Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.04.200814:55

«Тоҷикматлубот» - дар танзими нарху наво чӣ гуна саҳм дорад?

Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» , Лаззат Диловарзод бо раиси сардори шӯъбаи хоҷагиҳои ёрирасони Раёсати «Тоҷикматлубот» Бурихон Нурхонов

Савол:- Мӯҳтарам Бӯрихон Нурхонович, хоҳишмандам дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони тобеи Раёсати «Тоҷикматлубот» мухтасар маълумот диҳед.

Ҷавоб : - Дар«Тоҷикматлубот» 46 хоҷагии ёрирасон фаъолият дорад, ки се тои он хоҷагии ёрирасони «Ширкент» дар ноҳияи Турсунзода,«Заркамар» дар ноҳияи Ҳисор ва«Ҳисор» дар ноҳияи Рӯдакӣ хоҷагиҳои мустақиланд. Боқимонда 43 хоҷагии ёрирасондар назди идораҳои зертобеи «Тоҷикматлубот» дар масоҳати 6389 гектар фаъолиятмебаранд. Аз ин 670 гектарашро замини корам ташкил медиҳад, ки 329 гектари онзаминҳои обӣ мебошад.

Дар ихтиёри хоҷагиҳои ёрирасон 748 гектар боғ, 852 гектар токзори нав ва 430 гектар боғҳои ангури ҳосилдеҳ қарор доранд.

Хоҷагии ёрирасон соли гузашта 371 тонна сабзавот, 1114 тонна ангур, 427 тонна мева, 57 тонна полезӣ , 208 тонна ғалла, 45 тонна картошка, 6 тонна зағир, 262 тонна пахта ва 676 тонна хӯрокичорво истеҳсол намуданд . Соли гузашта аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасон 9 гектар боғи нав бунёд гардид. Умуман дар давоми 4 соли охир 131 гектар боғбунёд карда шудааст.

Савол:- Хоҷагиҳои ёрирасон дар кори таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти чорво чӣ гуна саҳм мегузоранд?

Ҷавоб:- Азбаски айни ҳол соҳаи чорводорӣ ба таври зарурӣ инкишоф дода нашудааст, истеҳсоли гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад. Дар давоми сол ҳамагӣ дар хоҷагиҳои ёрирасон 5 тонна гӯшт истеҳсол мегардад. Ин вобаста ба имкониятҳои нигоҳдории шароити чорводорӣ мебошад, ки «Тоҷикматлубот» чунин имкониятҳоро надорад. Аз ҷумла замин барои кишти хӯроки чорво ҷудо карда нашудааст. «Тоҷикматлубот» роҳи дигари бо гӯшту шир таъмин намудани мардумро истифода мебарад, яъне тавассути харидану ба бозорҳо ворид кардани он аст. Барои ин аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола маблағҳои муайян ҷудо мегардад.

Соли равон барои хариди маҳсулот ва ба бозор ворид кардани он 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Савол : - Дартанзими нарху навои бозорҳо «Тоҷикматлубот» чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

Ҷавоб : - Дар масъалаи он, ки бозорҳои ҷумҳурӣ чӣ тавр ба танзим дароварда мешаванд, ин таҳлиличуқурро мехоҳад, ки ба салоҳиятиман вобаста нест.

Савол : - Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 50 милион сомонӣ барои пешбурдихоҷагиҳои ёрирасони «Тоҷикматлубот» ҷудо карда шудааст. Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

Ҷавоб: -Шояд ин маблағ барои тамоми соҳаи кишоварзӣ бошад, ман дар ин бора маълумот надорам. Чанде қабл, манчунин иттилоъроаз рӯзномаи«Ҷумҳурият» пайдо намудам, ки «Тоҷикматлубот» барои пешрафти хоҷагиҳои ёрирасон 50 миллион сомонӣ ҷудо карда бошад. Медонам, ки «Тоҷикматлубот» барои хариди тухмии картошка як қадар маблағ ҷудо намуд, аммо имконияти ҷудокардани чунин маблағҳои калонро «Тоҷикматлубот» надорад. Шояд ин ҷо хатои техникӣ шуда бошад ва ё мухбир дар ҷудо намудани маблағ ба ҷои Ҳукумати ҷумҳурӣ «Тоҷикматлубот» - ро овардааст.

Савол: - Ҳукумати ҷумҳурӣ соли равон барои «Тоҷикматлубот» 9,5 сомонӣ ҷудо намуд. Бо ин маблағ метавонфаъолияти хуби хоҷагиҳои ёрирасонро ба роҳ монд?

Ҷавоб:-Бо ин маблағ аз ноҳияи Мурғоб сар карда, тоБишкент ва аз Ҷиргатол то ноҳияи Турсунзода ҳамчунин дар қаламрави вилояти Суғд новобаста ба шаклимоликияташон азҳамаи хоҷагиҳо маҳсулот харид карда мешавад. Ба таври дигар гӯем, мо маҳсулоти зиёдатироазҳамаишаклҳои хоҷагиҳо, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, харида вориди бозор менамоем. Ҳоло аз тарафи Раёсати «Тоҷикматлубот» дар ҳамаи ноҳияҳо идораҳои маҳсулоттайёркунӣ таъсис дода шудааст.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон дар ноҳияи Данғара ба ҳамаи раисониноҳияҳо супориш дода будааст, киидораҳои маҳсулоттайёркунӣ аз нав эҳё карда шавад. Ин идораҳо на фақат маҳсулоти кишоварзӣ , балки ба захираи сӯзишворӣ низ бояд машғул бошанд.

