Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.04.200816:55

Устоди касби худ

«Дар шароити Тоҷикистон рушди

боғдорӣ вазанбӯрпарварӣ яке аз со-

ҳаҳоидаромаднок ва фоидаовар ме-

бошад, ки ҳазорон нафарро бо кор таъмин карда метавонанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 4-5 соли охир ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ диққати махсус медиҳад. Дар натиҷа ин соҳа босуръат тараққӣ мекунад. Шумораи занбӯрпарварон сол то сол дар мамлакат бештар мегардад, дар шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ярамарка, намоишгоҳҳова фурӯши асал баргузор мегарданд. Президенти ҷумҳурӣ дар онҳошахсан ва фаъолона ширкат варзида, асалҳоизанбӯрпарварони гуногунро чашида, бо занбӯрпарварон сӯҳбат карда, аз муваффақияту мушкилоти кори онҳо хабардор мегардад.

Ман дар чунин намоишгоҳҳо бисёр вақт ҳамроҳи Сарвари давлат мардиқоматбаландиришсиёҳ вамиёнасолро мебинам, ки нисбат ба дигарон дар бораи асалбисёртар сухан меронад. Сӯҳбати ӯ бо президент асосан хусусияти дӯстона дорад.

Ба ман муяссар гардид, кибо ин шахс аз наздик шинос шавам. Ӯ шахсихушсӯҳбат буда, табассум аз лабонаш дур намешавад ватаваҷчӯҳи ҳамсӯҳбаташро хеле зуд ба худ ҷалб менамояд. Ӯ дар бораи асал соатҳо сӯҳбат карда метавонад, дар ин маврид чашмони ӯ ба таври махсус ҷило медиҳанд. Ва ҳамсӯҳбаташ боварӣ ҳосил мекунад, киӯ сирру асрори касби худро ба хубӣ медонад. Ин шахс аз 54 соли умри худ дар давоми 35 сол базанбӯрпарварӣ машғул аст.

Ҳоҷиистам Исломов сокини ҷамоати Ёваиноҳияи Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон занбӯрпарвари машҳур ва устодикасби худ мебошад.

Вай ба ман фаҳмонд, киоруи асал махлуқиниҳоят мукаммал ваҳайратовар аст. Чашмони ӯ ҳар чизро 60 баробар калон карда нишон медиҳанд. Оруи асал бӯи гулҳоро аз масофаияк километр ҳис мекунад. Оруи асал зимни парвоз дар як дақиқа 500 маротиба пар мезанад. Масофаи байни хонаи худ вагулҳоро аниқ муқаррар намуда, баъди ҷамъ овардани гарди гул айнан бо ҳамон роҳ ба хонаи худ бар мегардад. БақавлиҲоҷиистам Исломов, оруи асал зимни рафту бозгашт умуман хато намекунад.

Оилаи занбури асал таҳти роҳбарии модаршоҳ давлати кӯчак ва муташаккили идорашавандае мебошад, ки қонунҳова тартиботи худро дорад. Дар ин давлати кӯчак ба иҷрои қонунҳо ва тартибот оруҳоипосбон, коргар, бинокор ва меъморон назорат мекунанд. Оруҳои коргар вазъи ҳарорати хонаро назорат мекунанд. Дар мавриди аз меъёри муқаррарӣбаланд шудани ҳарорати ҳавооруҳо боҳавои пари худ ҳамчун дастгоҳитасфияи ҳаво ҳарорати дохили хонаро ба ҳадди эътидол меоранд. Як қисми оруҳоаз гарди гул асал ҳосил мекунанд.

Дар китоби муқаддаси Қуръонсураи «Алнахл»мавҷуд аст, ки 128 оят дорад. Дар он гуфта шудааст: «Худои таолоба занбӯр фармуд, ки «Дар кӯҳҳо ва дарахтон барои худ хона соз мислитамоми махлуқоти дигар (ояти 70), сипас аз ҳар гуна неъмати ҷангал барои худ ғизо бардор ва бо роҳи ҳидоятнамудаи Худои хеш бирав. Аз аъзоидохилиионҳо ғизои дорои рангҳои гуногун бурун ояд вашифои дарди инсон бошад. Ин барои одамон дарси ибрат мебошад, кироҳи ҳидояти Оллоҳро пеш гирифтаанд».(ояти 71).

