Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.04.200814:55

Сабади лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон ба 1 421 491 доллари ИМА баробар аст

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Сабади лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 лоиҳа иборат буда, то якуми апрели соли ҷорӣ маблағи умумии он 1 миллиарду 421 миллиону 491 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев 24 апрел зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки сабади лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ асосан аз 21 манбаъ сармоягузорӣ карда шуда, 17 соҳаи гуногуни хоҷагии халқро дар бар мегирад. Таркиби ин сабад аз 77,2 фоиз маблағҳои қарзӣ, 11,9 фоиз маблағҳои грантӣ, 7,1 фоиз ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 3,8 фоиз ҳиссаи ҷамоатҳо иборат аст.

Дар фарҷоми нишаст Фаррух Ҳамралиев ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, аз ҷумла вобаста ба мушкилоти миёни Сандуқи байналмилалии Асъор бо Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, ки баҳси СБА дар кори сармоягузории хориҷии Тоҷикистон асароти манфӣ хоҳад гузошт, аммо на ҳамонгунае, ки бархе аз созмону бонкҳои байналмилалӣ пешбинӣ мекунанд. Ҳамкории мо бо ҳама созмон ва бонкҳои молӣ мисли қабл идома мекунад. Ҳоло Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё низ лоиҳаҳои худро татбиқ менамоянд ва нияти қатъи фаъолияти худро надоранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0318:48Делегация Молдовы отказалась ехать на заседание МПА СНГ в Петербург
23.0316:00Как Дмитрий Маликов проложил Сабине Шамсэд путь на российскую сцену
23.0314:47В центре Киева убит бывший депутат российской Госдумы
23.0311:15Президент открыл новый учебный корпус школы в джамоате Унджи Б.Гафурова (фото)
23.0309:53В ДТП на юге Таджикистана погибли четыре человека


Самое обсуждаемое

20.0313:00Ташкентский рейс все еще находится в «воздухе»(3)
20.0309:34Министр транспорта наградил экипаж самолета «Таджик Эйр», совершившего аварийную посадку в Худжанде(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0625054