Ширкати “Барқи Тоҷик” зарур аст, ки доир ба таъмиру таҷдиди нерўгоҳҳо бо ҷалби сармояи имтиёзноки хориҷӣ ва хусусан маблағҳои бебозгашт чораҳои мушаххас андешанд. Ба ширкатҳои «Алюминийи Тоҷик», «Барқи Тоҷик» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқу гармӣ то моҳи октябри соли равон иқтидори истеҳсолии марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба 180 мегаватт ва ноҳияи Ёвонро ба 120 мегаватт расонанд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бо Ширкати «Барқи Помир» ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодии нерўгоҳи барқи обии «Санобод»-ро дар ҳудуди ноҳияи Рўшон бо иқтидори истеҳсолии то 80 мегаватт таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд. Ғайр аз ин, бо мақсади беҳбудии таъминоти ноҳияҳои кўҳистон бо нерўи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои барқи обии хурдро барои солҳои 2007-2020мавриди баррасӣ қарор дода, онро дар таҳрири нав пешниҳод созад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо нерўи барқу гармӣ бояд Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо дигар вазорату идораҳои кишвар оид ба истифодаи васеи манбаъҳои истеҳсоли энергия, аз қабили офтоб, шамол, дарёҳои хурд, инчунин корҳои ҷустуҷўии захираҳои ангишт ва нафту газ хулосаҳои мушаххас таҳия намоянд.

Илова бар ин, дақиқан таҳқиқ намудани захираҳои дар қаламрави кишвар мавҷудаи уран ва омода сохтани пешниҳодоти мушаххас дар мавриди истифодаи онҳо аҳамияти бузург дорад.

Дар баробари ин, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои молия, энергетика ва саноат, ширкатҳои “Барқи Тоҷик” ва «Алюминийи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки барои омода сохтани асосномаи техникиву иқтисодӣ ва таҳияи лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи барқи обии “Шўроб” дар дарёи Вахш бо иқтидори беш аз 1000 мегаватт аз соли 2009 сар карда, ҷудо намудани маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

Инчунинвазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва адлия, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тартиби иштироки молиявии шаҳрвандон ва ташкилоту корхонаҳои ватаниро, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар бунёди нерўгоҳҳои барқи обии хурду бузург бо дарназардошти масъалаҳоиҳавасмандгардонии онҳо баррасӣ карда, доир ба роҳҳои амалӣ намудани он ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои мушаххас манзур намоянд.

Дар айни ҳол ба мо зарур аст, ки ба проблемаи пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти беҳуда ва талафоти нерўи барқ, гармӣ, гази табиӣ ва об низ таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир кунем.

Мо бо мақсади танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳо қонун қабул кардем. Зарур аст, ки татбиқи қонуни зикршуда минбаъд низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки сарфаю сариштакорӣ ва парҳез аз сарфу хароҷоти беҳудаву намоишкорона дар ҳамаи самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар истифодаи барқу гармӣ ва обу газ бояд ба одати ҳаррўза ва ҷузъи маданияти оиладории мардуми фарҳангии мо табдил ёбад.

Дар робита ба масъалаи мазкур ба вазоратҳои энергетика ва саноат, мелиоратсия ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз”,мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва аҳли ҷомеа зарур аст, ки дар хусуси истифодаи сарфакоронаву оқилонаи сарватҳои зикршуда ва воридоту мавриди баҳрабардорӣ қарор додани технологияи каммасрафи барқӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Вобаста ба мавзўи истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат мехоҳам таъкид намоям, ки сохтани обанборҳо дар кишварҳои болооб фақат ба манфиати ин кишварҳо нест. Обанборҳо захираҳои обро кам намекунанд, баръакс онро нигоҳ медоранд.

Имрўз ҳама медонанд, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон аз кўҳҳо иборат аст ва кишвари мо дар маҷмўъ 7–8 фоизи захираҳои оби худро истифода мебараду халос.

Аз ин нуқтаи назар, мо обанборҳоро чи дар ҳавзаи дарёҳои Вахшу Панҷ ва чи дар ҳавзаи дарёи Зарафшон на ба хотири манфиати ирригатсионии худамон, балки пеш аз ҳама барои истеҳсоли нерўи барқ ва дар айни замон ба нафъи кишварҳои поёноб бунёд менамоем.

Замони шўравӣ ҳангоми таҳияи нақшаи обёрии заминҳои пахта, ки дар минтақа зироати ягонаи стратегӣ ба ҳисоб мерафт, барои бо об таъмин кардани кишварҳои поёноб бунёди обанборҳо дар кишварҳои болооб пешбинӣ карда мешуд.