Савол : -Яке аз сабабҳои қиматии нарху навои бозор ин аз дасти шахси дуюм ва сеюм харидани маҳсулоти кишоварзист. Дар ин бобат оё «Тоҷикматлубот» ягон чорае меандешад?

Ҷавоб:- Раёсати «Тоҷикматлубот»соли сеюм аст, ки ба идораҳои зертобеи худ супориш додааст, то дар назди бозорҳое, ки дар тавозуни идораҳои «Тоҷикматлубот» мебошанд «Гӯшаи ёрӣ барои деҳқон» ташкил намояд. Дар ин маврид, танҳо намояндагони идораҳои «Тоҷикматлубот» ҳуқуқи хариди маҳсулоти деҳқонро доранд ва ё ба деҳқон дар ҳамин гӯшаи бозорбароимаҳсулоташро озодонасавдо намудан, мусоидат менамояд.

Савол :-Чаро дар ин «Гӯшаи ёрӣ барои деҳқон» худи деҳқон нест.

Ҷавоб - Раёсати «Тоҷикматлубот» гӯшаро ташкил кард. Ба деҳқон шароити мусоидро фароҳам сохт. Шумо огоҳ ҳастед, киҳозир савдоозод аст ва ба соҳибкорон имконияти калон дода шудааст. Дар вақташ савдоро Вазорати савдо ва Иттифоқи«Тоҷикматлубот» ташкил мекарданд. Ҳамаи бозорҳо ба танзим дароварда шуда буданд.

Савол :-Пас бозорҳо дар итоати кӣ мебошанд?

Ҷавоб:- Директорони бозорҳоидар тавозунииттифоқи «Тоҷикматлубот» Буда, ба сохторҳои иттифоқи «Тоҷикматлубот» итоат мекунанд. Ҳоло ҳамаи бозорҳои калонтарини шаҳр,аз ҷумла «Шоҳмансур», «Баракат», «Саховат» ва дигар бозорҳо дар ихтиёриҲукумати шаҳр қарор доранд ва танзими ин бозорҳоба он вобаста аст. «Тоҷикматлубот» ҳам дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати шаҳр корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Мо дар тамоми бозорҳо барои паст кардани нархи гӯшт, сабзавот ва меваҷотаз дигар шаҳру ноҳияҳои қаламрави ҷумҳурӣ чунин маҳсулотро харидорӣ намуда, дар бозорҳо бо нархи ба мардум дастрас пешкаш мекунем.

Савол :- Пас вақте, ки нархи гӯшт то ба 18 сомонӣ боло рафт, чаро «Тоҷикматлубот» онро танзим карда натавонист, дар сурате, киаз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсадитаъминимаводи ниёзи мардум 9,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ҷавоб:- Хоҷагиҳои ёрирасонро аз Вазорати кишоварзӣ боядфарқ кард. Мо ҳамагӣ 670 гектар замини корам дорем. Бо 670 гектар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон метавон бозорҳоро танзим кард? Албатта не! Маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасон танҳо бо мақсади нигоҳдории сохторииттифоқи «Тоҷикматлубот»сарф карда шуда, зиёдатии маҳсулоти он ба бозор бароварда мешавад.

Савол:- Хоҷагиҳои ёрирасон тибқи амри Президенти ҷумҳурӣ дар бораи ба даст овардани ҳосили дуюму сеюм чӣ корҳоро анҷом медиҳанд?

Ҷавоб:- Мо аз соли 2006 сар карда, дар заминҳои обӣ баъд аз гирифтани маҳсулоти якум, кишти дуюми зироатҳоикишоварзиро ба роҳ мондем. Ҳоло бошад баҳри иҷрои муроҷиатномаи Сарвари давлат вазифаҳо муайян карда шудааст ва барои гирифтани ҳосили дуюм нақша – чорабиниҳотартиб додем. Аз ҷумла, майдони аз 329 гектар заминҳои обӣ дар 63 гектараш барои гирифтани ҳосили дуюм кишти такрорӣ гузаронида мешавад.Ба замми ин, дар хоҷагиҳои боғу токпарварӣ, ки дар талу теппаҳо ҷойгир шудаанд, лӯбиё, нахӯд, наск, тарбуз ва каду кишт карда мешавад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳосили заминҳои талу теппаҳо хеле паст аст, аммо барои таъмини аҳолӣ бо озуқа, кишти зироатҳо ба манфиати кор аст, зеро дар ин заминҳо аз қувваи арзони корӣбе истифодаи техника, ки хароҷоти зиёдро талаб мекунад, истифода мешавад. Ҳамчунин, андози заминҳои лалмӣ ҳам хеле кам аст. Ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд барои зиндагии ҳаррӯзаи худ аз ин заминҳо истифода баранд, имконияти зиёд дода шудааст. Бахусус, дар муроҷиатномаи Президенти кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ омадааст, кишаҳрвандон аз тамоми заминҳои холӣ истифода кардабе пардохти андозҳобарои худ маҳсулотистеҳсол намоянд.

Ба ғамхорие, ки Президенти мамлакат барои мардум фароҳам овардааст, танҳо заҳмату нангу номус лозим аст, ки он ҳам хоси ин миллати сарбаланди мост.

Барои сӯҳбататонташаккур!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции
03.1208:28М.Убайдуллоев подверг критике работу столичных энергетиков


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(6)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156341