Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.04.200808:55

Ҳаҷми маблағҳои инвеститсионӣ афзоиш ёфт

Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар давоми семоҳаи аввали соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 315,3 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,7 зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 54,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ, аз ҷумла 33,6 миллион сомонӣ мансубияти истеҳсолшуда ба истифода дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25,8 фоиз бештар мебошад.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз маблағи умумии истифодашуда 165,8 миллион сомонӣ барои истеҳсоли маҳсулот сарф шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 фоиз зиёд аст. Дар ин давра аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикстон 47 корхонаи дорои сармоягузории хориҷӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки маблағи умумии фонди оинномавии онҳо 40,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 13,4 миллион сомонӣ кам мебошад.

Дар давоми семоҳаи аввал аз тарафи 28 давлати хориҷии дуру наздик ба маблағи 17885 ҳазор доллари амрикоӣ ё 9041 тонна ёрии башардӯстона ба ҷумҳурӣ ворид гардидаст, ки ин нисбат ба соли 2007 зиёд аст.

Бояд гуфт, ки нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии кишвар дар семоҳаи аввали соли равон 1032,6 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин дар муқойиса ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 15,8 фоиз зиёд буда, ҳаҷми содирот 337,3 миллион ва воридот 695,3миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(1)
22.0516:30За кого предпочитают выходить замуж таджички?
22.0514:54В Интернете выложили фото, якобы из тайников задержанных антикоррупционеров (5 фото)
22.0512:22В сети появились фото из тайника одного из задержанных антикоррупционеров
22.0512:00Священный месяц Рамазан в Таджикистане наступит 27 мая


Самое обсуждаемое

22.0506:34Эмомали Рахмон встретился с Дональдом Трампом(1)
22.0509:00Первая встреча президентов Таджикистана и Узбекистана: теплое рукопожатие(1)
22.0513:12В нападении на офицера ГКНБ в Кулябе подозревается группа салафитов(1)
22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(1)
21.0512:33Таджикистан - страна докторов наук?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263