Ба хотири ин, ки масъала бештар равшан шавад, ман аз чанд рақам ёдовар мешавам: баъди анҷом ёфтани сохтмони обанборҳои Қайроққум ва Норак дар кишварҳои поёноб зиёда аз як миллион гектар заминҳои нав обёрӣ ва дар минтақа ҳолати мелиоративии ду миллион гектар замин беҳтар карда шуд.

Ман бори дигар таъкид мекунам, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ вазъият ташаббускори татбиқи лоиҳаҳои обию энергетикӣ бар зарари ҳамсояҳои худ нест ва аз онҳо пуштибонӣ нахоҳад кард.

Мо, алҳамдулиллоҳ, мусулмон ҳастем ва хуб медонем, ки мувофиқи фармудаи Худованди мутаол дар оятҳои 67, 69 ва ҳафтоди сураи «Воқеа» ба ҷо овардани шукронаи неъматҳои офаридаи аллоҳ таъоло ба ташнагон об додан савоби бузург аст.

Гузашта аз ин, дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо - мардуми кишвар бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки бунёди нерўгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрўз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст.

Аз ин рў, мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳатман таъмин намоем.

Дўстони азиз!

Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Аз ин рў, масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба ҳисоб мераванд.

Қабул ва татбиқи дурусти барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ва доир ба рушди содироти меваю сабзавот барои давраи то соли 2015-ум имкон медиҳад, ки ҳолати истифодаи замин беҳтар гардонида, дар сурати истифодаи ғайримақсадноки ончораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар шароити баланд рафтани нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин вазифаи ҷонии кишоварзон аст.

Ба ибораи дигар, мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем.

Ҳоло дар кишварамон бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ, ба эътидол овардани вазъи заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии иншооти ирригатсионӣ 15 лоиҳаи инвеститсионӣ бамаблағи умумии 940 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои хариди тухмии зироатҳои кишоварзӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва дигар чорабиниҳо зиёда аз 50миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ғайр аз ин, бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои пахтакор соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷет 140 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо гардидааст, ки пешниҳоди он тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар амалӣ шуда истодааст.

Ҳоло барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ механизми қарздиҳии хурд фаъолона истифода шуда, ҳаҷми умумии он то имрўз ба 350 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта сеюним маротиба зиёд мебошад.

Татбиқи тадбирҳои зикршуда имкон медиҳад, ки дар давоми як сол маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ 16 фоиз ва ҳосилнокии меҳнат 8 фоиз зиёд карда шавад.

Дар иҷрои ин вазифаҳо, яъне пешбурди сиёсати аграрии кишвар, ки дар навбати аввал аз таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди саноати коркарди маҳсулот иборат аст, Вазорати кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд нақши ҳалкунанда дошта бошанд.

Дар баробари ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба хотири иҷрои пурра ва сифатноки барномаҳои қабулгардида оид ба рушди растанипарварӣ ва боғу токдорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарду содироти меваю сабзавот ва дигар барномаҳои соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва муассир андешанд.

Имрўз масоҳати умумии заминҳои корами мамлакат 710 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 500 ҳазор гектари он заминҳои обӣ мебошад.

Дар 250 ҳазор гектар пахта кишт шуда, қисми боқимонда барои парвариши зироатҳои дигар, аз ҷумла ғалладона, зироати равғандор, картошка, сабзавот, полезӣ ва зироатҳои хўроки чорво ҷудо мегардад.

Майдони замине, ки дар он аз аввали тобистон кишти дубора анҷом додан мумкин аст, 100 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки он аз охири тобистон ва аввали тирамоҳ то 250 ҳазор гектар зиёд мешавад.

Ҳосили иловагие, ки аз ин заминҳо рўёнидан мумкин аст, аз 400 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона, сабзавот, полезӣ ва зироатҳои равғандор, инчунин 1 миллиону 200 ҳазор тонна зироати хўроки чорво иборат хоҳад буд.

Фаромўш набояд кард, ки миллати мо аз азал заминдор буд ва сарзамини мо яке аз марказҳои қадимтарини маданияти заминдорӣ ба ҳисоб меравад. Бо чунин иқлими мусоид ва обу замини худододе, ки барои парвариши тамоми навъҳои зироат ва меваю сабзавот дорем, мо набояд дар таъминоти ғалла ва дигар намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ танқисӣ кашем.

Дар шароити имрўза барои кишвари мо рушди саноат ва дар навбати аввал саноати сабук, аз ҷумла шоҳибофӣ, ки ба маҳсулоти он ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат талабот зиёд аст,афзалият дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?
05.1214:49Махмадали Ахмадов, предполагаемый организатор убийства семьи Гошта, предстанет перед судом присяжных
05.1214:46Можно я не умру, пока вы меня не похоронили?


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00