Дар бораи хосиятҳои шифобахшии асал бисёрҳо гуфта ва навишта шудааст. Асал ягонағизоиқавӣ мебошад, киферменти рибоза дорад. Ферменти мазкур танҳо дар организми зинда мавҷуд аст. Асал ғизои ягона мебошад, китаркиби он микробҳои гуногуни зарарнок роҳ ёфта наметавонад. Дар таркиби асал витаминҳое мавҷуданд, ки дар ягон маводи дигари ғизоӣ вуҷуд надоранд. Инсон дар давоми ҳазорҳо сол роҳи тайёр кардани асалро бе занбӯри асал наёфтааст.. Асал мӯъҷизаи илоҳиест, ки давои ҳазорон бемории инсон мебошад.

Дар як оилаи занбӯри асал таҳти роҳбарии модаршоҳ то 55-60 ҳазор ору зиндагӣ ва меҳнат мекунад. Оруҳо барои модаршоҳи худ шираи махсус тайёр мекунанд.Модаршоҳ бояд хеле қавӣ, тобовар васернасл бошад. Ӯ дар як шабонарӯз аз 2 то 2,5 ҳазор тухм мегузорад. Модаршоҳи заиф ва беморроиваз кардан лозим аст.

Ҳоҷиистам Исломов дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ чандин маротибадар мусобиқаи сотсиалистии занбӯрпарваронғолиб омада буд. Вай ҳаттоаз рӯи натиҷаҳоимусобиқаи ҷумҳуриявии занбурпарварон бо мошини сабукрави «Жигулӣ» мукофотонида шуда буд.

Ҳоҷиистам Исломов нақл мекунад, ки дарзамони шӯравӣ занбӯрпарварӣ чӣ дар вилояти Суғд ва чӣ дар мамлакат хеле тарақкӣ карда буд. Валедар ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта ин соҳа бар асари ҷанги дохилӣ тақрибан аз байн рафт. Баъди баъдидар мамлакат барқарор шуданисулҳ ва созгории мардум соҳаи занбӯрпарварӣ бо ташаббус ва дастгирии президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аз нав тадриҷан барқарор карда мешавад. Имрӯз ҳазорон нафар одамон ба ин корипурифтихору фоидаовар машғуланд. Худи ман дар давоми чанд соли охир бештар аз 30 шогирд тайёр кардам, ки ҳоло ҳар кадоми онҳо аз 200 то 400 оила занбури асал дорад.

Истам Исломов дар дохили мамлакат ва берун аз он бисёр сафар карда, таҷрибаи худро дастраси занбӯрпарварон мегардонад ва худтаҷрибаи онҳоро меомӯзад. Вай соли 1982 ҳамчун занбӯрпарвари пешқадам барои иваз кардани таҷриба ба ИристониШимолӣ фиристода шуда буд. Вай аз инсафар 10 сар модаршоҳиҷинси қафқозӣ овард, кибохӯлқу хӯи оромомона вамаҳсулнокиашон фарқ мекунанд.

Меҳри касб ва ҷустуҷӯи зотҳои беҳтарини занбӯри асалҲоҷиистамросоли 1988 ба вилоятиПавлодари Ҷумҳурии Қазоқистон ва баъданба вилояти Краснодари Федератсияи Русиябурд. Вай зимни сафарҳо боварӣ ҳосил намуд, ки ҳосилнокии оилаи занбӯрҳои асал бевосита бамодаршоҳ, зот он ва тобовариион баҳавои сарду гарм вобаста мебошад. Ҳоҷиистам ниҳоят соли 2004 бо кӯмаки рафиқи ҳамкасбаш Илҳомҷон аз ноҳияи Спитамен зоти нави модаршоҳро ба даст овард. Онро занбӯрпарварони тошкандӣ аз Украинаи Ғарбӣ ба Ӯзбекистон оварда буданд.

-Айни ҳол ҳамаи оилаҳои занбӯри асали ман аз ҳамин модаршоҳ ба дунё омадаанд. Онҳоранги хокистарӣ дошта почаҳояшонсурх ва нешашон дарозтар мебошанд. Чунин занбӯрҳо ба ҳавои сарди зимистон, ҳавои гарми тобистон ва бемориҳо тобовар буда, рафтори орму осуда доранд ва хеле сермаҳсул буда, фасли баҳорон хеле барвақт ба кор сар мекунанд. Хусусияти асосии чунин занбурҳосерҳосилии онҳост.

И.Исломов соли 2005 ҳамчун мутахассиси варзидадар анҷумани 39 – уми байналхалқии занбӯрпарварон иштирок намуд, ки дар шаҳри ДублиниИрландия баргузор гардид. Мавсуф соли 2007 дар анҷумани 40 -уми байналхалқии занбӯрпарварон дар шаҳри Мелбурни Автсралия иштирок дошт. Вай дар ҳузури иштирокчиёни анҷуман дар бораи фаъолияти занбӯрпарварони Тоҷикистон нақл карда, дар фарҷоми суханаш бараиси Созмони байналхалқии занбӯрпарварон, ҷанобиЛитипер қолинчаеро бо акси ӯ тӯҳфа кард. кидар корхонаи қолинбофии Қайроққум бофта шуда буд. И.Исломов дар ҷараёни анҷуман аз мамлакатҳои гуногун дӯстони нав пайдо карда, бо таҷрибаи онҳо шинос шуд.

Фасли тирамоҳисоли2005 яке аз дӯстони нави Ҳоҷиистам Исломов шайх Файз Муҳаммад Абдулоҳ Алқисомӣаз шаҳри Маккаи Арабистон Саудӣӯроба меҳмони даъват карда, хоҳиш намуд, китаҷрибаи худро ба коргаронаш омӯзад. Шайх соҳибикорхонаи хусусии парвариши занбӯр ваистеҳсоли асали«Алнаҳл улҷавол» мебошад. Истам Исломов дар давоми се моҳ бо фаъолияти занбӯрпарварони Арабистони Саудӣ шинос шуда, таҷрибаи худро ба онҳо омӯхт. Сафари ӯ ба Арабистони Саудӣ ба моҳи муқаддаси Зулҳиҷҷа – моҳи зиёрати Каъба рост омад ва ӯаз имконияти мусоид истифода бурда, маросими ҳаҷро бо тамоми шартҳояш иҷро намуд васазовори унвони ифтихории «Ҳоҷӣ» гардид.

- Дар Арабистони Саудӣ асалро боусулҳои қадимаи бобоӣдар сӯрохиикундаи дарахтонбечаҳорчӯба ба даст меоранд. Дар чунин шароит оилаи занбӯрони асалроназорат кардан душвор аст. Дар ин мавридба вуҷуд омадани оилаҳои нави занбӯри асал имконпазир мегардад. Истифодаичаҳорчӯба назорати оилаҳои занбӯри асалро хеле осон мегардонад. Дар натиҷадар мавриди зарурат оруҳоро табобат кардан ё ғизо додан осонтар аст. Дар Аврупо ва Амрико низзимни парвариши занбӯри асал аз чорчӯба истифода мебаранд. Вале қуттиҳоизанбӯри асали онҳо бисёрқабата мебошанд. Ин масоҳати нисбатан камтарро ишғол менамояд. Ман қарор додам, ки ин навигариро дар Тоҷикистон истифода барам.

- Ҳоҷӣ, бигӯед, ки Шумо азҳамкасбони араби худ чиро омӯхтед?- пурсидам аз ӯ.

-Бояд гуфт, китаҷрибаи занбӯрпарварони араб ба таҷрибаи мо баробар шуда наметавонад. Ман,бар акс таҷрибаи худро ба онҳо омӯхтам. Шайх пешниҳод кард, кидар шаҳри Макка кор кунам. Вай ваъда дод, ки маро бо маоши хуб, хонаи алоҳида ва мошини хидматӣ таъмин мекунад. Ӯ ба ман пешниҳод намуд, киба занбӯрпарварони маҳаллӣроҳбарӣ кунам. Вале ман ин пешниҳодроқабул карда натавонистам.Зеро дар Тоҷикистон маро аҳли оила, фарзандон ва падари кӯҳансолам интизор буданд.

Чизе, ки ман аз шайх Файзмуҳамад омӯхтам- ин табобатибаъзе бемориҳо , аз ҷумла буғумдард, дарди миён,фалаҷ, калолати забон ва бемориҳои дигар бо роҳи нешзании занбӯри асал мебошад. Табиб дар рӯзи аввал беморро бояк занбур газонда, шумораи занбӯрро ҳар рӯз яктои зиёд карда, то 11 занбур мерасонад ва баъд шумораи онро ҳар рӯз баракс яктоӣ кам мекунад. Ҳамин тариқ дар давоми 22 рӯз шахси бемор бо 132 занбӯр газонда мешавад. Бо ин роҳ бемориҳои зикршударо бомуваффақият табобат кардан мумкин аст.

Ҳоҷиистам бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии раиси Ассотсиатсияи занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Т.Шоев дар ҳайати гурӯҳи занбӯрпарварони ботаҷрибаи вилояти Суғд барои иваз кардани таҷриба ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон сафар кард.

Вай зикр намуд. ки бори аввал ба ин ноҳияҳо омадааст. Шароити ин ноҳияҳо барои парвариши занбӯр ниҳоят мувофиқ мебошад. Мо дар вилояти Суғд қуттиҳои занбӯри асалро дар мавсим 3-4 бор аз як ҷой ба ҷои дигар мебарем. Фасли тобистон қуттиҳои занбӯри асал ба дараҳои кӯҳистон ва фасли тирамоҳ ба наздипахтазор оварда мешаванд. Вале дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ қуттиҳои занбӯри асал тамоми фаслҳои сол дар як ҷой нигоҳ дошта мешаванд. Инхароҷоти маблағвақувваро хеле кам мекунад. Дар ин маҳалҳо бемалол аз ҳар оилаи занбӯри асал камаш 50- 60 килограмм асал гирфтан мумкин аст. Ин бароиҷумҳурии мо натиҷаи хуб мебошад, ҳол он ,ки занбӯрпарварони Русия аз ҳар оилаизанбӯри асал то 80- 100 килограм асал мегиранд. Занбӯрпарварони Ховалинг ва Балҷувоназ Ҳоҷиистам хоҳиш карданд, ки то охири солба онҳо500 оилаи нави занбӯри асал фиристад.

Дар бисёр давлатҳо. аз ҷумла Ирландия, ИМА, Фаронса, Олмонва ғайрабарои занбӯрпарварон имтиёзҳои муайяндода мешаванд. Мардумдар ин мамлакатҳо ба қадри заҳмати занбӯрпарварон мерасад. Соҳибонибоғҳо ва киштзор аввали сол бо занбӯрпарварон дар бораигузоштани қуттиҳои занбӯри асал дар назди боғу киштзор қарордод имзо мекунанд. Ин, бешубҳа, ба манфиати худи онҳост. Зеро маълум аст, кизанбӯри асалгули дарахтонро бордормекунад. Дар натиҷа ҳосилнокии ҳар гекар 35-40 фоиз меафзояд. Вале вазъият дар Тоҷикистони мо ба куллӣ баръакс мебошад. Роҳбароникамсавод ва бесаводихоҷагиҳои кишоварзӣ бисёр вақт ба мо иҷозат намедиҳанд, ки қуттиҳои занбӯри асалро дар назди боғҳо ё киштзори онҳо гузорем. Барои инвақти зиёд сарф мешавад. Онҳо намефаҳманд, кизанбӯри асалдар ҷараёни ҷамъоварии гарди гул гули пахтаро бордор менамояд. Ба туфайли ин ҳосили пахта камаш 30 фоиз зиёд мешавад.

МанбоҲоҷиистам Исломов сӯҳбат карда, хулоса баровардам, ки маҳз ба шарофати чунин одамонифидокору меҳнатдӯст мамлакати мотараққӣ карда, ободу зеботар мегардад.

Ҳоҷ

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(1)
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250